Пешниҳод (11)

Ин ки санҷишу тафтишҳо дар субъектҳои хоҷагидори кишвари мо як мавзуъи дарднок аст, гапи нав нест. Аз онҳо на фақат соҳибкорону масъулоне метарсанд, ки кадом қоида ва тартибро вайрон кардаанд, балки ҳатто ҳамонҳое ҳам ҳарос доранд, ки кору фаъолияташон комилан дурусту қонунӣ аст ва агар кадом камбудие ҳам доранд, ҷузъӣ ва камарзиш аст. Ин ҳам гапи куҳна аст. Ҳоло андешаи он, ки “санҷишгарон ҳатман камбудӣ меёбанд…”,  масъулини ниҳоду коргоҳу ширкатҳоро ҳатто пештар аз оғози он санҷиш маҷбур мекунад ба қавли момаи Иззатмоҳ, ки “асошона ба рӯшноӣ бзананд…”

Мушоҳида мешавад, ки ҳоло ҳамон нозироте, ки санҷишашон на барои ҷаримаву бастани кадом ниҳод, балки  бояд фақат барои ошкору мушаххас ва бартараф кардани камбудӣ бошад, як навъ талош ҳам мекунанд, ки дар коргоҳу ширкатҳо онҳоро ба қавле “дигар хел” қабул кунанд ва ё аз онҳо тарсанд. Ба ҳар сурат ба назари ман ҳамин гуна метобад. Ин дар ҳолест, ки дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”  омадааст: Читать далее →

Дар ҳошияи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Дар сӯги Бозор Собир (17)

Дар сӯги Бозор Собир (16)

Дар сӯги Бозор Собир (15)

Дар сӯги Бозор Собир (14)

Дар сӯги Бозор Собир (13)

Дар сӯги Бозор Собир (12)

Дар сӯги Бозор Собир (11)

Дар сӯги Бозор Собир (10)

Дар сӯги Бозор Собир (9)

Дар сӯги Бозор Собир (8)

Дар сӯги Бозор Собир (7)

Дар сӯги Бозор Собир (6)

Дар сӯги Бозор Собир (5)

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти