Пешниҳод (11)

Ин ки санҷишу тафтишҳо дар субъектҳои хоҷагидори кишвари мо як мавзуъи дарднок аст, гапи нав нест. Аз онҳо на фақат соҳибкорону масъулоне метарсанд, ки кадом қоида ва тартибро вайрон кардаанд, балки ҳатто ҳамонҳое ҳам ҳарос доранд, ки кору фаъолияташон комилан дурусту қонунӣ аст ва агар кадом камбудие ҳам доранд, ҷузъӣ ва камарзиш аст. Ин ҳам гапи куҳна аст. Ҳоло андешаи он, ки “санҷишгарон ҳатман камбудӣ меёбанд…”,  масъулини ниҳоду коргоҳу ширкатҳоро ҳатто пештар аз оғози он санҷиш маҷбур мекунад ба қавли момаи Иззатмоҳ, ки “асошона ба рӯшноӣ бзананд…”

Мушоҳида мешавад, ки ҳоло ҳамон нозироте, ки санҷишашон на барои ҷаримаву бастани кадом ниҳод, балки  бояд фақат барои ошкору мушаххас ва бартараф кардани камбудӣ бошад, як навъ талош ҳам мекунанд, ки дар коргоҳу ширкатҳо онҳоро ба қавле “дигар хел” қабул кунанд ва ё аз онҳо тарсанд. Ба ҳар сурат ба назари ман ҳамин гуна метобад. Ин дар ҳолест, ки дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”  омадааст:

Мақсади гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор кам намудани таваккал барои саломатии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти ҷомеа, ҳифзи моликият тавассути таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор дар раванди амалӣ намудани фаъолият мебошад.

Яъне, дар ин санади ҳуқуқӣ наомадааст, ки мақсади асосӣ ва аввали мақомоти санҷишгар ҷарима бастани субъектҳои хоҷагидор аст. Агар он ногузир аст, пас фикр мекунам дар ҳолати комилан риояи нашудани тартиботи мавҷуда, дағалона вайрон сохтани талаботи муҳимтарин ва камбудиҳои барзиёд дар он самт бояд татбиқ шавад.

Агар хеле соддаву омиёна гуем, ҳамон корманди БДА дар роҳ агар мошини моро барои риоя накардани кадом талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ нигоҳ дошту хатои моро фаҳмонд, мо ҳатман маротибаи дигар он хаторо содир намекунем. Вале вақте ки ронанда фақат барои ҷарима баста шудан нигоҳ дошта мешавад, ҳамон раванди оммавӣ кардани риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо камтаъсир ва ҳатто бетаъсир мешавад. Ин фақат як мисол буд.

Вобаста ба санҷишҳо ҳам ҳаминро метавон гуфт. Дар фосилаи аз ин санҷиш то санҷиши дигар шояд ба маврид ва натиҷабахш мешуд, ки мақомоти дахлдор як силсилаи суҳбату машваратҳоро бо намояндагони субъектҳои хоҷагидор баргузор мекард. Ба андешаи ин ҷониб маҳз ҳамин тасмим баёнгари он мебуд, ки мақсади санҷишҳо фақат ҷаримабандӣ набуда, балки пешрафти кор, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ба даст омадани натиҷаҳои беҳтар ва боло рафтани сатҳи зиндагии кормандон аст. Ҳоло бошад, аксаран мушоҳида мешавад, ки ҳатто худи нафароне, ки ба санҷиш меоянд, аз он ки ҳама талаботро субъекти хоҷагидор риоя карда истодааст ва камбудии ҷиддие надоранд, як каме зиқ ҳам мешаванд. Шояд будани кадом уҳдадориву плану супориш ҳам инҷо нақш дошта бошад, аммо ба ҳар сурат дар замоне, ки барои ҳама субъектҳои хоҷагидор мушкилу вазнин аст, вақте ки ҳар ҷойи корӣ то ҳадди имкон бояд нигоҳ дошта шавад, замоне, ки буҳрони молиявӣ ва омилҳои дигар монеъи рушди соҳибкорону доираҳои тиҷоратӣ шудааст, хаёлам муҳимтар аз ҳама дастгирии доираҳои соҳибкорӣ аст.

Агар ба моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” таваҷҷӯҳ кунем, як нуктаи хеле муҳиме, ки мо ба он дар оғози ин мавод ишора кардем, гуфта шудааст. Онҷо комилан фаҳмо оварда шудааст, ки санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аввалтар аз ҳама иборат аст аз машваратдиҳӣ ба субъектҳои хоҷагидор оид ба масъалаҳои коҳиш додани  таваккал ва амалигардонии фаъолияти онҳо мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои чорабиниҳои дигаре, ки ба пешниҳоди иттилоот дар хусуси пешгирии риоя накардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  равона шудаанд;

Аммо тавре ба мушоҳида мерасад, мақомоти санҷишгар қариб ҳамеша фикр мекунанд, ки дар санади санҷишии соҳибкор ё ширкату коргоҳ ҳатман бояд як села камбудиву нуқсону хато навишта шуда, ӯ (вай, он, онҳо) ҳатман бояд ҷаримабандӣ карда шаванд. Шояд камшумор аст, санҷишгару мақоми санҷишӣ, ки фикр кунанд ва ба ин розӣ бошанд, ки (лоақал маротибаи аввал!) машварат ва фаҳмондадиҳӣ ҳам як роҳи хубу таъсирбахши бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар кардани истеҳсолнокӣ аст.  Иловатан дар моддаи 15-и ҳамин қонун як ишора ба он шудааст, ки мақомоти санҷишгар бояд ба саволу пурсиши субъектҳои хоҷагидор ҳам тариқи телефон ва тариқи электронӣ ҷавоб гуфта, машварату тавсияҳоро дар ихтиёри онҳо гузоранд. Ҳоло бошад,  максимум санадро (ҳатто баъзан бе имзои маъул аз коргоҳу субъекти хоҷагидор)  дар идораи шумо мегузоранд ва чанде баъд варақае мефиристанд, ки шуморо барои пардохти ҷарима уҳдадор мекунад. Нуктаи дигари муҳими моддаи 15 ин аст, ки “Агар субъекти хоҷагидор мутобиқи машварат ва тавсияи ба тариқи хаттӣ пешниҳоднамудаи мақоми санҷишӣ амал намояд, пас барои ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат накардани амалҳояш ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.

Баъди гирифтани машварату тавсияҳои дурусти мақоми санҷишӣ субъекти хоҷагидор амалҳои худро ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ менамояд…”

Вале боз ҳам мушоҳида мешавад, ки мақомоти санҷишгар дар шахси ду се корманде, ки ба коргоҳу идораҳо фиристонида мешаванд, кушиш мекунад, ки субъекти хоҷагидор аз ҳамин нуктаҳои қонун огоҳ нашавад ва кадом талабу норозигиро ҳам дар миён нагузорад. (Шикоят кардани субъектҳои хоҷагидор баъди санҷишҳо аз руйи натиҷаҳои санҷиш бошад, мавзуъи тамоман дигар аст. Мушоҳида мешавад, ки фақат дар баъзе ҳолатҳо ин кор сурат мегирад. Эҳсоси тарс, эҳтимоли санҷиши иловагӣ ё такрорӣ ва боз чанд омилу фактори дигар соҳибкорро ҳатман ба “андеша кардан” водор мекунад!) Иловатан ҳамин гуна ҳам ба чашм мерасад, ки гуйё агар санҷишгар фақат ба машварат ва тавсияҳо маҳдуд шавад, эҳтимол аз роҳбарияти он мақом ба қавле “гап мешунавад”.

Бо ба ёд овардани ҳолатҳои болоӣ кас меандешад, ки оё зиёд бошанд, субъектҳои хоҷагидоре, ки тибқи талаботи моддаи 42 –и қонуни мазкур (Ҷуброни зарари ба субъектҳои хоҷагидор расонидашуда) аз  қарорҳои ғайриқонунӣ ё дигар амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ расонида шуда, аз ҷумла фоидаи аз даст рафта, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн гирифта бошанд?

Санҷиш албатта хуб аст, вале хуб нест, агар он фақат барои ҷарима  бастани коргоҳу ширкатҳо бошад, боз ҳам агар он санҷиш бори аввал аст, боз ҳам агар он субъект дар шароити кунунӣ ба дастгирӣ ниёз дошта бошад, боз ҳам агар дар он коргоҳу ширкат фақат ҷавонон кор кунанду таҷрибаи кофӣ надошта бошанд.

Бо назардошти ҳамин ПЕШНИҲОД мекунам, ки:

  • Тибқи санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки ҳастанд, мақомоти санҷишгар соле 1 ё 2 бор ақалан як корманди худро ба ширкату коргоҳҳо фиристонад, то бе тарсу ҳангомаи санҷишҳо ва дар шароити “орому бе таҳлука” онҳо ба кормандон дар мавриди тартиби муқарраргардида дар ҳамон самт, тағироте, ки дар ҳамон соҳа ба миён омадааст, заруриёт ва уҳдадориву ҳуқуқи ҳам ҷониби санҷишгар ва ҳам субъектҳои хоҷагидор суҳбат кунанд, машварат ороянд, ба саволашон ҷавоб диҳанд, тавсия бидиҳанд.(Бо назардошти авзои на ҳамеша хуби молиявии коргоҳу ширкатҳо маълум аст, ки онҳо наметавонанд аз хизмати ширкатҳои консалтингӣ, коршиносони мустақил ва мисли инҳо истифода кунанд!) Он вақт ҳам боварӣ бештар мешавад ва ҳам агар он субъект (дар санҷиши навбатӣ) ба хатову камбудӣ роҳ дод, ҳамон ҷарима, ки татбиқ мегардад, ба ибораи мардум “ҳалол” мешавад.

 

  • Бланкаи САНАД, ки дар дасти кормандони санҷишгар ҳаст, бигузор каме таҳрир шуда, ба ҳолатҳое ҳам, ки санҷиш кадом камбудиро ошкор накардааст, мутобиқ карда шавад. Барои мисол, дар як нусхаи санаде, ки мақомоти оташнишонӣ дорад, аз руйи ҳамон қолаби ҳамешагии санадҳо омадааст, ки “Мо ҳайати зерин ….дар ҳузури…..вазъи бехатарӣ аз сухтори фалон коргоҳро дар фалон сана дар асоси моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор….аз санҷиш гузаронида, дар рафти санҷиш як қатор камбудию норасоиҳоро вобаста ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор муайян кардем….” (ва баъд поинтар аз ҳамин ҷумла катакҳои холи гузошта шудааст, ки бояд пур шавад). Яъне, санҷишгари бечора дар ин намуди бланка (ки тахмин мекунам нусха ва формаи тасдиқшуда ва рақамгузошташуда нест!) дигар наметавонад, ки дар бораи ҷой надоштани камбудиву норасойӣ нанависад. Онҷо (ба ҷуз се-чор ҷумла пешниҳод!) ақалан дар мавриди огоҳӣ, машварат бо кормандон, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мисли ин ягон чиз оварда нашудааст.

 

  • Баъди ошкор шудани камбудиҳо дар коргоҳу ширкатҳо як муддат барои доираҳои соҳибкориву субъектҳои хоҷагидор фурсат дода шавад, ки онро ислоҳ кунанд. Вақте ки санад вобаста ба санҷиш бо нусхаи ҳуҷҷати ҷарима қариб ки якҷоя ба шуъбаи умумӣ меояд, фикр намекунам, ки варианти дурусту аз ҳама беҳтар бошад ва барои дилгармии соҳибкорону рушди соҳибкорӣ мусоидат кунад.

    Санчиш

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти