Тазод (3)

Ҳамааш аз як хабар сар шуд, ки Тоҷикистон дар соле, ки рафт, ба хориҷи кишвар 1,5 миллион тонна семент содир кардааст. Ин хабар ҳамон фикри куҳнаро боз ба  сарам овард, ки «чаро  сементи кофӣ дошта бошем, арматураву обу сангу хоку қуму шағал аз худамон бошаду нархи хонаҳо дар сохтмонҳои наве, ки дар авҷ аст, паст намешавад?!»  Баъд ман мисли он ки ҳамеша дар барномаи саҳарии “Субҳи Ватан” ҳаст, хостам аз мардум назару андешаи онҳоро пурсам. Ва пурсидам. Пурсиш ин гуна буд, ки “Ба назари шумо кадом омил ё сабабҳои субъектививу объективӣ ба гаронии нархи манзилҳои истиқоматӣ оварда расонидааст? Чаро нархи хонаҳо дар баландошёнаҳои навсохт поин намеравад?” Мардум (шунавандаҳои радио) ба ин савол чӣ гуна ҷавоб гуфтанд, мо поинтар хоҳем гуфт…Аммо…

Бояд ҳатман гуфт, ки дар ин бозор (яъне, сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва тахриби хонаву манзилҳои куҳна) мушкиливу печидагиҳои кам нест. Саволҳои беҷавоб ҳам зиёданд. Барои мисол, ба саволҳое, ки “чаро саҳмдорон бояд ҳам пул бидиҳанду ҳам фиреб хуранд?,  чаро қаллобон ба  ҳабс гирифта мешаванду пули саҳмдорон пурра баргардонида намешавад ё онҳо соҳиби хона намешаванд?, чаро дар як бино барои мисол 20 фиребхӯрда асту ними он (ё худ чанд каси онҳо) ҷабрдида эътироф нагаштааст?, чаро мумкин набошад, ки ҳамин гуна схемаҳои қаллобӣ, ки аксарияти ширкатҳои сохтмонӣ ва шахсони алоҳида истифода мекунанд, барои мардуми оддӣ фаҳмонида ва кушода шавад?, чаро вақте ки саҳмдор пулро пардохт намекунад, саду як бор ба ӯ занг мезананд, талаб мекунанду ҳатто таҳдид мекунанд, аммо вақте муҳлати анҷоми сохтмон мегузарад,  касе ба мардуми оддӣ ҷуброн намедиҳад?, чаро ба биноҳои истиқоматӣ хеле пештар аз қабулашон аз ҷониби комиссия мардум ворид шуда, дар шароити хатарнок зиндагӣ мекунад?, чаро вақте ки манзили шуморо барои кадом корҳои сохтмонӣ ё нақшаи кулл бартараф мекунанд, ба шумо фақат пули ҳаҷми хонаҳои истиқоматиро медиҳанд, аммо вақте ки шумо барои мисол дар баландошёнаҳо хона мехаред, тамоми ҳаҷм (ҳам иншооти ёрирасону балкону ҳама ҷойи дигар!) ҳисоб карда мешавад?, “чаро мардуми оддӣ дар мавриди сифати маҳсулоти сохтмонӣ, стандартҳои дар сохтмон мавҷуд буда, лаборатория ва озмоишгоҳҳое, ки иҷозатнома медиҳанд  ё тамоман маълумот надоранд ва ё  маълумоти хеле каме доранд???….”  Ва боз чандин саволи дигар ҳам мавҷуд аст, ки дар поинтар вобаста ба онҳо ишора хоҳад шуд…

Ман ҳамеша ҷонибдори он будам, ки манзилу хонаҳои нав харидашуда, заминҳои наздиҳавлигӣ, ки мардум онҳоро чун ниёзманд ва бо қарори раисони ҳукумати навоҳӣ ба даст овардаанд, лоақал ба муддати 10 сол фурухта нашаванд! (ё мисли баъзе кишварҳои дигар барои ин кор андозҳои чанд карата ҷорӣ шавад, ки фурӯхтан зараровар бошад!) Таҷриба нишон медиҳад, ки аксарияти онҳое, ки дар маҳалҳои кишвар соҳиби замин шудаанд, ҳоло дар онҷо хона надоранд, балки онро ким кайҳо ба каси дигаре фурухтаанд…..Бале, сертификати истифодаи замин  шояд ба номи ҳамон “ниёзманд”-е аст, ки қарор ба номи ӯ буд, вале дар воқеъ он замин ким кай аз они каси дигаре аст, ки онро мисли ҳама молу ашёи дигар харидааст. Як сабаби гаронии нархҳо дар ин “бозор” ҳам ҳамин аст. Айнан ҳамин гуна “мизоҷон”-и ширкатҳои сохтмонӣ хонаҳои зиёдеро харидорӣ карда, онро дубора ба ниёзмандони дигар мефурӯшанд, албатта на бо он қиммате, ки харида буданд, балки ба маротиб гаронтар.

Меравем ба деҳоту навоҳӣ. Чизи дигаре, ки дар самти тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ мушоҳида мешавад, аз нақшаву харитаву талаботу стандартҳо тамоман дур будани кору амали заминсозону архитекторон (ва муовинони соҳавии раисон!) дар маҳалҳо ва минтақаҳои кишвар аст. Агар барои таҷриба замини мисли кафи дастро ҳам дар ихтиёри аксарияти онҳо гузорӣ, ҳамин гуна тақсим мекунанд, ки дар кӯчаҳои тангу каҷу килеб ва борики он маҳаллаи нав раҳгум мезанӣ! Шояд садҳо деҳаву кӯчаҳои навташкиле бошад, ки на обпарто дорад, на партовгоҳ, на майдончаи бозӣ, на як талу теппаи зебо ва назаррабо ва на ҷӯйбору обравҳо. Баъди тақсимоти замин намояндаи ягон сохтор (манзурам, меъмору идораи сухторхомӯшкуниву ҷамоату роҳбарияти ноҳияву…) ба он сӯ қадамашро намегузорад. Мардум медонаду беобиву роҳҳои торику пурчанг ва пурлой, баҳсу кашмакашҳои судӣ ва сифати поини зиндагӣ….

(Мардум оддитарин чизро ҳатто намедонад, ки миёни хонаи сохтаи ӯ ва хонаи ҳамсояаш аз нуктаи назари талаботи зиддисӯхторӣ, ки намояндааш дар иҷозатномаи сохтмонӣ ва нақша имзо мегузорад,  бояд чанд метр фосила ё ҷой мавҷуд бошад!? Аксарияти онҳо нодида, насанҷида, чену чоқ нашуда имзо карда мешаванд. Албатта бе ширинкома не…)

Дар ин самт аввалтар аз ҳама, ақалан як корро бояд анҷом дод: онҳое, ки дар қаллобӣ, заминфурӯшӣ, фиреби мардуми бечора, саргардон кардани онҳо ва ба миён омадани оқибатҳои хатарноку фоҷиабор сабаб шудаанду  даст доштанд, лоақал дубораву себора ба ин мақомоту идораҳо (мисли меъмориву заминсозӣ, ҷамоат ва мисли ин!) роҳ дода нашаванд! Мардум мефаҳмад ва медонад, ки фалон заминсозу меъмор (ва ҳатто миёнаравҳо!) бо гумони содир кардани кадом ҷиноят бозпурсӣ шуд, баёнот дод ва ҳатто муваққатан боздошт ҳам шуд, вале….баъди як муддат боз ҳамон нафарро сари кор ва иҷрои ҳамон “вазифаву масъулият” мебинад…

Бар мегардем ба шаҳрҳо. Навгонии дигаре, ки дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла дар ФР ҷорӣ мешаваду барои кишвари мо ҳам ба гумонам хеле ба маврид аст, кушодани “эскроу суратҳисоб” –ҳо аст. Ин бо мақсади бехавф шудани хариду фурӯш буда, тартиби соддае дорад. Дар бонк ҳамин гуна суратҳисоб кушода мешавад ва саҳмдор барои хариди хона пулро ба дасти “домсоз” (ба қавли мардуми мо!) неву ба ҳамон суратҳисоби бонкӣ мегузаронад. Ширкати сохтмонӣ бошад, сохтмонро пурра ё бо пули даромаду захираи худаш ва ё бо қарзи бонкӣ бояд анчом бидиҳад. Яъне, пули мардум то охири сохтмон тамоман истифода намешавад. Дар бонк маҳфуз меистад. Вақте ки ширкати сохтмонӣ корҳоро анҷом дод, биноро сохту комиссияи босалоҳият онро қабул кард, он суратҳисоб дар бонк барои ширкати сохтмонӣ кушода мешавад ва ширкати сохтмонӣ пулҳои қарзӣ ё истифодашуда ва ҳам даромади худашро  бе мушкилӣ мегирад. Хубии ин усул ҳамин аст, ки мизоҷ, харидор ё саҳмдор инҷо кафолат дорад, ки агар ширкати сохтмонӣ муфлис ҳам шавад, роҳбараш, мисли он ки дар кишвари мо буд, суд ҳам шавад, ӯ лоақал ҳамон пулҳои додаашро боз пас мегирад. Ва ҳам ҳолатҳое, ки ширкатҳои сохтмонӣ пулҳои мардуми як биноро барои сохтмони биноҳои дигари доштаашон истифода мебаранд, аз миён меравад….

Ва ҳам ҳамин чиз низ хеле шубҳаовар ва шояд нодуруст аст, ки ширкатҳои навтаъсис, бетаҷриба ва дар ким кадом шаҳру навоҳии дигар сабти ном шуда, ки ягон техникаву корманди таҷрибадору расмӣ ҳам надоранд,  якбора дар чанд нуқта иҷозати сохтмони хонаҳои баландошёнаро дарёфт мекунанд ва ҳамаи онро як рӯз нимкола партофта ғайб мезананд ё ба каси дигар ҳамин гуна мефурӯшанд ё ба ҷойи қарзашон медиҳанд, ки аз ин доду гирифт мардуми саҳмдор хисороту зиёну зарбаи сахти пулӣ ва равонӣ мебинад….

Ҳамин гуна тартиб- яъне эскроу суратҳисобҳоро ҳатман дар кишвари мо ҳам бояд ҷорӣ кард (шояд парлумони нав ин корро бикунад!),  зеро гузоришҳое, ки дар интернет аст, гапу хабаре, ки миёни мардум аст, мурофиаҳои судие, ки бо ҳамин мазмун баргузор шуда истодааст —  гувоҳи он аст, ки ҳоло ҳам дар ин бозор онҳое фаъолият мекунанд, ки дасту дили тоза надоранд ва чашм сӯйи пулҳои бо сад азоб ва шояд дар ғарибӣ ва муҳоҷират ба даст овардаи мардуми бехона ва ё камзамин ало кардаанд.

Акнун бихонед, ки мардум, гуруҳе аз шунавандаҳои барномаи саҳарии ман вобаста ба саволи он, ки “чаро бо доштану истеҳсоли тамоми маводи сохтмонӣ дар дохили кишвари мо (сементу сангу қуму обу арматураву сим ва ҳатто рангу бор ҳам!) нархи манзилҳои истиқоматии навсохт поинтар намеравад ва чӣ сабабу омилҳо ба ин таъсир расонидааст?” чӣ гуна ҷавоб доданд:

  • Дар ин бозор талабот зиёд аст, мардум, ки хонаҳои навро мехаранд, он вақт албатта нархҳо паст намешаванд;
  • Хонаҳои навсохт барои мардуми каммаош нест, онро бояд касе, ки пул ва имконият дорад, харидорӣ кунад;
  • Дар кишвари мо андозҳо хеле баланд ҳастанд ва он албатта ба нархи манзилҳои навсохт таъсир мерасонад, иловатан фасод ва порагирӣ намегузорад, ки нархҳо поин бираванд;
  • Дар ин бозор баъзеҳо якбора ҳам мизоҷ ҳастанд ва ҳам фурушанда, яъне, аз ширкати сохтмонӣ бо мувофиқа якчанд хонаро харид карда, онро баъди як муддат (баъзан таъмир кардаву баъзан бе таъмир!) қимматтар мефурӯшанд. Маҳз онҳо намегузоранд, ки нарх паст шавад;
  • Инҷо (яъне, барои ширкатҳои сохтмонӣ) хароҷот, уҳдадорӣ ва супоришҳо аз ҳар тараф хеле зиёд аст. Соҳибкор бояд ҳатман маблағҳои дар он самт харҷ кардаашро баргардонад ва албатта он харҷро ба души саҳмгузорон бор мекунанд . Барои ҳамин нархи хонаҳо қимматтар мешаванд;
  • Чанд гурӯҳе ҳастанд, ки аз ҳисоби ширкатҳои сохтмонӣ зиндагии худро беҳтар мекунанд ва соҳиби ҳама чиз (аз ҷумла хона ҳам!) мешаванд; Хароҷоти онҳоро чӣ гуна бояд соҳибкор ё ширкати сохтмонӣ пушонад? Албатта бо роҳи қимматтар фурӯхтани хонаву манзиле, ки месозад;
  • Монополия намегузорад, ки арзиши масоҳати манзилҳои навсохт коҳиш биёбад ва аз ин чиз шахсоне ва гуруҳҳое манфиат доранду ҳавасманд ҳастанд;

Як кас ҳатто бар хилофи  дигарон  ҷавоби  аҷибе дод, ки “ба ин савол мардуми оддӣ ҷавоб дода наметавонад, аз онҳо напурсед….”

Харидани хонаву манзилро барои мардуми воқеан ҳам ниёзманд чанд чизи дигар ҳам мушкилтар кардааст, ки агар авваливу дуюми андозҳои баланду нархҳои гуё маслиҳат шуда бошанд, баъди онҳо роиҷ набудани қарзҳои арзонтари иппотекӣ ва муҳлатҳои дароз барои баргардонидани он қарзҳо аст. Чунин ба назар мерасад, ки ҳам мардум имкони бардошти қарзҳои гаронфоизу зиёдро надорад ва ҳам бонкҳо ба идомаи фаъолияти босамару хубу ба манфиати  худ он қадар бовар намекунанд.

Хулоса, ки  як хела ва монанд будани фоизи қарзҳо, тағироти чанд соли охир дар самти бонку системаи пулӣ ва қарзӣ, камтар ворид шудани бонку муассисоти молиявии хориҷӣ бо маҳсулоти мувофиқу дастраси бонкӣ ва фоизҳои камтарини қарзӣ (дар шароити қурби шинокунандаи асъор, талаботи мардум, қобилияти харидории онҳо ва қоидаҳои иқтисоди бозорӣ)  агар аз як ҷониб баёнгари кушиши устувор нигоҳ доштани қурби пул ва системаи иқтисодиву молиявӣ бошад, аз ҷониби дигар (боз ҳам дар ҳошияи болоравии нархи муҳимтарин анвои ғизо ва заруриёти рузғор) буйи ким чи хел як созишу маслиҳату эъҷодкориву эҳтиёткориро ҳам ба машом мерасонад..

 

Хонаи навсохт

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти