Мо ҳар рӯз дар соати озод аз вохӯриҳо ба мағозаҳо медароем. Ман бештар шӯъба ва мағозаҳои кӯдакона мекобам. Ман бештар шӯъба ва мағозаҳои кӯдакона мекобам. Молу маҳсулоти хушнамуд ва босифат кам нест. Имрӯз вохӯрии аввали мо, ки бояд соати 10 ба вақти Варшава сурат мегирифт, ба вуқӯъ напайваст. Мо то соати 12:40 фурсати озод доштем. Ман ҳамкасбони худро аз Қирғизистон ба яке аз калонтарин мағозаи Варшава бурдам. Ҳайати Тоҷикистон аз дигарон дида “аврупоитар” аст, зеро 1 рӯз қабл аз дигарон ба Варшава расидем.
Тахфифҳои тирамоҳӣ ба бачаҳо форид. Ҳар кадоме бо 1–2 борхалта ба меҳмонхона баргаштем.
Дар вохӯрии дуюм ба ҷойи сӯҳбат бо муҳаррири “Gazeta wyborcza” – Roman Imielski як намояндаи маҳаллии бунёди Сорос бо мо вохӯрд. Ӯ қаблан намояндаи байналмиллалӣ дар интихобот ба чандин давлат, аз он ҷумла ба Тоҷикистон ҳам рафта будааст. Маълумоти зиёд дорад, шарҳу тафсири зиёде кард. Ӯ тифоқ ва ҳамфикр набудани мардуми моро бо як мушоҳидаи худ баён кард: “Он ҷо мардум наметавонанд, ки ба ҳам омада, даромадгоҳи бинои истиқоматии худро тоза кунанд. Хонаҳо таъмири аврупои дораду даромадгоҳҳо пури ахлоту партов аст”.
Бо ҳамин мисол фаҳмонд, ки мо дар рӯ ба рӯи ҳама қонуншиканиҳо ба ҳам омадаву муттаҳид шуда наметавонем.
Ба суоли ман дар мавриди интизорӣ ва пешгуи дар мавриди интихоботи президентии соли 2013 дар ҶТ ҷавоб нагуфт. “Ҳоло самти фаъолияти ман дигар аст” – гуфт.
Маълум шуд, ки чанд тан аз ҳамроҳони мо таҷрибаи назоратии чӣ дар интихоботро, ҳатто берун аз кишвари худашон доштаанд. Ҳар яки онҳо камбудӣ ва қонуншиканиҳоро дар рафти интихобот ба ёд овард. Он нафар, ки ба омӯзиши Осиёи Марказӣ машғул будааст, дар бораи пешрафту камбудиҳои ҳама гуфт.
Баъди ин вохӯрӣ бачаҳо мисли ҳаррӯза ба мағозаи гирду атрофи кӯчаи асосии Варшава тақсим шуданд. Ман ба Тоҷикистон занг задам, то садои азизтарин нафаронамро шунавам…
Вохӯрии мо, ки боз ҳам дар идораи Бунёди Ҳамраҳии Полша – Чехия ва Словакия мегузашт бо муҳаррири маҷаллаи SUKCES (Успех – Комёбӣ) Bartow Weglarczyk сурат гирифт. Ин маҷалла, ки аз ҳаёту фаъолияти нафарони комёб ва сарватмандони Полша менависад, аз соли 1980 нашр мешудааст. Ҳар моҳ дар 140 саҳифа маводи шавқовар ба табъ мерасад.
Мавзӯъҳо барои сӯҳбату саволҳо гуногун буд. Ман бори аввал медидам, ки муҳаррири 1 маҷалла ин қадар дониши фарроҳи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дорад.
Мисли рӯзҳои дигар ва чун вохӯриҳои қаблӣ ҳамкасбони Осиёи Миёнагии мо ба маоши кормандон ҳам таваҷҷӯҳ карданд. Ӯ гуфт, ки ин маҷалларо се нафар таҳия мекунанд ва кормандони ӯ бештар аз $1000 маош мегиранд.
Баъди анҷоми вохӯрӣ мо раҳораҳ бо тарҷумон ва гид Саша атрофи масъалаи харидани хона ва оиладорӣ бо духтарони Полша сӯҳбат кардем. Ӯ гуфт, ки дӯстони қолинфурӯши ӯ дар Полша аввал ширкати хусусии худро кушода баъди маблағи муайяне ёфтан, хона хариданд ва ҳоло дар он ҷо худро дар қайд гузоштанд. Дар мавриди зангирӣ бошад, ӯ гуфт, ки аввал бояд бо духтари полшагӣ ақди никоҳ бубандӣ (Агар ӯ розӣ шавад!). Баъди ин ба ту 3 сол ҳуқуқи дар Полша зистанро медиҳанд. Баъди гузаштани 3 сол ту метавонӣ бо ариза ба мақомоти дахлдор муроҷиат карда, соҳиби шаҳрвандии Полша шавӣ.
Саша нақл кард, ки ҳоло дар Полша ветнамиҳо зиёданд. Аз Белорусия, Русия ва Украинаи ҳамсоя ҳам полякҳо ба ин ҷо омада будаанд ва чун гурезаи сиёсӣ дар Полша ҳудуди 1000 нафар чечен ҳам зиндагӣ мекардааст. Ман чанд рӯз пештар ҷустуҷӯ карда, ягона масҷидро дар Варшава пайдо кардам. Дар чанд рӯзи боқимонда фурсат ёфта, ҳатман ба масҷид меравам. Ҳамчунин дар нақшаҳои ояндаи мо рафтан ба институти Коперник, боғи шоҳӣ ва боҳи ҳайвонот низ ҳаст.
Рӯзҳои шанбе ва якшанбе мо истироҳат дорем. Бачаҳо аз фурсат истифода бурда, ҳатто ба давлатҳои ҳамсояи Полша рафтанианд. Гулим аз Қазоқистон аллакай билети қатораро то Берлин харидааст.
Ману Наргису Манижа нав маслиҳат кардем, ки пагоҳ агар насиб карда бошад, баъди вохӯриҳо ба Чехия, ба шаҳри Прага равем.
Мо визаи аврупоӣ дорем – ку! Боз дигар, ин гуна фурсати мувофиқ кай фаро мерасад?
Давоми сафаргуфтаҳои маро пагоҳ мехонед. То пагоҳ!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Коперник, Манижа, Наргис, Чехия, истироҳат |












Добавить комментарий