Иду ҷашнҳо дар кишвари мо дар қатори дигар интизориҳое, ки аз онҳо дорем (ва гоҳо бароварда мешаваду гоҳо не) як эҳсоси дигарро ҳам дар зеҳни мо устувортар мекунад, ки (ҳарчанд баъзе дуздиву азхудкуниҳои мо хеле дертар ошкор шавад ҳам) мо аз хеле барвақт одати дуздӣ (махсусан, дуздии моликияти зеҳнии дигарон)-ро доштаем. Ин одат ҳарчанд, ки аввалтар аз ҳама аз камҳавсалагӣ, надоштани хайёлбофӣ, кам будани донишу савод ва кофӣ набудани истеъдод дарак бидиҳад, ба назар мерасад, ки кам-кам заминаро барои дуздиҳои бештар ва бадтар аз ҳама-шарм накардан аз ин ҳолат ба бор овардааст. Иловатан он чизе аз моликияти зеҳнӣ, ки ким кадом нафар фикр кардаасту дар фазои маҷозӣ (интернет) паҳн шудааст, дар аксар маврид чизи бикру дилчаспу гуворову фавқулода аҷибу ғайриоддӣ нест. Ҳамин гуна ҷумлаҳои содда аст, ки касе онро ё тарҷума кардааст ва ё бо роҳи пушти ҳам гузоштани ҷумлаҳову маъниҳову андарзҳову суханҳои дигар тартиб додааст. Ба назар мерасад, ки баъди як соат аз ҳамон чанд ҷумлае, ки касе ба як дусту рафиқаш фиристод, ҳазорҳо то нусхабардорӣ шуда, ба тамоми кишвар паҳн мешавад.
Мардум он вақт аслан шояд намеандешад, ки табрикоту паёми аз касе қабулкардаашро аз номи худаш ба касони дигар фиристонидан аслан идеяи хуб нест ва ҳатто дуздӣ аст, дуздии моликияти зеҳнии каси дигар (ки шояд боз аз ким каси дигар дуздида бошад!).
Ба назари инҷониб мардум ин корро ба хотири худро донишманду рангинхаёл вонамуд кардан, касеро аз худ миннатдор кардан, нишон додани таваҷҷуҳи худашон ба касе, махсусан онҳое, ки ба макому вазифа аз онҳо болотаранд ё шояд ба хотири мавриди таваҷҷӯҳи касе қарор гирифтан анҷом медиҳанд. Воқеъият ин аст, ки дар ҳар ҷашну ид шумо ҳамон як матнро аз номи як гуруҳи калони дӯстонатон мегиред ва баъди як бор дидану хондан он дигар на шавқовар асту на таъсирбахш. Агар он матни харобу каммазмуну пурхато бошад, баракс, асабӣ ҳам мешавед…
Сабаби дигари доман паҳн кардани ҳамин зуҳуроти ба назари баъзеҳо шояд ночизу сода он аст, ки аксарият аз мо дар хайёлбофиву тартиби матну баёни андеша ва назар мушкил дорем, яъне аз он ки табиӣ нестем, ба сохтакориҳо одат кардаем ва воқеъиятро дар дӯстиву бародарӣ ва баёни ҳолати руҳии худамон дар рӯзҳои иду ҷашн ба риштаи наср кашида наметавонем. Аз ин лиҳоз, назару ҳиссу хайёлбофии каси дигарро бе эҳсоси кадом масъулияте мегирему аз номи худамон ба касони дигар аз руйхати дӯстонамон дар телефонҳои худ ё ба дӯстони интернетии худ мефиристем. Бадтар ин аст, ки шояд боз ҳамаи онҳоеро, ки ҳамин корро мекунанд, як эҳсоси қаноматмандӣ ва шодӣ аз копӣ кардани ҷумлаҳои каси дигаре ва фиристонидани он ба дустонашон фаро бигирад.
Бояд дарк кард, ки замони қолабӣ будан кайҳо гузаштааст, мардумони кишварҳои пешрафта қариб ҳамагӣ табиӣ, сода, бе ҳангома ва хоксор ҳастанд. Мисли он, ки баҳо дар мактаб ҳеҷ вақт баёнгару далели раднашавандаи сатҳи донишу савод нест ва он фақат барои иҷрои як расмиёти куҳна аст, ба дӯстонатон фиристонидани навишта ва табрикоти копишуда, ки ҳатто муаллифаш номаълум аст, нишону исботи босаводӣ ва доноии шумо нест. Ҳамаи онҳое, ки дар “статус”-ҳои худ ё зери суратҳои худашон дар Интернет ҷумлаҳои гушнавозу пурмазмуну болохонадору чанд маъниву тафсир доштаро менависанд, табиист, ки донишманду нобиғаву олим нестанд ва касе (махсусан, мардуми боақлу донишманд) бовар ҳам намекунад, ки онҳо фақат ҷумлаву андешаҳои худашонро зери суратҳояшон мегузоранд. Яъне, ин усулу шеваҳо дигар кӯҳна аст. Варианти беҳтарине, ки кӯҳна намешавад — хоксор, табиӣ ва бе сохтакорӣ будан аст. Ин махсусиятҳо ҳамеша дар мӯданд. Нусхабардории матни табрикоту шодбошиҳо, копӣ кардану ба каси дигар фиристонидани ҳамон як сурату навору паём на фақат амали зебову шоиста нест, балки дар баробари ҳуқуқвайронкунӣ айб ҳам ҳаст…
ПЕШНИҲОДИ навбатии ман ин аст, ки биёед, ҳангоми бо кадом иду ҷашну санаи муборак табрик гуфтани дӯстону наздикон ҷумлаҳоеро менависем, ки дар диламон ҳаст, ҳақиқати муносиботи моро бо ин ё он кас баён мекунад, худамон онҳоро фикр кардаем, ҷумлаҳои обшӯставу забонзадаву садҳо бор такроршуда нестанд, воқеъият доранд ва таъсирбахшанд. Ин камоли одоб, хирад, донишу фазл ва хоксорӣ аст…

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Ид, Муборак бод, моликияти зеҳнӣ, нусхабардорӣ, пешниҳод, плагиат, поздравительные, табрикоти идона, ҷашн |












Добавить комментарий