Дар ҷавоби як пурсиш…

         Пӯшида нест, ки ҳоло шунавандаи радио бештар аз хонандаи ҳафтаномаҳо ва бинандаи ТВ аст. Бартарии радио ҳам ҳамин аст, ки барои онро шунидан қариб ки пул сарф намекунанд, фаврият то ҷое мавҷуд аст, доираи барномаҳо, фарогирӣ ва мавзуҳояш ҳам нисбат ба он ду расонаи дигар фарохтару васеътару шавқовартар аст. Мешавад гуфт, ки имрӯз шунавадаи радио қариб ҳамон хонандаи газета аст, ки намехоҳад ҳар ҳафта пулҳои бе ин ҳам камашро барои харидани ҳафтанома сарф кунад, ҳамон бинандаи ТВ аст, ки шояд онҷо маводи табъи дил ва ба завқаш наздикро пайдо накардааст, шунавандаи радио ҳамоне аст, ки мехоҳад мавқеи ӯро ҳамин лаҳза ва дар ҳамин мавзуъ ки матраҳ аст, мустақиман дигарон фаҳманд, дар миёни назарҳои мухталиф нигоҳу назари ӯ ҳам ҷой ёбад. 

Имрӯз шунавандаи радиоро метавон ба чанд гурӯҳ тақсим кард.

Гуруҳи аввал ҳамон касоне ҳастанд, ки замони ягона будани радио барои ҳама, яъне, замони шуравӣ ва вақте ки радиоҳои замони нав вуҷуд надоштанд, радиоро гӯш мекарданд. Онҳо табиист, ки аз шеваи таҳияи барномаҳои имрӯзи радиоҳои хусусӣ он қадар розӣ нестанд ва фикр мекунам, ки нигаронӣ ва эродашон то ҷое дуруст ҳам ҳаст. Радиое, ки онҳо мешинохтанду мешуниданд, ба сифати барномаҳо, саводу донишу ровӣ, муҳаррир ва гуянда таваҷҷуҳи бештар медод. Онҳо ба консерҳои зинда, садоҳои табиӣ ва воқеъӣ, гуфторҳои хуби адабӣ, фарҳангӣ ва мусиқӣ одат карда буданд.

Гуруҳи дуюм онҳое ҳастанд, ҳам шеваи куҳнаи таҳияи барномаҳои радиоӣ онҳоро қаноатманд намекунад, ва ҳам ба пайдоиш ва фаъолияти радиоҳои замони нав, ки дар мавҷи ФМ барнома таҳия мекунанд (комилан розӣ набошанд ҳам) бо таҳаммул назар мекунанд. Бартарии ин гуруҳи шунавандаҳо он аст, ки онҳо қобилияти таҳлил, баррасии оқилона ва дуруст, истеъдоди муқоиса кардан ва беҳтаринро интихоб карданро доранд. Онҳо шабу рӯзи дароз дар назди радио намешинанд, вале дар бораи ҳар барномаи радиоӣ хулосаи санҷидашуда доранд.

Гуруҳи сеюм насли наве аст, ки ба мазмун ва мундариҷаи саҳифа ва бахшҳои радиоӣ, ба мантиқи суҳбати гуянда ва диджей комилан таваҷҷуҳ намекунад ва агар зеҳн монад ҳам дурустӣ ва хатои суҳбати ӯро (шояд аз он, ки забони муоширати онҳо тоҷикии тоза нест!) фаҳмида наметавонад. Барои онҳо муҳим мусиқӣ ва суруд аст. Будани туҳфаҳо дар радио ин гурӯҳро ҳам ҷиҳати ширкату дар эфири радио “ягон чиз” гуфтан таҳрик медиҳад.  Маҳз ҳамин гурӯҳ боис шудааст, ки ҳоло баъзе ровиёни ҷавону камтаҷриба ва комилан бетаҷриба дар як они кӯтоҳ худро ситора ва машҳуру маъруф тасаввур мекунанд. Набудани нигоҳи танқидӣ, набудани баҳогузории мушаххас ва дақиқу санҷидашуда аз ҷониби шунавандаҳо, мақомоти назораткунанда ва мунаққидон ба он мусоидат мекунад, ки хатоҳои дағал ислоҳ нашаванд,  ҳар рӯз такрор шаванд ва қариб, ки ба меъёри суҳбати ҷавонон табдил ёбанд.

Дар ҳамин миён гуруҳи дигари ками шунавандаҳои радиоӣ ҳам ҳастанд, ки (ҳарчанд ба радио ками кам занг зананд ё тамоман занг назанад ҳам) нигоҳи замонавӣ, дониши амиқ, ғурури миллӣ, дарки баланд, истеъдоди таҳлил ва бархурди оқилона доранд.  

Чанд чизи муҳими дигар, ки ба радиоҳо вобаста аст ва ҳатман бояд дар мадди назар бошад (ислоҳ шавад, беҳтар гардад, ба танзим дарояд!), таносуби таронаҳо бо забони гуногун дар эфир, сохтакорӣ дар суҳбату ибрози назар, забони гуяндаҳои радио, услубҳои дуздидашуда, хатои дағали имлоӣ ва мантиқӣ аз ҷониби онҳо дар эфир, меҳмониҳои такрориву суҳбатҳои соддаву сабук, саволҳои бемантиқ, идеяву бахшу саҳифаҳои дуздидашуда, шунавандаҳои “штатӣ”,  мавзуъ ва номҳои такрорӣ,  плагиат ва мисли инҳо аст.

Хулоса,  ҳамин буд, он чизе, ки дар доираи ин пурсиш кутоҳ навиштам. Боқӣ, тавре ки як бонуи ровӣ ҳар рӯз мегуяд, «Хайр, Худо соҳибони ҳар якояки шумо….»  🙂

PS: ин ҷавоб ба як пурсиши хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон» буд, ки ин аст: «Дар замони рушди телевизион ва дигар воситаҳои иттилоот  имрӯз ба андешаи Шумо шунавандаи радио ки аст?»

 

radio

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти