Тазод (3)

Ҳамааш аз як хабар сар шуд, ки Тоҷикистон дар соле, ки рафт, ба хориҷи кишвар 1,5 миллион тонна семент содир кардааст. Ин хабар ҳамон фикри куҳнаро боз ба  сарам овард, ки «чаро  сементи кофӣ дошта бошем, арматураву обу сангу хоку қуму шағал аз худамон бошаду нархи хонаҳо дар сохтмонҳои наве, ки дар авҷ аст, паст намешавад?!»  Баъд ман мисли он ки ҳамеша дар барномаи саҳарии “Субҳи Ватан” ҳаст, хостам аз мардум назару андешаи онҳоро пурсам. Ва пурсидам. Пурсиш ин гуна буд, ки “Ба назари шумо кадом омил ё сабабҳои субъектививу объективӣ ба гаронии нархи манзилҳои истиқоматӣ оварда расонидааст? Чаро нархи хонаҳо дар баландошёнаҳои навсохт поин намеравад?” Мардум (шунавандаҳои радио) ба ин савол чӣ гуна ҷавоб гуфтанд, мо поинтар хоҳем гуфт…Аммо… Читать далее →

Пешниҳод (13)

Се-чор даҳсола қабл шояд касе фикр намекард, ки сарвари ширкату раиси коргоҳ чӣ ки бе маълумоти махсус ҳатто фурушандаи мағоза буда тавонад. Он замон мардум ба ҳадде тинҷу осуда буданд, ки дар мавриди хариду фуруш, арзонхариву қимматфурушӣ, бор овардану чизе ба куҷое бурдан қариб ки фикр намекарданд. Касе дастрасӣ ба васоити ахбори оммаи кишварҳои капиталистӣ дошт, адабиёт вобаста ба низоми тиҷорати бенақша ва бозориро хонда буд, касе имкон дошт ба он кишварҳо сафар кунад, шояд дар мавриди ширкатҳои хусусиву коргоҳҳои шахсӣ чизе медонист ва тасаввурот дошт.

Аммо мушаххас аст, ки мисли имрӯз ҳама дар мавриди савдову тиҷорату хариду фуруш фикр намекард. Ҳоло шояд ҳар дуюмин кас дар андешаи мағозаи худу нуктаи тиҷоратӣ, бизнесу савдову харидуфуруш  бошад. Бо дигар шудани сохтор, бо гузаштан ба иқтисоди бозорӣ, бо ба даст омадани имконияти тиҷорат ҳар каси ҳатто камсавод ҳам, ки мавқеъ, истеъдоди корчалонӣ ва савдову бозордорӣ дошт, рӯ ба тиҷорат овард. Онҳое, ки ҳудуди сӣ сол пештар оғоз карда буданд, аксаран имрӯз хеле муваффақу комёб ва сарватманд ҳам ҳастанд. Чанд нуктаро вобаста ба доираҳои тиҷоратӣ бо чашми оддӣ ҳам дидан мумкин буд:  Читать далее →

Пешниҳод (11)

Ин ки санҷишу тафтишҳо дар субъектҳои хоҷагидори кишвари мо як мавзуъи дарднок аст, гапи нав нест. Аз онҳо на фақат соҳибкорону масъулоне метарсанд, ки кадом қоида ва тартибро вайрон кардаанд, балки ҳатто ҳамонҳое ҳам ҳарос доранд, ки кору фаъолияташон комилан дурусту қонунӣ аст ва агар кадом камбудие ҳам доранд, ҷузъӣ ва камарзиш аст. Ин ҳам гапи куҳна аст. Ҳоло андешаи он, ки “санҷишгарон ҳатман камбудӣ меёбанд…”,  масъулини ниҳоду коргоҳу ширкатҳоро ҳатто пештар аз оғози он санҷиш маҷбур мекунад ба қавли момаи Иззатмоҳ, ки “асошона ба рӯшноӣ бзананд…”

Мушоҳида мешавад, ки ҳоло ҳамон нозироте, ки санҷишашон на барои ҷаримаву бастани кадом ниҳод, балки  бояд фақат барои ошкору мушаххас ва бартараф кардани камбудӣ бошад, як навъ талош ҳам мекунанд, ки дар коргоҳу ширкатҳо онҳоро ба қавле “дигар хел” қабул кунанд ва ё аз онҳо тарсанд. Ба ҳар сурат ба назари ман ҳамин гуна метобад. Ин дар ҳолест, ки дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”  омадааст: Читать далее →

1 марти соли 2011

   Бахор хам омад! Харчанд хама медонад, ки холо мумкин аст, ки хатто барф низ биборад, харчанд хама селобу харобихои бахори гузаштаро ёд дорад, аммо ба хар сурат ин фаслро интизор мешаванд…Хаёлам, ки он умед дорад, тароват дорад, гулрези дорад… Огози Бахорро барои хамаи Шумо самимона муборак мегуям! Мехостам, ки он огози сарсабзи ва барору саъодататон бошад!!!

Имруз дар мавриди  пешгуихо, маслихати муфаттишон ба кормандони ТВ, андозбанди ва лиму, матоъ ва иффат, кори Радио ва аксияи нави кормандони ТВ-хо навиштам! Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти