Тазод (4)

«Зукоми одди хам на камтар аз каронавирус хавф дорад. Бояд онхоеро, ки хангомаву вохимаро ба миён меоранд, чазо дод. Хангома насозед ва хама чиро нахаред. Бояд ором кору зиндаги кард». Профессор Рошаль аз ФР.

         Ва инак хамон мардумеро, ки як вакт бо кадом овозаи дуруги заминларза ба берун кашидаву то субх дар кучаву даруни мошинхо нигох дошта буданд, боз бо як хангомаи дигари беасос, ки мушаххас аст, ки аз пештар омодакардашудаву хуб тахияшуда аст, фиреб доданд. Мардум халта-халта орду даххо литр равган мехаранд. Вале маро чизи дигаре хайрон мекунад ва дурусттараш чанд саволи бечавоби дигар азият медихад:
— Мардум, ки ба Шумо гуфт, ки карона-вирус ба онхое, ки дар хона 10 халта орду 100 литр равган дорад, кордор намешудасту намечаспидааст? Ягон кас кафолат дод инро?

— Мардум, шумо мушаххас кунед, ки худро аз вирус начот додани хастед ё бо он орд шакаробу курутоб карда, худро дар таги равгану фатиру курак куштаниед?
— Чаро шуморо дар мавсими мева ким кадом шафтофурушу тарбузфуруш, вакти иду чашнхо кадом гуштфуруш, баъдан хатто симкортфурушхо осон фиреб медиханд — хам молу махсулоти худро кимматтар ба шумо мефурушанд ва хам мачбур мекунанду ки навбатпойи кунеду аз бозору магозахо махсулоти камсифату мухлати истифодааш гузаштаро ба тамом харида баред?
— Чаро шумо на гапи духтурро гуш мекунед ва на гапи Рудакии бузургро, ки гуфтааст, «Бирав аз тачрибаи рузгор бахра бигир….?». Чаро шумо хеч аз тачрибаи рузгор, аз окибати пирамидахои гузашта, дуругхои шохдор, овозаи заминларза, мухрабизневу пирамидахои молиявии дигар бахра хам намегиреду сабак хам…?
Аз суйи дигар ин хангома барои харидани орду равган, нишони он аст, ки мо бештар дар гами шикам хастем, зеро касе спирту пахтаву дору нахарида истодааст — орд мехаранду равгану махсулоти дигари озука.

Вале агар чиддитар андеша кунем, чаро хамин гуна хангома дар худи Чин хатто нест? Чаро кишвархои дигар орд захира накарда истодаанд? Чаро мардуми мо ба ин хадд соддаву осонфиреб аст? Ба назари ман, ки инчо чанд сабаб мавчуд аст:

— Мо (маълум мешавад, ки аксаран!) андешаи ва мавкеъи инфироди, кобилият, савод ва фаросати хулоса баровардан ва мукоиса карданро надорем;
— Мо овозаро аз вокеъият фарк карда наметавонем, хангомаро намешиносем, хиллахои аз чониби каллобон истифодашавандаро пай намебарем;
— Мо (аксаран) дуст медорем, ки ба як овозаи шунидаамон чанд чумлаи дуруги дигарро изофа карда, тарики чанд ошнову дугонаву шиноси саводи кам доштамон дуртар интикол дихем;
— Мо чавобгари, масъулият ва ухдадориамонро вобаста ба иттилоъ, сахехияти он, дурустии он, шарту коидахои интиколи он хис намекунем;
— Мо хатто баъди маълум шудани хато ва кори ношоиставу нохубамон хам аз он шарм намедорем, аз дигарон узрхохи намекунем, худро тамоман гунахкор намедонем, сурх хам намешавем;
— Аз хама асос хамин аст, ки мардуми хангомачиву вохимачиро инчо чазо намедиханд! Фахмидед, ки дар Чин барои вохимаву хангома хатто хукми катл медиханд! Аммо дар кишвари мо, боз хам дар пойтахт, ки мо фикр мекунем, маркази муттахидкунандаи нерухои зехни, мардуми босаводу донову донишманду замонави аст, хар касе, ки хохад, хама гуна вохимаву овозаро пахн мекунад, ба дигар кас накл мекунад, чизе ба он илова месозад, мардумро мачбур мекунонад, ки бовар кунанд, вале комилан бечазо мемонад. Ба назари инчониб, вакти он расидааст, ки барои хамин гурухи мардуми бекор, барои гуруххое, ки ин гуна гапу хабару вохимахоро фикр мекунанду пахн месозанд, боис ва сабабгори камчиниву киммативу хангома мешаванд, чазои чинояти пешбини карда шавад. Зеро холо дур нест соате, ки хамин гурухи мардуми каллобу овозасоз ин аксариятро, ки кариб кобилияти хулосабарориву тахлилу мукоиса надорад, ба дом афтонида, барои спирту дахонбанду витамину шояд боз кадом доруи дигар ба дари дорухонахо мекашонад.

Хайрони мардуми содда мешавам: Шумо оддитарин коидахои бехдоштиро, ки риоя намекунеду ба он хатто таваччух надоред, мушкили гармшавии иклимро чи гуна хал мекунед? Шумо бо охирин пулхоятон ё шояд бо пули карз ба вохима ва хангомаи чанд сохибкору каллоб дода шуда, охирин орду равгани дуконхоро харида истодаед, дар мавриди психологияи кудак чи андеша доред? Шумо, ки оддитарин коидахои бозор, соддатарин шаклхои фиреби харидору мардуми оддиро намедонеду дарк намекунед, биржаву котировкаву капитализатсияву биткоину инфлятсияро чи гуна (ва чи хел!) мефахмед? Шумо, ки аз руйи як сенарияи сохтаву дуругин хар сол як бор дастачамъона (бо бахонаи мухраву соату дорувору аксияхои кадом ширкати чахони ва мисли ин) фиреб мехуред, барои болобурди маърифати молиявии фарзандону наберахоятон чи кореро анчом дода метавонед? Мо аз насли наврасу чавон чи гила кунем, ки мардуми калонсолу дипломдору вазифадору тачрибадори моро ба ин осони фиреб медиханд? Ё баракс чанде аз мардуми дипломдору пулдору сохибкору тачрибадор мардумони дигарро барои манфиати шахсии худаш осону берахмона фиреб медихад…

Хис мекунам, ки бо истифодаи иктидори пурраи воситахои ахбори омма ва бо кору фаъолияти доимии марказхои саломати ва хамшираву духтурони оилави хам мардум дар мавриди оддитарин тасмимхои бехдошти маълумоти кофи надорад, ба гапи ким кадом шахси бесаводу хангомасоз бовар мекунаду аз нуктаи назари илми, бехдошти, санитари ва талаботи мавчуда дар тиб намехохад фахмад, ки манъи чамъ шудани одамон дар маршировкаву масчиду бозору кучахо аввалтар аз хама ба манфиати у ва фарзандонаш аст, намехохад дарк кунад, ки пешгирии бемори хамин гуна ба чашм дахшатнок тобад хам, аз табобат дида арзонтару осонтар аст, намехохад фахмад, ки дар матни хамин гуна изхорот калимаи «муваккатан» истифода шудааст, намехохад коида ва талаботи хатмиро риоя кунад…
Холо ман тасаввур мекунам, ки агар духтурон гуянд, ки бо даст ба хам салом накунед, хамдигарро ба огуш нагиред, набусед, мехмони наравед….мардуми камсавод чи кадар овозаву хангома ба по мекунанд!? Харчанд, ки дар таърих хамин гуна холатхо мавчуд буд ва айнан хамин гуна тасмиму талабот барои пешгири аз пахншавии ким кадом вирусу вабову ким чизи дигар гирифта шудаву чори шуда буд. (барои донистани ин хам бояд китоб хонд!)

Ана, натичаи дарсхои тибби ва тачрибаомузихои бехдошти дар мактабхо ва муассисахои дигари таълими, ки чидди гирифта нашуданду бепарвоёна ва факат дар когазу журнал баргузор шуданд, хамин аст. Чорахо ва накшахои аз дил берун барои мудофиаи шахрванди ва холатхои фавкулода, даъвати афсарону аскарони эхтиёти барои омузиш, ки дар сатхи зарури нест, курсхои ронандагии факат ба хотири пулу шартномаву накша, мачлису нишасту вохурихои факат ба хотири хисобот… хамин гуна окибат доранд, ки мардум хеле содда, зудбовар ва хабарчин мешаванд, дуруггуйи ва фиреб дар хуну магзу устухонашон чо мешавад, кобилияти тахлилу назари интикодиву хулосабарории асоснокро гум мекунанд ва аламовар за хама аз фиребхурданхо, сухтанхо, пул аз даст доданхо ва пешпо хурдану афтиданхои пайваста сабак намегиранд ва хушёр намешаванд…
Хангомаву вохима ва ордхариданхои имруза иловатан чанд сабаби дигар хам дошта метавонад:

⦁ мардум аксаран ба мансабдорону макомдорон, (дар шароити авчи каронавирус дар дунё) ба духтурону масъулони тиббу бехдошти он кадар бовар надорад, вагарна чаро фикр намекунад, ки таъмини амнияти озукавори, дастраскунии орду махсулоти дигар, захира барои рузи мабодо вазифаи давлату хукумат ва макомоти марбута аст ва онхо (боз хам дар холатхои форс мажлори ва фавкулода!) хатман онро ичро мекунанд ва моро гурусна намегузоранд!?
⦁ макомоти марбута тасмимро барои вокуниш хеле дертар (хаёлам баъди мувофикакунониву ичозатгирихои зиёд!) мегиранд;
⦁ чаро аз имкониятхои ВАО фавран, бе чуну чаро, очилан истифода намешавад. Дар омади гап, ба ман чун Директори барномахои Радиои «Ватан» то хол ягон кас, ягон маком, ягон масъул, ягон муттахасиси мурочиат накардааст, ки (чун радио хам холо машхур аст, мардум зиёдтар гуш мекунад, дастрас аст, омодагии зиёдеро барои сухбати мустаким талаб намекунад ) «биё, тарики радиои шумо, ки 24 соат соат фаъол аст, ба мардум мурочиат кунем, бо онхо сухбат кунем, онхоро ором кунем, вазъро фахмонем, гуем, ки ба овозахо бовар накунанд, ба тахлука дода нашаванд…..» Касе (хатто оне ки вазифаи чониашон ичрои хамин кор аст!) намехохад чунин тасмимро шахсан худаш бигирад….
Вобаста ба овозаву хангомахо атрофи каронавирус ва холатхои камчиниву кимматшавии нархи молу махсулот бошад, мардум бояд ба чанд нукта чидди ва бо ахамияти хосае таваччух кунад:
⦁ фаромуш накунед, ки ин гуна овозаву хангомаву навбатпоиро барои харидории орду равган (дору, маводи дигари бехдошти, озука ва мисли ин) метавонанд чанд гурухи манфиатдор ташкил кунанд. Ба онхо, сохибкорон, савдогарон, воридкунандагон, марказхои бузурги савдо, хатто сиёсатмадорон, нерухои мухолифи давлату хукумат ва дигарон шомил шуда метавонанд.
⦁ фаромуш накунед, ки хама сола аз зукоми одди ва намудхои дигари вирусхо хазорхо одам мемиранд, ки шумораи онхо хатто аз курбоншудахо аз каронавирус хам бештар аст;
⦁ фаромуш насозед, ки хама гуна сурату аксу навор ва навиштаву садохое, ки ба ин мавзуъ иртибот дораду онро касе ба шумо тарики шабакахои ичтимои фиристонида асту шумо онро ба касони дигар мефиристед, метавонад, вазъиятро бадтару хангомаро бештар кунад. Иловатан он хеч вакт боиси пешгири шудану кам шудани ин вирус намешавад!!!! Инро дуруст дарк кунед!
⦁ фаромуш накунед, ки ба каси дигар накл кардану гуфтани хабари дуруге, ки шумо хатто дуруг ё рост будани онро санчида наметавонед ва насанчидаед, кори окилонае нест, балки хатто дар шароити камсаводоии аксарияти мардум чиноят хам хаст;
⦁ Фаромуш накунед, ки ягон хел араку спирт наметавонад пеши рохи он вирусро бигирад. Харчанд холатхои гирифтори тарики пулро муттахасисон рад мекунанд, вале дар Чин (кисман!) хатто пулхои нав ба муомилот ворид карда шуданд; Каронавирус ба воситаи нафас ва катраги (хавои) бо даст расидан ба чойхое, ки вирус ончо мавчуд аст (дастахои дару тугмахои лифту телефону дастгираки дохили автобусхо) ва робита бо шахси бемор мегузарад. Нишонахои асосии каронавирус-табби баланд, сулфа ва нафастанги аст. Аз руйи омор аксарияти гирифтор шудахо аз 40 сола боло буда, аксаран беморихои мунзими фишору канд, илтихоб ё маризии дигаре доштаанд. Давраи инкубатсионии он то 24 шабонаруз мегузарад. Холатхои такроран гирифтор шудан ба каронавирус хам ба кайд гирифта шудааст;

Шорехи «Вести ФМ» Павел Анисимов вобаста ба мавзуъи каронавирус ва паника ё хангомахое ки гирди он аст, шархи хуберо пешниход кардааст, ки мухтасари онро инчо меорам:
«Холо тамоми дунё бар зидди фейкхо дар бораи каронавирус мубориза мебарад. Мардумеро, ки хангомаву овозахои беасос пахн мекунанд, макомоти кудрати мушаххас кардаву пайгири мекунанд, шабакахои ичтимои аз хабархои дуругу беасос пок карда мешавад, Иттиходи Аврупо хатто «интернет спецназ» ташкил кардаву кушиш дорад, ки пеши рохи иттилои дуруг ва беасосу зарароварро бигирад.
Овозахо ва вохима дар атрофи каронавирус имрузхо хавфноктар аз худи каронавирус шудааст. «Хама мемирад» — хамин гуна яке аз овозахоест, ки онро махсус фикр кардаанд. Ба назар мерасад, ки онро хама дарк мекунад, аммо вокеъият ин аст, ки ба ин гуна хабару овозахо хама бовар мекунанд.

Хамин гуна хабархои дуругу овозахо хатто боиси мушкил эчод шудан дар интихоботи Исроил шуд. Блогерхо дуруг навиштанд, ки дар ким кадом участкаи интихоботи мардум гурухи бемор шуданд. Ин дар холе рух дод, ки дар он кишвар 10 холати гирифтори ба каронавирус ба кайд гирифта шуда буд. Пахнкунандагони овозахоро хам пулис кофтукоб кард ва хам хадамоти контразведка. Барномаи махсус назорат карда, мушаххас намуд, ки фейк ё хабари дуруг аз кадом компютер расонаи шудааст ва тахминан баъди 15 дакика макомоти махсус дастони он игвогарро баста оварданд. Washington Times хатто дар мавриди аз чониби чинихо махсус омода шудани каронавирус хабари беасосеро бо такя ба ким кадом корманди макомоти махсуси исроил чоп кард. Гуё у медонистааст, ки ин вирусро ба таври сунъи омода кардаанд ва баъд аз назорат берун шудааст.

Дар Аврупо хам блогерхои дуруггу ва игвогар мавриди пайгард карор гирифта истодаанд. Комиссияи аврупои як протоколи махсуси мониторинги хабархоро дар мавриди каронавирус пиёда кард. Тибки он ширкатхои бузург, мисли Google, Facebook ва Twitter ухдадор шудаанд, ки хабархои дуруг ва беасосро вобаста ба каронавирус пайдо карда, нест кунанд. Facebook хам хабару тавсияхоеро, монанди ин ки «барои куштани ин вирус бояд мавод барои сафедкунии либосхоро, ки дар вакти шустушу истифода мешавад, хурд» нест карда истодааст.

Дар Итолиё, ки шумораи гирифторон ба ин вирус зиёд мешавад, гурухи махсусе ташкил шудаву амал мекунад. ВКД-и он кишвар ба воситаи интернет портали махсусе маълумоту мурочиати мардумро дар мавриди холатхои фиребхуриашону холатхои вохима ва хангомасозии гуруххои манфиатдор чамъовари карда ситодааст. Машхуртаринаш (мисли он ки холо дар Душанбе хам хаст!) гуё баста шудани муассисоти таълими буд. Лайк ва бознашркунихои донишчуён аз ин хабархо бо суръати зиёдтар аз суръати катораи Frecciarossa сурат мегирад.

Дар Тайиланд бошад, як сохиби магозае ба хабс гирифта шуд, ки дар твитер навиштааст, ки гуё дар дукони хамсояи у касе аз каронавирус вафот кардааст ва харидорони дигарро ба карантин бурданд. Он фурушанда ин хабарро барои он нашр кардааст, ки харидорону мизочони доимии он дуконро гурезонад.

Дар Маскав хам кушиш кардаанд, ки чомеъаро бо фейк ва хабархои дуруг дар мавриди хазорхо гирифтори ин вирус ва садхо фавтида гумрох кунанду ба хангома биёранд. Географияи фейкхо иваз мешуд-гох мегуфтанд, ки он ходиса дар Шарки дур рух додааст, гох мегуфтанд, ки ин холат дар Сибир рух додааст. Чин ку дар хамсоягии онхо карор дорад. Овозахоро пахн карданд, ки хамаи онхое ки аз Итолиё омаданд, вафот карданд ва духтурон бошанд, ин иттилоъро пинхон нигох медоранд. Хатто табибон хам инкор намекунанд, ки «передозировка» аз фейкхо ё хабархои дуругини ба каронавирус вобаста вокеъан хам одамонро «мекушад». Дар хошияи ин гуна овозаву дарвоза ва хабархои бардуруг фишори хуни одами солим хам баланд мешавад ва хатто эхтимоли гирифтор шудани у ба сактаи магзи ё калби хам мачуд аст. Харосафкани, хангома ва вохимаро ба миён овардан дар чомеа хеле чидди буда, хатто чиноят аст ва бояд мучозот шавад»

 Хулоса, биёед аввалтар аз хама коидахои бехдоштиро риоя мекунем, ба фарзандонамон оддитарин коидахои гигиениро ёд медихем, ба хангома дода намешавем, овозахоро аз вокеият чудо мекунем ё акалан барои пароканда шудани он мусоидат намекунем ва бо амалхои носанчидаву нодуруст (мисли хама чиро , мисли чанд халта орду чанд литр равган харидан, навбатпойии сунъи ташкил кардан, омори носанчидаву нодурустро пахн кардан, ба тасмимхои макомот чихати бехдошу пешгирии вируси нав чомаи сиёси пушонидан) зиндагии худро мушкилтару печидатар намекунем ва дониставу надониста ба манфиати шахсону гуруххои манфиатдору бадхох кор намекунем!!!

PS: Фикр мекунам, ки холо вакти он аст, ки як раками телефони кутох, ройгон ва шабонарузи фаъол дошта бошем, ки мардум аз хама гушаву канори кишвар ба он занг зада, тафсилоти дуруст, дакик, санчидашуда, иттилои мухим ва зарури, омори расми, хабархои нав, зарури  ва мухимтар аз хама чихати пешгирии каронавирус тавсияву дастурхои мухим ва саривакти  бигиранд.

 

карона вирус сурат

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти