Мушоҳида мешавад, ки ҳоло дар кишвари мо яке аз масъалаҳои асосӣ – ин дарёфти ҷойи кор, ташкили ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон ва бо шуғли манфиатовар фаро гирифтани ҷавонон аст. Аз сӯйи дигар ба бовари ман мавҷудияти чандин мушкилу печидагӣ дар рӯзгори мардум, мисли зиёд шудани ҷинояткорӣ, ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ҷалб шудани наврасону ҷавонон, ҷангҳои миёни ҷавонон, ба шаробу кадом маводи хуморовари дигар дода шудани қисме аз ҷавонон дар заминаи ҳамон бекории онҳо ба миён омадааст. Ҳоло агар мо вобаста ба кору бекории ҷавонон миёни мардум пурсиш баргузор кунем, шояд боз ҳамон гурӯҳи ҷавонон ба ин назар бошанд, ки ҳоло ҷойи кор нест, маоши хуб нест ва барои ба кор даромадан ва маоши хуб ҳатман шиносу воситаву пулу пора лозим аст. Ман албатта комилан ҷой надоштани он чизҳоро ҳам инкор карда наметавонам ва ҳам тахмин мекунам, ки дар ҳамон пурсиш шояд мардум ҷавобҳои дигарро мисли “ҷойи кор нест, заводу фабрикаҳо кор намекунанд, барои пулёбӣ бояд фақат ба Русия рафт, дар ҳама ҷо воситаву шинос даркор аст, маоши медодаи коргоҳ барои роҳкиро намерасад…” пешниҳод мекунанд. Вале воқеъият чӣ аст? Кадом омил дар ин самт воқеъан ҳам таъсиргузор, ҳалкунанда ва муҳим аст? Оё ҷавонони мо ҳамин гуна талаботи зиёду барзиёд доранд, ки бо 700-800 сомонӣ онро қонеъ карда намешавад? Оё ҷавонони имрӯз чени 3 ё 4 ҳазор сомонӣ кору фаъолият карда метавонанд? Оё ҳамин ҷавонони дар кӯчаҳо бекор воқеан ҳам дар ба дари коргоҳу ширкату муассисот кор кофтанд ва пайдо накарданд? Оё воқеъан ҳам ягон агентии шуғл, идораи кадрҳо, маркази бозомӯзӣ ва ҳунармандӣ натавонист, ки талаботи ҳамин гурӯҳи ҷавонони ҳоло бекору оворагардро қонеъ кунад? Дар муқобили ҳамаи ин саволҳои ҳанӯз беҷавоб акнун як саволи дигари муҳимтаре ба миён меояд, ки оё ҳамин ҷавонон худашон масъулияти кор, хоҳиши кор кардан ва меҳнати ҳалол карданро доранд ё не? Ин ҳамон суолест, ки ба он фақат бо як ҷумла ҷавоб гуфта намешавад. Ва ҳам тамоми ҷавонони имрӯз ва мардуми бекор як хел хислату феълу завқу донишу савод надоранд.
Инҷониб бо назардошти таҷрибаи бештар аз 21 солаи корӣ баъзе нуқтаҳои муҳими кор дар муассисот (махсусан муассисоти эҷодӣ) ва таваҷҷӯҳи ҷавононро ба ин гурӯҳи касбу корҳо дар ин навишта меорам ва умедворам, ки бо бештари онҳо шумо ҳам шиносед.
Аввалтар аз ҳама ман мехостам, ки мардуми ҳанӯз донишҷӯро гурӯҳбандӣ кунем. Киҳоянд донишҷӯёни имрӯз? Албатта дар қатори онҳое, ки дониста ба ҳамон факултаву касбу ихтисосҳо ҳуҷҷат супоридаву таҳсил мекунанд, дониши хуб ва таҷрибаи кофӣ доранд, завқи боло ва хоҳиши кору эҷодро доранд, донишҷӯйи намунавӣ ҳастанд, китоб мехонанд, таҷрибаомӯзиро пурра мегузаранд…. кам нестанд донишҷӯёне, ки вазъу ҳолати дигар ва фарқкунанда доранд:
- Тасодуфиҳо дар он касбу ихтисос.
Ин гурӯҳ дар ҳамон ихтисосу касбу коре акнун таҳсил мекунанд, ки ба қавле “он қадар намехостанд”. Ба аскарӣ нарафтан, дипломи маълумоти олиро соҳиб шудан, номи донишҷӯро доштан барои ин гурӯҳ басанда аст ва онҳоро қаноматманд мекунад.
- Онҳое, ки дар фикри ба муассисаи дигари таълими гузаштанд.
Ман ҳанӯз аз замони донишҷӯйии худам дар хотир дорам, ки аксарияти ҳамсабақони ман дар факултаи физика мисли он, ки намехостанд дар ин факулта таҳсил кунанд, қариб то курси 5 ҳамин суханро такрор мекарданд, ки “ман перевод мегирам….”, “ба ман гуфтанд, ки як курс дар ҳамин ҷо хон, баъд ба факултаи беҳтар мегузаронем….” ва мисли ин. Ман ҳамон вақт медонистам, ки ин чизе бештар аз худтасаллидиҳӣ, чизи нозаруреро барои касе исбот кардан, худро фарқкунанда нишон додан нест. Маълум аст, ки аз ин гурӯҳи донишҷӯён кам чизро мешавад, ки дар ҳамон касбу ихтисос интизор шуд.
- Онҳое, ки бо тавсия, талош, миёнаравӣ ва исрори каси дигаре ба ҳамон факулта ва касбу ихтисос омадаанд.
Ҳамон кас метавонад, ки волидон, шиносу ошнои онҳо ва наздику пайванди дигаре бошад. Ҷой, факулта, ихтисос, касб шояд беҳтарин бошад, аммо мушкили ин гурӯҳи донишҷӯён ҳамин аст, ки худи онҳо шавқи таҳсилро дар онҷо надоранд. Ҳамин гурӯҳ ҳатто аз он метавонанд “ифтихор”дошта бошанд, ки писари ким-кӣ ва ё ҷияни касе бо ӯ ҳамкурс аст. Тамом.
- Онҳое, ки касбу ихтисосро ҳоло бо назардошти мошинҳои қатори назди ин ё он идора, коргоҳ, мақом ва муассисот интихоб мекунанд.
Ин гурӯҳи донишҷӯёнро ҳаваси мошинҳои гаронарзише, ки намояндагони якчанд касбу ихтисос дорад, барои интихоби ҳамон касбу кор ба қавле “таҳрик” медиҳад. Доштани бӯстонсарову хонаҳои баландошёна, доштани имкониятҳои бештар ва мисли ин дар интихоби касбу ихтисос таъсире бештар аз истеъдоду хоҳишу завқ барои ин гурӯҳ гузоштааст. Мушоҳидаи дигар ин аст, ки ҳамин гурӯҳи донишҷӯён ва ҳамон гуруҳи кормандоне, ки дар бораи имкониятҳои васеъашон болотар гуфтем, аксаран бо ҳам шиносу дӯсту рафиқу хешу табору пайванду наздик ҳастанд.
- Онҳое, ки тавонистанд вариантҳои таҳсили ройгону, гранту квотаро барои таҳсил пайдо кунанд.
Ман фикр мекунам, ки таблиғи ҳамин гуна вариантҳои қонунии таҳсил дар хориҷа аз рӯйи квота, яъне бе пул ҳоло ба ҳадди кофӣ нест. На ҳама ҳоло фейсбук дораду дар инстаграм мешинад, на ҳама ким кадом газетаи русзабонро, ки эълони ин гранту квотаҳо дар онҷо нашр шудааст, мехонад. Тахмин мекунам, ки барои ба ин гуна квотаҳо фаро гирифтани беҳтарин ҷавонон ва хатмкунандагони воқеан ҳам босавод аз вариантҳои дигари оммавиву фаҳмову дастрасу соддаи огоҳкунӣ, таблиғ ва фаҳмонидан бояд кор гирифт. Яъне, агар боз ҳам соддатар карда гӯем, квотаро барои таҳсили ройгон фақат бояд ҷавону наврасе ба даст орад, ки забондон аст, воқеан ҳам дар мактаб дониши хуб дошт, масъулиятшинос аст, ватандӯст аст ва баъди таҳсилаш ҳатман дар зодгоҳаш кору фаъолият мекунад. Иловатан ҳар наврасе, ки барои таҳсил ба хориҷа меравад, то ҷое муаррификунандаи мардуми тоҷик ва дар маҷмуъ — кишвари мо мешавад. Кишварро бошад, фақат бояд мардуми босаводу донишманд, ба беҳтарин анъанаву урфу одат ва забону фарҳанг содиқ муаррифӣ кунанд.
Ин ҳоло рӯйхати пурра ё гурӯҳбандии пурраи донишҷӯён нест. Вале агар иктифо кунему аз онҳо бигзарему ба кормандон таваҷҷӯҳ кунем, тахминан ҳамин гуна гурӯҳро дар инҷо ҳам тартиб додан мумкин аст. Ба ҷуз онҳое, ки хеле масъулиятшиносу донишманду босаводу ҳунарманд ҳастанд ва корашонро содиқона иҷро мекунанд, кормандони дигаре ҳам дар коргоҳҳо ҳастанд, ки ба гурӯҳҳои зерин шомил мешаванд
- Онҳое, ки бо омадани роҳбари нав ба кор омадаанд.
Ин шояд бад набошад, ки бо омадани кадом роҳбари нав якчанд каси дигар ба он коргоҳ биоянд. Онҳоро дурусттараш меоранд ва шояд баъзеи онҳо дигар илоҷи рад кардани ин пешниҳоди роҳбарашонро надошта бошанд. Қабули онҳо ҳам ҳар гуна аст-баъзеҳоро хуб қабул мекунанд, баъзеи онҳоро кормандони ин коргоҳ қабул карда наметавонанд, баъзеҳо метавонанд, ки зуд ба коллективи нав ворид шуда, “одами худӣ” шаванд ва шояд баъзеҳо то охирин рӯзи инҷо будан, “бегона” монанд.
- Онҳое, ки донишу таҷрибаи хуб ҳам надошта бошанд, “бачаи хубанд”.
Барои роҳбарон аксаран муҳим аст, ки корманд гапгиру сархаму беозор бошад. Агар ҳамин гуна аст, баъзе камбудиҳои ӯро дар коргоҳ бахшидан мумкин аст. Онҳо агар ба коргоҳ манфиати зиёд ҳам наоранд, зарар намерасонанд. Ё шояд дониста ва қасдан зарар намерасонанд. Ин гурӯҳ тибқи одат на аз рӯйи беадолатии касе шикоят мекунанд, на маоши 13-ум талаб мекунанд, на касеро хуб ё бад мекунанд ва ҳатто на аз иттифоқи касаба кадом роҳхату имтиёзу мукофотпулӣ талаб доранд.
- Онҳое, ки дар коргоҳи шумо кор карда, ҳеҷ гоҳ ба ин коргоҳ дилгарм нестанд.
Бадбахтона ин гурӯҳи кормандонро фақат маош ва даромаде, ки доранд, дар коргоҳ нигоҳ медорад. Онҳо дар ҳама сӯҳбатҳои шиносу дӯстонашон коргоҳи шуморо бад мекунанд, танқид мекунанд, асрори онҳо бепарда фош месозанд. Вале аҷиб ин аст, ки намераванд. Барои ин гурӯҳи кормандон ягон арзиш, асрори коргоҳ, муқаддасот, масъулият ва мисли ин вуҷуд надорад.
- Онҳое, ки дар дохили коргоҳ “давлати алоҳида” ташкил додаанд.
Ин гурӯҳ бо муттаҳид кардани ҳамақидаҳо, ҳамкурсу ҳаммиллату ҳамзабонҳо гоҳ ошкору гоҳ пинҳон муқобили роҳбарият ва ҳама кормандони дигар қарор доранд. Баъзан дар ҷаласаҳо онҳо метавонанд ҳамдигарро пуштибонӣ кунанд, кадом тасмиму нақшаи худро бо аксарияти овозҳо ҷонибдорӣ кунанд, ба сари касе ба қавле “бало” биёранд ва ӯро пеши роҳбар сиёҳ кунанд…Агар аксарияти аъзоёни ҳамин гурӯҳ дар нуктаҳои калидӣ фаъолият дошта бошанд, вазъияти коргоҳ ба маротиб печида мешавад. Кам сардору роҳбаре метавонад пайдо шавад, ки якбора як гурӯҳро аз кор пеш кунад, яъне ин гуна “ячейка”-ҳоро аввал ошкору баъд пароканда созад…
- Онҳое, ки камбудии асосии онҳо — саводи кофӣ надоштанашон аст.
Ин гуруҳ аксаран тасодуфан (бо роҳу васоити мухталифи барои шумо ҳам ошно!) ба коргоҳҳо ворид шудаанд. Манфиати бештар, мавқеъи калидӣ, ҷойи даромаднок, имконияту имтиёзҳои вазифавӣ ва мисли ин намояндагони ҳамин гурӯҳро водор мекунанд, ки тамоми имкониятҳои будаву набударо истифода бурда, ҷойи худро нигоҳ доранд. Саводу таҷриба албатта ба даст меояд, агар шахс ё корманд худаш бо дарки ҳамон камсаводиаш заҳмат кашида хонад, таҳсил кунанд, омӯзад ва дар амал он донишҳоро татбиқ кунад. Ҳолатҳое ҳам зиёд аст, ки баъзеҳо “намедонанд ва намедонанд, ки намедонанд…” Ин баъзеҳо албатта хавфноктаранд….
- Онҳое, ки “манбаи гапу хабаранд”
Ин гурӯҳи кормандон метавонанд, ки шахсони калонсол, миёнасол, ҷавон ва ҳатто пир бошанд. Одати нохуби онҳо ҳамин аст, ки онҳо бо дилхоҳ роҳбари наву кӯҳна забон ёфта, онҳоро ба қавле бо “гапу хабар”-и тоза пайваста шинос мекунанду таъмин месозанд… Аксарияти онҳо фикр мекунанд, ки ҳамин суханчинӣ ва хабаркашии онҳоро дар коргоҳ дигарон намедонанд. Баъзеи онҳо то ин ҳад ба ин кор одат мекунанд, ки дигар онро на барои манфиати худашон, балки ҳамту фақат барои он, ки “муқтазои табиаташон чунин аст”, анҷом медиҳанд. Аз кори онҳо аввалтар аз ҳама мардуми босаводу принсипнок, корманде, ки ғурур дораду мавқеъ дораду ҳарфу сухану дилаш як аст, зарар мебинад ва ҳатто баъзан “қурбон мешавад”. Дар ин ҳолат агар роҳбар сари эҳсос тасмимҳои худро мегирифта бошад, носанҷидаву таҳлил нокарда хулосабарорӣ кунад, барои тамоми коргоҳ хеле мушкил хоҳад шуд.
- Онҳое, ки тахмин мекунанд, ки тамоми қоидаву қонун, тартиб, кодекс, уҳдадорӣ ва ҳуқуқу вазифаи худро комилан пурра медонанд ва дар ин кор ба ифрот мерасанд.
Албатта донистани тартиби кор, кодекси меҳнат ва санадҳои ҳуқуқии ба кору фаъолияти шумо вобаста хуб аст, аммо аз онҳо суйиистифода кардан, онҳоро бар зидди дигарон ва махсусан роҳбар истифода кардан, талаботи аз ҳад зиёд, иҷронашаванда ва ноҷойи ҳамешагӣ доштан ва дар ин самт ба ҳадди ифрот расидан хуб нест. Барои мисол, ҳамин гурӯҳи мардум баъди соати 17 ё 18 дигар ягон кор намекунад, фавран аз коргоҳ сӯйи хона мешитобад, ягон супоришу кори боқимондаву сарбориҳои форс мажориро анҷом намедиҳад. Мо ҳам шоҳиди ҳамим гуна изҳороти “мой рабочий день закончился…” будем. Вале худатон фикр кунед, ки барои шумо чӣ лозим аст, корманде, ки дар ҳолатҳои душвор дар канори шумо набошад, 10 дақиқа вақти худро бигузор баъди соати 17 ё 18 барои кору коргоҳ сарф накунад, дар ҳоли зарурат рӯзи ҷашну иде навбатдор наистад, рӯзи истироҳатие барои анҷоми кадом кори идора наояд??? Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳамин гурӯҳи кормандон аксаран вақти аз корравии худ ҳам барои коргоҳ мушкил эҷод мекунанд: ё барномаи компютериро нест мекунанд, ё ҳуҷҷатҳоро бо худашон мебаранд ё дар куҷое руст мекунанд, ё аз болои коргоҳ барои напардохтани ким-кадом пуле шикоят мебаранд ва ё дар ҳолатҳои бадтарин ба идораи кадом газета ё радио рафта, бе ҳузури шумо шикоят мекунанду шуморо сиёҳ мекунанд.
- Онҳое, ки дар коргоҳ аз касе вобастагӣ доранд.
Онҳоро касе (аксаран роҳбару сардору муассису директор ва мисли инҳо) ба ин коргоҳ овардааст. Ва онҳо ҳам ҳарчанд вонамуд мекунанд, ки роҳбари бевоситаи худро гӯш мекунанд ва итоаткоранд, вале фақат ба ҳамон як кас “содиқу вафодор” ҳастанд ва фақат тасмиму ишораву фармони ӯро иҷро мекунанд. Мушкил ин аст, ки роҳбари сатҳи поёнии ӯ ҳамин ҳолатро медонад ва дигар ба ин корманд ҳатто замони камсаводиаш, супоришро иҷро накарданаш, мушкил эҷод карданаш ҳам ҷазо таъин кардаву фишор овардаву танбеҳ дода наметавонад.
- Онҳое, ки муваққатӣ кор мекунанд.
Ин гурӯҳ аксаран ошкор намекунанд, ки аз ин коргоҳ рафтанӣ ҳастанд. Вале пинҳонӣ ва ба таври ҳамешагӣ дар суроғи ҷойи кории дигар ҳастанд. Онҳо пинҳонӣ аз дигарон музокироту гуфтушунидашонро бо корфармои нав идома медиҳанд. Ҳамин ки фурсати қулай ба миён омад, ҳатман ҳатто баъзан бе огоҳкунии қаблии шумо ё роҳбари аввал кори худро инҷо партофта, мераванд. Дар тӯли фаъолияти кори худ ин гурӯҳи кормандон чандин карат ҷойи кор ва ҳатто касбу ихтисоси худро дигар мекунанд. Хуб аст, агар онҳо ягон вақт худро пайдо кунанд. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки баъзеҳо ҳамеша “худро суроғ мекунанду мекобанд” ва афсус, ки дар ягон коргоҳу ташкилоту муассиса пайдо намекунанд.
Ҳоло агар шумо ҳам нағзтар аҳамият диҳед, ҳатто шояд мефаҳмед, ки онҳо бо ким-кадом дӯсту шиносу нимколашиносашон, ки ҳоло дар хориҷа, барои мисол дар Амрико аст, пайваста навис-навис мекунад ва чанд бор аллакай вариантҳои гуногуни ба онҷо ба кор рафтанро ҳам матраҳ кардаанд 🙂
Онҳое, ки комилан аз ҳама чизу ҳама касу ҳама кору фаъолият норозианд.
Мутаассифона як гурӯҳи кормандоне ҳам (ҳам марду ҳам зан!) ҳастанд, ки аз ягон касу аз ягон чиз розӣ нестанд, барои онҳо ҳамеша касони дигар барои кадом кору амалу тасмим гунаҳкор аст, фикр мекунанд, ки дар он коргоҳ фақат онҳо кор мекунанду дигарон фақат рӯзгузаронӣ меоянд, фикр мекунанд, ки онҳоро кам қадрдонӣ мекунанд, маоши онҳо ҳоло ҳам кам аст, фақат онҳо сазовори ҳама гуна унвону мукофот ҳастанд ва ягон кас ба қадри онҳо намефаҳмаду намедонаду кор карда наметавонад….
Тахмин мекунам, ки ин гурӯҳ аз дигарон як андоза хавфноктар ҳам ҳастанд. Мавқеъи мушаххас надоштани онҳо боиси нигаронӣ аст. Бовар кардан ба онҳо, дар ихтиёри онҳо гузоштани сиру асрори коргоҳ ва касе чизеро гуфтан ё масъалаеро бо онҳо дар миён гузоштан — метавонад оқибатҳои ногуворе дошта бошад.
Илова бар он чизе, ки болотар гуфтем, дар коргоҳҳо кормандоне фаъолият мекунанд, ки ҳамеша бо ширинкома мавқеъи худро нигоҳ медоранд, ҳамеша дар хонаи нафари аввали коргоҳашон дар хизматанд, супоришҳои берун аз кориро хуб иҷро мекунанд, миёнарави хубанд, меҳмондори хубанд, гапдону чаққону дилёбанд, кадом шиносу ошнои роҳбарашонро хуб истифода бурда метавонанд, роҳбарро ҳамеша аз ким кадом ҳисоб ба истироҳатгоҳу хӯроки шому меҳмонӣ даъват мекунанд, фақат шиносу хешу табор ва ҳамшаҳриҳои худро ба ин коргоҳ ҷалб мекунанд, якбора гоҳ ошкору гоҳ пинҳон дар чанд ҷой ва барои чанд кас кор мекунанд, идеяҳои ҷолиб, ки доранд, дар маркази таваҷҷӯҳанд ва мисли ин. Агар коргоҳҳои эҷодиро ҳам мисол бигирем ва нафаронеро, ки барои кор меоянд (ва ҳам онҷо кор мекунанд!) аз рӯйи хусусияташон ҷудо кунем, як рӯйхати аҷоибе пайдо мешавад — дар он рӯйхат намояндагони гурӯҳҳои дар боло зикр шуда ҳам албатта ҳастанд.
Вале мо дар ин навишта аз он сар кардем, ки ҷавонон новобаста ба он, ки имрӯзҳо тамоми кӯшишҳо барои ташкили ҷойҳои корӣ равона шудааст, онҳо ба аксарияти кору фаъолият ва вакансияҳое, ки ҳоло ҳаст, таваҷҷӯҳ надоранд. Барои мисол, аксарияти онҳоро маош (ва фақат маош!) қаноматманд намекунад, аксарияти онҳо намедонанд, ки пулу маош фақат баъди андӯхтани донишу таҷриба боло меравад ва зиёд мешавад, онҳо намефаҳманд, ки якбора шуморо ба вазифаи болову серпулу имтиёзнок таъин намекунанд, яъне бояд аз зинаи поёнӣ сар кард ва майда-майда таҷриба гирифта ба боло рафт, аксарияти онҳо дарк намекунанд, ки диплому сертификат ин тамоман чизи дигар аст, кору меҳнат, коллектив ва корхона талаботи тамоман дигар дорад, бештари ҷавонони имрӯз фикр мекунанд, ки коргоҳе, ки даромади иловагӣ ва боз кадом ҳиллаву найранги дигари пулӣ ва молӣ надошта бошад, кирои дар онҳо кор кардан нест….
Буданд ва ҳастанд, ҳамчунин кормандоне, ки онҳоро баъзе ноадолатиҳо дар коргоҳ, баъзе тазоду тасмимҳову таҷрибаҳои нохуб, баъзе ҷудокуниҳо ва фарқгузориҳои нодуруст комилан дилсарду нигарону рӯҳафтода мекунад…

Хулосаи ман ин аст, ки коре, ки мо пештар ва аввалтар аз ҷалби ҷавонон ба коргоҳу фабрикаву заводу муассисоту ширкати шаклу сохторашон мухталиф бояд анҷом бидиҳем, ба онҳо бо роҳе, ки қобилияти қабулашро доранд, фаҳмонидани моҳияти кор ва ҷойи корӣ, маоши ҳалол, имкониятҳои касбу ихтисосҳо, мавқеъи донишу таҷриба, касбҳои дар оянда сердаромад ва бозоргир, роҳҳои мухталифи ба даст овардани даромад, дарёфти роҳҳои даромади иловагӣ ва мисли инҳо аст.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: вакансия, гуруҳбандии кормандон, коргарон, коргоҳ, корманд, работа, штати корӣ, ҷойи корӣ |











Добавить комментарий