Пешниҳод (14)

Дарвоқеъ, таътили тобистона тавонистааст, ки як қадар оромиро дар самти гиру дору баҳсу ҷангҳои мактабӣ ва донишгоҳӣ ба миён орад. Шукр, ки чандест дар мавриди ҷангу кордкашии мактабиён ва донишҷӯён дар сомонаҳои хабарӣ наменависанд. Фикр мекунам набудани аксарияти донишҷуёну мактабиён дар шаҳр то ҷое ба ин чиз сабаб шудааст. Сабаби дигар шояд як каме натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯриву маҷлисҳо ва намоишномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бошад. Аммо ман дар мавриди вохӯрии намояндагони мақомот бо наврасону ҷавонон ва волидони онҳо назари дигар дорам, ки поёнтар ҳатман хоҳам гуфт…

Ман дар биное зиндагӣ мекунам, ки дар наздикии он ҷойи нишасту ҷамъшавӣ ва бозиҳои компютерии кӯдакону наврасон аст. Ҳар рӯз ман чизеро мушоҳида мекунам, ки шояд волидони аксарияти он гурӯҳи наврасон (ва устодони мактабии онҳо ҳам) набинанду надонанд. Ҳамаи он чиз нигаронкунанда, шубҳаовар, боиси таассуф ва ташвиш аст. Шабро дар ҷойи бозиҳои компютерӣ саҳар кардани наврас (ё як гурӯҳи наврасон) магар гапи андак аст? Роҳат ва бе монеа ба машруботу сигор дастрасӣ доштани онҳо магар боиси ташвиш нест? То соати 2 ва ё 3-и шаб дар даромадгоҳи кадом тарабхонаву майхона сари по нишастани наврасон магар оқибати хуб дорад?   Читать далее →

Пешниҳод (13)

Се-чор даҳсола қабл шояд касе фикр намекард, ки сарвари ширкату раиси коргоҳ чӣ ки бе маълумоти махсус ҳатто фурушандаи мағоза буда тавонад. Он замон мардум ба ҳадде тинҷу осуда буданд, ки дар мавриди хариду фуруш, арзонхариву қимматфурушӣ, бор овардану чизе ба куҷое бурдан қариб ки фикр намекарданд. Касе дастрасӣ ба васоити ахбори оммаи кишварҳои капиталистӣ дошт, адабиёт вобаста ба низоми тиҷорати бенақша ва бозориро хонда буд, касе имкон дошт ба он кишварҳо сафар кунад, шояд дар мавриди ширкатҳои хусусиву коргоҳҳои шахсӣ чизе медонист ва тасаввурот дошт.

Аммо мушаххас аст, ки мисли имрӯз ҳама дар мавриди савдову тиҷорату хариду фуруш фикр намекард. Ҳоло шояд ҳар дуюмин кас дар андешаи мағозаи худу нуктаи тиҷоратӣ, бизнесу савдову харидуфуруш  бошад. Бо дигар шудани сохтор, бо гузаштан ба иқтисоди бозорӣ, бо ба даст омадани имконияти тиҷорат ҳар каси ҳатто камсавод ҳам, ки мавқеъ, истеъдоди корчалонӣ ва савдову бозордорӣ дошт, рӯ ба тиҷорат овард. Онҳое, ки ҳудуди сӣ сол пештар оғоз карда буданд, аксаран имрӯз хеле муваффақу комёб ва сарватманд ҳам ҳастанд. Чанд нуктаро вобаста ба доираҳои тиҷоратӣ бо чашми оддӣ ҳам дидан мумкин буд:  Читать далее →

Пешниҳод (12)

Дар табобат ва шифоёбии бемор  тахшис ва мушаххаскунии сабабҳои маризӣ ва беморӣ чизи аз ҳама муҳим аст. Ин самт боз ҳам аз он ҷиҳат муҳим аст, ки аз нигоҳи иқтисодӣ ҳам даромаднок аст. Албатта барои онҳое, ки дар ин самт тавонистаанд озмоишгоҳ ё лабораторияи ташхисии хубе созанду тартиб ва муқаррароти дигарро дар ин самт риоя кунанд.

Вале ба назар мерасад, ки баъди як андоза аз миён рафтани зуҳуроти “тавсияи аптекаҳо” аз ҷониби духтурон, акнун зуҳуроти манфӣ ва бади дигаре ба миён омадааст, ки онро мешавад, зуҳуроти “тавсияи лаборатория” аз ҷониби духтурон гуфт….   Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти