Дар табобат ва шифоёбии бемор тахшис ва мушаххаскунии сабабҳои маризӣ ва беморӣ чизи аз ҳама муҳим аст. Ин самт боз ҳам аз он ҷиҳат муҳим аст, ки аз нигоҳи иқтисодӣ ҳам даромаднок аст. Албатта барои онҳое, ки дар ин самт тавонистаанд озмоишгоҳ ё лабораторияи ташхисии хубе созанду тартиб ва муқаррароти дигарро дар ин самт риоя кунанд.
Вале ба назар мерасад, ки баъди як андоза аз миён рафтани зуҳуроти “тавсияи аптекаҳо” аз ҷониби духтурон, акнун зуҳуроти манфӣ ва бади дигаре ба миён омадааст, ки онро мешавад, зуҳуроти “тавсияи лаборатория” аз ҷониби духтурон гуфт….
Дар замони зуҳури ширкатҳои фармасевтӣ ва акнун лабораторияҳои мухталиф ҳамзамон як раванди нохуб ва ҳатто як каме ҷиноии мавкеъ ёфтан, мизоҷ ҷамъ кардан, даромад ба даст овардани онҳо шуруъ шуд. Шумо ҳам фаромуш накардаед, ки як вақт духтур дар қатори дору ба шумо дорухона (аптека)-ро ҳам тавсия медод. Бо талошҳои мақомоту сохторҳои марбута ҳоло акнун ба мушоҳида мерасад, ки ҳамин раванд қариб аз миён рафтааст. Ҳарчанд маълум аст, ки ба беморон даркору нодаркор навиштани ҳамон доруҳои қиммат, ки ивазкунандааш ҳатман дар бозор ҳаст, аз миён нарафтааст. Акнун дигар барои ширкатҳои фармасевтӣ муҳим нест, ки духтур ҳатман дорухонаро тавсия диҳад, муҳим он аст, ки духтур он доруро дар варақаи махсуси аз ҳамон ширкат гирифтааш нависад. Бемор аз ҳар куҷое ҳам ки харид, ширкати дорусозӣ ва воридкунанда манфиат мебардорад…
Барои дарки ин ҳол тадқиқоти густурдае ҳам лозим набуд ва нест, фақат кофӣ аст, ки шумо ба чанд нукта дар утоқи кории духтур таваҷҷуҳ кунед. Вақте дидед, ки дар тани духтур хилъате бо ному логотипи ким кадом ширкати дорусозӣ ва ё озмоишгоҳ аст, вақте дидед, ки ӯ доруро на дар варақаи тасдиқкардаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, балки дар давохатҳои сифатан беҳтару рангаи кадом ширкат менависад ва он аз чанд варақ иборат аст, вақте ки ҳатман рақами телефони шуморо мегираду баъдим як рӯз занг мезанад…..фаҳмед, ки созише шояд лафзиву хаттӣ инҷо миёни духтур ва кадом намояндаи ширкатҳои фармасевтиву озмоишгоҳе мавҷуд аст. Иловатан тахмин мекунам, ки мардум (ва мақомот!) дар мавриди тақдими телефону ноутбуку яхдону боз ким кадом тӯҳфаи дигар ба баъзе духтурони “фаъол” медонанд…(ва шояд шоҳиди зиёфатҳои ҳамин гуна ширкату озмоишгоҳҳо дар кадом тарабхонаи шаҳр ва дар дараи Варзобу Ромит ҳам шуда бошанд!)
Агар аз ин бигзарему ба ташхиси тиббӣ таваҷҷуҳ кунем, чизе монанд ба вазъи дар боло оварда шударо мебинем. Мо чанд рӯз пештар модарамонро барои ташхис ба Душанбе оварда будем. Ахволашон хуб нест, пойҳо варамида ва гаштугузорашон ба сахтӣ аст…Моро ба озмоишгоҳи ДИАМЕД равон мекунанд, то чанд намуди ташхисро гузарем. Онҳо (дар шаҳрчаи тиббӣ) рӯзи 28 июн бар ивази 220 сомонӣ ваъда медиҳанд, ки натиҷаи ташхисро фардо соати 17 омода мекунанд. Яъне, агар ҳоло соат 10-и субҳ бошад, натиҷаи ташхис баъди 31 соат маълум мешавад. Майлаш. Мо бо мувофиқа бо бонуи масъул рӯзи шанбе меоем. Ғайри интизори мо натиҷаи ду намуди ташхис маълум нашудааст. Ҳамон ду намуди ташхис (биокимиё ва қанди хун), ки бе он духтур наметавонад дору тавсия диҳад (Тасаввур кунед, ки дар ин ҳол бемор рӯ ба раҳми Худо хоб аст….) Он бону, ки фақат натиҷаҳоро аз компютер пайдо карда, чоп мекунад, наметавонад сабаби ин саҳлангорӣ ва иҷро накардани ӯҳдадориҳои озмоишгоҳи худро шарҳ бидиҳад. Ман бо исрор талаб мекунам, ки бароям рақами телефони касеро аз роҳбарони Диамед бидиҳанд. Як рақамеро он бону (ки аз пул гирифтану натиҷаи ташхисро дар як варақа доданаш хеле монанд ба фурушандаи мағоза буд!) ба ман дод. Он рақам фақат баъди зангҳои ба такрори ман ҷавоб дод. Ҳамсуҳбати ман, ки бонуи дигаре буд, низ натавонист ба ман фаҳмонад, ки чаро натиҷаи ду намуд ташхис то ҳол маълум нест?! Ман аз шаҳрчаи тиббӣ маҷбур шудам, ки ба идораи асосии он озмоишгоҳ биоям. Маро баъди исрорам ба назди нафари дигаре бурданд, ки худро Умед муаррифӣ кард ва гуфт, ки роҳбар аст. Ҳамагӣ гуё чизе нашудаасту бояд ҳамин тавр бошад, мегуфтанд, ки натиҷаи ташхисро рӯзи душанбе шом хохем гирифт. Яъне, боз ҳам баъди боз 31 соати дигар. Фақат ҳамин нафар гумонам баъди он ки хатои худу ҳамкоранашро фаҳмид, гуфт, ки “аппаратура барои ташхиси биокимиёи ва қанд кор намекунад….” (Бемор ҳанӯзам интизор аст, ки ҳоло духтур кадом давое менависад ва дардаш аз қабули доруву даво сабуктар мешавад…)
Дар асри 21, замоне, ки барои мисол барои ташхиси қанд ҳамагӣ чанд сония вақт зарур аст, дар ДИАМЕД таҷҳизот кор намекунад ва касе инро ба шумо намегуяд (озмоишгоҳе, ки он духтур фақат ба ҳамон ташхис бовар мекунад, 220 сомониро гирифта) ва ваъда медиҳанд, ки пагоҳ ҷавоб омода мешавад….
Шумо фикр кардаед, ки чаро натиҷаи ташхис баъди як ё ду шабонарӯз мушаххас мешавад? Сабаби асосӣ ба назари инҷониб ҳамин аст, ки ин гуна лаборатория ва озмоишгоҳҳо дар ҳар кунҷу канори шаҳру навоҳи идора ва намояндагии худро кушодаанд, аслан дар он ҷойҳо ба ҷуз мизу ду курсии қоқ (ва албатта сейф барои гирифтану нигоҳ доштани пулҳои мардум!) дигар ягон таҷҳизоту дастгоҳу мошини махсуси интиқолдиҳандаи хун ва ашёи дигари ташхисгарӣ НАДОРАНД!!! Онҳо хунатонро гирифта, ба марказ меоранд ва инҷо ташхис карда натиҷаи онро (эҳтимол тариқи онлайн) мефиристанд. Шумо, ки пагоҳ ё рӯзи дигар ҳамон утоқ омадед, он варақро чоп карда ба дастатон медиҳанд. Яъне, шумо намефаҳмед, ки ҳамон хун дар инҷо не, балки шояд 70-100 … километр дуртар – дар Душанбе ташхис шуд. Инро ба шумо намегуянд! Мардум бошад фикр мекунад, ки ин кор ҳамин гуна вақти дуру дарозро мегирад ва барои ҳамин ҳам қиммат аст!!! (Ҳоло мо дар бораи қоидаҳои нигоҳдорӣ, муҳлати нигоҳдорӣ, тартиби интиқоли хуну маводи дигар барои ташхис нагуфтаем!)
Баъзе духтурон бошанд, бо он ки мардумро фақат ба ҳамин гуна озмоишгоҳҳо мефиристанд, дақиқкорӣ ва имкониятҳои беҳтарин озмоишгоҳҳои давлатии кишварро, ки ҳастанду фаъолият мекунанд, зери шубҳа ва суол мебаранд. Ин аввалтар аз ҳама заминагузорӣ барои фасод ва рақобати носолим аст (ҳамзамон нобоварӣ ба озмоишгоҳҳо ва муассисоти илмӣ-тадқиқотии кишвар, то ҷое вайрон шудани қасами духтурӣ ҳам!) баъдтар бошад агар воқеъан ҳам дар маслиҳат бо он ба қавле “озмоишгоҳҳои тиҷоратӣ” сурат гирифта бошад, дар он унсурҳои таркибии қоидавайронкунӣ ва ҷиноят ҳам мавҷуд аст!
Аҷобат ҳамин аст, ки ҳоло гуруҳе аз духтурон ба натиҷаҳои ташхиси лаборатория ва ё озмоишгоҳе ки “онҳоро намешиносад”, боварӣ надорад, ҳатто ба навиштаи духтури дигар — ҳамкасби худашон бовар намекунад. Мардум аксаран маҷбур аст, ки барои ҳар духтур МРТ-и алоҳида, натиҷаи ташхиси хуну пешобро алоҳида, УЗИ-ву ЭКГ-ву ким кадом санҷишу ташхиси дигарро алоҳида гузашта биёрад!!! Ин барои мардуми бечора ҷабр аст !!! Баъзеи Шумо — духтурони муҳтарам, бо нобоварӣ ба ҳамдигар, бо маслиҳат бо ширкатҳои дорусозӣ ва озмоишгоҳҳо, ба умеди ба даст овардани ҳамон “фоиз” аз ҳусни хататон мардумро фақиртару бечоратару бемортар мекунед!!! Набояд фаромуш кард, ки дуои хайри мардум ҳатман кушоиши кор меораду шуморо сабз мекунад, вале оҳу воҳу нолааш метавонад баракатро аз зиндагиву касбу кору хонаатон барад! Ин фақат гапи ману натиҷаи мушоҳидаву таҳқиқи ман нест. Ин ҳолатҳо дар таҷрибаи зиндагии инсонҳо вуҷуд дошт ва гузашти айёму рӯзгор борҳо нро собит кардааст!!!
Иловатан, бигузор мардум ҳам фикр накунад, ки озмоишгоҳҳои тиҷоратӣ, ки пули калонро барои ташхис мегиранд, аналог ё монанд надоранд ва ё дар дигар ҷо ташхис дақиқ ва мушаххас намешавад. Ин тавр нест!!! Дар сари забони баъзе духтурон будани номи ин ё лаборатория ва озмоишгоҳ, монанди Диамед маънии онро надорад, ки мо ғайри онҳо ҷойи хубтари дигаре барои ташхис надорем!!!
Бо назардошти ҳолате, ки болотар оварда шуд, ПЕШНИҲОД мекунам, ки:
- Мақомоти босалоҳият, ки Ҳукумат, вазорат ва мардум ба он боварӣ дорад, намояндагӣ ва филиалҳои озмоишгоҳ ё лабораторияҳоро дар муассисаҳои тиббӣ ва тандурустӣ, дар шаҳру навоҳии кишвар мавриди санҷиши густурда қарор диҳад ва мушаххас кунад, ки нархҳои муқарраркардаи онҳо то чӣ андоза бо мақомоти зиддиинҳисорӣ ва марбутаи дигар мувофиқа шудааст, сатҳи касбии ходимони онҳо чӣ гуна аст, шишачаву зарфҳое, ки баъзан ба мардум дода мешавад, тамйизшуда аст, оё олуда нест? Оё онҳо барои интиқоли хун ва дигар мавод барои ташхис ба маркази кишвар асбобу ҷойгоҳу мошини махсус доранд??? Оё онҳо муҳлати мушаххасшударо барои нигоҳдорӣ ва интиқоли хун ва дигар мавод риоя мекунанд? Оё дуруст аст, ки намояндагии ким кадом лаборатория дар минтақаҳо ва ҳатто дар муассисоти тандурустӣ фақат пул ҷамъ кунаду ягон таҷҳизот, асбобу анҷом ва кафолати хатии кор (ташхис) надошта бошад!??? Чаро бояд ҳар табиб алоҳида натиҷаи ташхисро талаб кунад ва беморро барои гузаштан аз ташхис ба ин ё он озмоишгоҳ ва ба назди корманди мушаххасе равон кунад?
PS: Дар қисмати интиҳои ин мавод ман мехостам бо такя ба санадҳои ҳуқуқӣ, манбаъҳои кушод дар интернет ва тартиби муқарраршуда дар самти озмоишгоҳҳо, тиб, тандурустӣ ва мисли ин кӯтоҳ чанд нуктаи муҳим ва муфидро ёдрас шавам:
- Моҳи апрели соли гузашта дар Душанбе бо ширкати Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии “Референс озмоишгоҳи миллӣ” (Озмоишгоҳи миллии референсӣ) ба фаъолият сар кард, ки пурра бо навтарин таҷҳизот муҷаҳҳаз аст ва дар он ҳудуди 60 нафар муттахасиси варзида ва таҷрибадор кор мекунад. Дар ин озмоишгоҳ (лаборатория) тамоми намуди ташхисҳои клиникӣ, биокимиёӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ дар маҷмӯъ қариб 300 намуди ташхис (!) гузаронида мешавад. (Нишонии ин озмоишгоҳ: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомони 59 (Қарияи Боло)
- Қоидаҳои асосии кор дар озмоишгоҳи микробиологӣ инҳо аст: Будан дар он озмоишгоҳ фақат бо хилъати сафед иҷозат аст. Бо он хилъат берун рафтан аз он озмоишгоҳ манъ аст ва аз болои он либоси дигарро ҳам пушидан мумкин нест. Дар озмоишгоҳ хурдан ва нигоҳдории маводи ғизо манъ аст. Берун аз ҳудуди лаборатория бурдани зарфу шишачаҳову ғунҷоишҳои дигар тамоман мумкин нест. Дар рӯйи мизи корӣ дар озмоишгоҳ нигоҳ доштани сумкаву молу ашё ва халтаҳои дигар манъ аст. Ходимони озмоишгоҳ бояд донанд, ки ҷоқи корӣ, дастҳо ва асбобу анҷоми кориро бо кадом моеъ бояд тоза карду тамйиз намуд.
- Дар озмоишгоҳҳои биокимиёӣ риояи гигиенаи шахсӣ ҳатмӣ аст. Сигоркашӣ дар ҳудуди озмоишгоҳ тамоман манъ аст. Дар бинои озмоишгоҳ бояд контейнерҳои махсус барои ҷамъоварии партовҳои тиббӣ ва истеҳсолӣ, ҷойҳои махсуси нигоҳдории либосҳои махсус ва корӣ ва маводи ҳимоявӣ мавҷуд бошад. Дар ин ва дигар озмоишгоҳҳо ҳар намуди мавод ва омехтаҳову ашёву таҷҳизот қоида, тартиб ва шароити махсуси нигоҳдорӣ доранд.
- Як қатор анализҳо (бароимисол ташхиси биокимиёӣ) ҳангоми дили ба қавле наҳор (натощак) гирифта мешавад. Дили наҳор – яъне ҳамон вақте ки аз охирин ғизохурии шумо на камтар аз 8 солат гузаштааст. Баъзан мегуянд. Ки агар 12 соат гузашта бошад, боз ҳам беҳтар аст. Вале оби тоза нушидан ивозат аст. Агар шумо ташхиси умумии хунро мегузаред (общий анализ крови) охирин ғизохуриатон бояд як соат пештар бошад. Агар ба хулоса омадед, ки ташхиси умумии хунро гузаред, 1-2 руз пештар аз хурдани ғизоҳои равғанин, бирён ва машрубот худдорӣ кунед ва гар тавонед (лоақал ҳамон рузи ташхис!) сигор ҳам накашед. Як қатор ташхисҳое ҳат ки он мавриди мушаххас ва вақту соат дорад. Барои мисол, хун барои ташхиси як қатор гормонҳоро бояд соати 10 –и субҳ супорид. Агар пеш аз хунспорӣ шумо ҳолати мушаввашӣ доред, бо зинапояҳо боло шудед, нороҳат ҳастед, кори ҷисмӣ кардаед, як чанд дақиқа интизор шавед ва оромиро дар ҷисму рӯҳатон таъмин кунед.
- Хунро аз руйи тартиби мавҷуда барои ташхис набояд баъди рентгенография ва ё протседураҳои физиотерапевтӣ супорид.
- Пештар аз додани пешоб барои ташхис набояд меваву сабзавоти зиёд хурд. Зеро он метавонад ба рангу сохти пешоб таъсир кунад. Занҳо пешобро барои тахис набояд дар рӯзҳои ҳайзбинӣ супоранд.
- Манӣ барои ташхисҳои тиббӣ дар флакони тамйизшудаи якбористифодашаванда гирифта мешавад. Он на дертар аз 6 соат дар ҳарорати аз 2 то 8 дараҷа гармӣ ва на бештар аз 3 рӯз нигоҳ дошта мешавад. Пешоб баъди гигиенаи шахсӣ дар контейнерҳои махсус гирифта мешавад. Барои интиқоли он (мисли мавои дигар) термоконтейнерҳои махсус лозим аст. Луоб (слюна) баъди ним соати шӯстан ва тозакунии ковокии даҳон дар зарфи махсуси тамйизшуда (одатан пробиркае ки сарпуши сурх дорад!) гирифта мешавад. Он на дертар аз 6 соат муҳлати нигоҳдорӣ дорад.
- Доруворӣ бояд хушсифат, судманд, бехатар бошад ва ба талаботи доруномаи давлатӣ (фармакопеяи давлатӣ) дастури доруномаи давлатӣ, инчунин дигар стандартҳои истифодашавандаи Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ бошад. Дорувории дар фаъолияти тиббии Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда,инчунин ҷавҳари (субстансияи) фамасевтӣ ҳатман бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сертификатсия гардонида шавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоти доруворие, ки ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгўй нест, манъ аст (Моддаи 12. Талабот нисбат ба доруворӣ. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ”)
- Шакли дорухат барои гирифтани доруворӣ, қоидаҳои ба расмият даровардан ва талабот нисбати мазмуни онро Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Моддаи 19. Дорухат. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ”)
- Доруҳое, ки аз тарафи дорухонаҳо, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ тибқи дорухати духтурон ва бо дархости муассисаҳои табобатию пешгирӣ тайёр карда мешаванд, ба қайди давлатӣ гирифта намешаванд.
Бақайдгирии давлатӣ маън аст, агар:
— ду ва зиёда дорувории таркибашон гуногун зери як номи тиҷоратӣ истеҳсол шуда бошад;
— як шакли доруворие, ки аз тарафи як истеҳсолкунанюда зери номҳои гуногуни тиҷоратӣ истеҳсол ва барои ба қайди давлатӣ гирифтан чун ду ва зиёда доруворӣ пешниҳод шуда бошад.
Ба дорувории ба қайд гирифташуда шаҳодатномаи бақайдгирии доруворӣ ва молҳои тиббӣ бо зикри шаклу вояҳои доругӣ ба мӯҳлати панҷ сол дода мешавад. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ минбаъд пеш ба итмом расидани мӯҳлати аз тарафи мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар асоси аризаи соҳибҳуқуқи шартномаи бақайдгирӣ тасдиқ карда мешавад.
Маълумот оид ба доруворӣ ва молҳои тибби ба қайди давлатӣ гирифташуда бо талаби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ин маводро ба қайди давлатӣ мегиранд, дар ҳолати зерин метачвонад махфӣ нигоҳ дошта шавад,
агар:
— доруворӣ ё таркиби он барои шахсони, ки ба чунин маълумот сарукор доранд, маъмул набошад ва барои истеҳсолкунандаи он махфӣ нигоҳ доштани он зарур бошад;
— махфӣ нигоҳ доштани он аҳамияти тиҷоратӣ дошта бошад. (Моддаи 20. Бақайдгирии давлатии доруворӣ. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ”)
- Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти он, ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Дар давоми 26 сол дар кишвар барои таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ бо оби тозаву босифати нӯшокӣ, ки омили асосии ҳифзи саломатӣ мебошад, ба маблағи қариб 1 миллиард сомонӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва кумаки беруна амалӣ гардида, дар ин самт татбиқи лоиҳаҳо боз ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ идома дорад. Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳот бомаром идома ёфта, дар натиҷаи мунтазам афзудани маблағгузорӣ дар ду соли охир садҳо муассисаҳои нави тандурустӣ, ки дорои таҷҳизоти замонавии тиббӣ мебошанд, мавриди истифода қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда истодааст. Бо вуҷуди пешравиҳо, бояд гуфт, ки дар соҳа ҳоло ҳам як силсила мушкилоте боқӣ мондаанд, ки ислоҳи саривақтӣ мехоҳанд. Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ — обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад. Вале истифода аз ин имконот ва ташкили инфрасохтори муосири табобативу солимгардонӣ ҳанӯз қонеъкунанда нест. Дар Паёми соли гузашта доир ба масъалаи пастсифат будани маводи доруворӣ ва пеш нарафтани саноати дорусозӣ изҳори нигаронӣ карда будам. Вале вазъият дар ин самт то ба ҳол беҳтар нагардидааст. Ҳоло дар мамлакат 32 корхонаи хурди соҳа фаъолият дорад, вале онҳо ҳамагӣ 240 номгӯи маводи доруворӣ ва тиббиро истеҳсол мекунанд. Яъне нарасидани доруворӣ, пастсифат будани аксари онҳо ва рушд накардани саноати дорусозӣ дар мамлакат ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳол он ки дар кишвари мо зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш ва садҳо сарчашмаи обҳои гарми табобатӣ мавҷуданд. Бо мақсади беҳтар намудани вазъ пешниҳод менамоям, ки аз соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад. Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем. Масалан, маблағгузории хона — интернатҳои ятимон, маъюбон ва пиронсолон дар як сол ба як бошанда 21 ҳазор сомонӣ ва хонаи кӯдакон ба як кӯдак 15 ҳазор сомонӣ рост меояд, ки нисбат ба соли 2010 мутаносибан чор ва дуюним баробар зиёд мебошад.Барои мактаб-интернатҳои низоми маорифи кишвар бошад, ба як хонанда дар як сол аз буҷети давлат ба ҳисоби миёна 7500 сомонӣ маблағ сарф карда мешавад, ки афзоиши он дар ҳафт соли охир беш аз се баробарро ташкил медиҳад. Вале масъалаҳои вобаста ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои инноватсионии кори иҷтимоӣ ва таъмини муҳити дастрас барои маъюбон беҳбудиро тақозо доранд. Аз ин рӯ, ба вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм супориш дода мешавад, ки оид ба ҳалли мушкилоти мавҷуда чораҳои зарурӣ андешида, камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намоянд. (Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, 22 декабри соли 2017)

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Вазорати тандурустӣ, Диамед, бемор, беморхона, духтур, лаборатория, озмоишгоҳ, радио Ватан, ташхис, хун |












Добавить комментарий