Буд набуд радиё буд,
Даргоҳи бе риё буд,
Ҷойи нуру зиё буд,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Роҳравошай қолинпуш,
Дили ҳама дар хуруш,
Кай созамат фаромуш?
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Онҷо нонут ҳалолай,
Ховут чӣ бемалолай,
Ношукри сахт уболай,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Уҷа ҷойи овозай,
Уҷа авҷи парвозай,
Обу рут доим созай,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Бояд ки ғоз набошӣ,
Даҳани воз набошӣ,
Дурма дуроз набошӣ,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Мо гуфтана омухтем,
Дур суфтана омухтем,
Пул руфтана омухтем,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Навис-навис мекардем,
Гоҳ рӯнавис мекардем,
Мардума ҳис мекардем,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Барномаҳо зур будан,
Бо замона ҷур будан,
Чун себу ангур буданд,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Духтаро хушру будан,
Гули лаби ҷу будан,
Мора “бале”-гу будан,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Уҷа гоҳе гум шудем,
Гоҳ дар назар шум шудем,
Гоҳ гапи мардум шудем,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Гоҳе ҷангу мағал буд,
Гоҳе гушту сағал буд,
Гох лента дар бағал буд,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Ҳарчанд, ки бе зар будем,
Ранги бародар будем,
Акаву хоҳар будем,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Кӣ шиму шалвор надошт,
Кӣ гушу гушвор надошт,
Касе ба кас кор надошт,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Дум-думи кор мегаштем,
Ру чу анор мегаштем,
Мо бе тумор мегаштем,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Тез ҳамчу теша будем,
Лек ба андеша будем,
Қаноатпеша будем,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Аҷоиб даврон будак,
Мавзӯ фаровон будак,
Пури диктофон будак,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Гоҳ гоҳе боғ мерафтем,
Бо дили доғ мерафтем,
Хушрусуроғ мерафтем,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Омадан хушру шидан,
Соҳиби обру шидан,
Чанд кас зану шу шидан,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
На тилфони бе сим буд,
На як тарсу на бим буд,
Як нонакмон ду ним буд,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Ҷину бало дур будак,
Гонораро зур будак,
Киссаҳако пур будак,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Радио як хона буд,
Ҷон буду ҷонона буд,
Ранги обу дона буд,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Зиндагимон содда буд,
Лекин як озода буд,
Мора Худо дода буд,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Сад кас суроғ миёмад,
Бо дили доғ миёмад,
Лав-лави боғ миёмад,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Заявка ба номшон буд,
Ҷони мо дар ҷоншон буд,
Вохурӣ ба комшон буд,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
“Ҷавонӣ” мову ман дошт,
“Ҷавонӣ” ҷону тан дошт,
“Ҷавонӣ” як Чаман дошт,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Халил аз Ҳисор будак,
Бачаи пуркор будак,
Даже кудакдор будак,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Мобайни мо бовар буд,
Худо худуш довар буд,
Ориф ранги доллар буд,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Мо ранги кафтар будем,
Ҳамболу ҳампар будем,
Ошиқи Дилбар будем,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Мортеппа Фаррух дора,
Як бачаи шух дора,
Ранги у кӣ дух дора?
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Касе банди таъриф буд,
Ё тентаку ҳариф буд,
Аҷалуш Мошариф буд,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Сайфулло ҳушёр будак,
Мухлисо бисёр будак,
Шанбе ҳам дар кор будак,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Касе занад ба дасташ,
Бо чашми сурмамасташ,
Шаҳло медод шикасташ,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Ба ҳама раҳмат мегуфт,
Бкашен заҳмат мегуфт,
Моҳира Аҳмад мегуфт,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Ҷумъа будак мағзи мо,
Ба сахтӣ чормағзи мо,
Шералӣ буд, Нағзи мо,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Гаҳ бедору гаҳ хобем,
Дар хушкиву дар обем,
Мо шогирди Асҳобем
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Қаҳромон дуруза буд,
Чун оби дар куза буд,
Крышамон Фируза буд,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
То чашмаком нам нашид,
Шохи сухан хам нашид,
Аламаком кам нашид,
Ба дардум марҳам нашид,
Дига ҳиччи зам нашид,
И Субҳон одам нашид,
Гар намебуд радио,
Ма чум дар куҷо будум…
Хонаи Радио
Дилбар Сабзаалиева, Субҳон Ҷалилов ва Моҳшариф Холиқова
Сайфулло Салимов ва Субҳон Ҷалилов
Субҳон, Сайфулло, Фаррух ва Моҳшариф
Бо ду Директори собиқи Радиои Тоҷикистон — Абдурашид Ализода ва Фаррух Зиёзода
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: 90 солагии Радио, Идораи Ҷавонӣ, Кумитаи ТВ ва Радио, Нимшухӣ, Ошёни булбулон, Радио, Радиои Тоҷикистон, Субҳон Ҷалилов, радиои Ватан |

















Добавить комментарий