Чароғи кӯча ва чароғи дилҳо… (ҳикоя)

Ӯ наметавонист дигаронро ҳамин гуна осон пайдо кунад. Ҳамон гуна ва ҳам бо ҳамон тарзу шевае, ки дигарон ӯро. Дигарон дар ҳар куҷоанд, аммо ӯ ҳамеша дар як ҷо. Ба назар мерасид, ки он дигарон ҳам рӯ ба рӯ омаданро бо ӯ он қадар хуш надоранд. Дигарон фикр мекарданд, ки ба ӯ ҳамеша чизе лозим аст, ё ҳамеша ба чизе ниёз дорад. Аммо ҳамеша ин тавр набуд. Баъзан вақт ҳатто барояш муҳимтарин ашё ва ҷузъи ҳунару касбаш ҳам зиёдатӣ ва нолозим менамуд… Наздиконаш аллакай медонистанд, ки ӯ ба ин ҳад соҳибкасби хоксору масъулиятшинос аст, ки ҳар поси шабу ҳар вақти рӯз метавонад аз ҷойхоб ё сари дастурхони хоксоронааш баъди як паёмак ё занг боло шаваду бе огоҳӣ куҷое биравад. Ҳамин шаб ҳам куҷое рафт…

Читать далее →

Тазод (11)

          Ҳоло фақат ба назари шумо метобад, ки бекорӣ як бало аст. Дар коргоҳҳо ҳолатҳое ҳаст, ки сад бор ҷиддитар, нохубтар ва бадтар аз ҳар балои дигар аст. Одати дуздӣ доштани кормандон аз тамоми балоҳо дида нохубтару нохостанӣ аст.

Мисли он, ки дар хона дузди худиро пайдо кардан душвор аст, дар коргоҳ ҳам, ки қариб ба як оила монанд аст, дар рӯйи ҷиноят дастгир кардани коргари дузд осон нест. Ҳарчанд, ки ин имконпазир аст.  Ба ин маъно осон нест, ки роҳбари коргоҳ  барои ин ё вақту фурсат надорад, ё онро зарур намешуморад ва ё бовар намекунад, ки касе аз ҷамъи кормандоне, ки худи ӯ ба кор қабул кардааст, ҳамин гуна “чапдаст” бошад. Ҳолатҳоро бузург будани коргоҳҳо, гардиши бештар доштани корхонаҳо, майдони васеъу анбору хоҷагиҳои ёрирасону идораву шуъбаву филиал ва корманди зиёд доштани идораву муассисот ва ширкатҳо  печидатар ва мушкилтар мекунанд.

Читать далее →

Тазод (9)

Мушоҳида мешавад, ки ҳоло дар кишвари мо яке аз масъалаҳои асосӣ – ин дарёфти ҷойи кор, ташкили ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон ва бо шуғли манфиатовар фаро гирифтани ҷавонон аст.  Аз сӯйи дигар ба бовари ман  мавҷудияти чандин мушкилу печидагӣ  дар рӯзгори мардум, мисли зиёд шудани ҷинояткорӣ, ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ҷалб шудани наврасону ҷавонон, ҷангҳои миёни ҷавонон, ба шаробу кадом маводи хуморовари дигар дода шудани қисме аз ҷавонон дар заминаи ҳамон бекории онҳо ба миён омадааст.  Ҳоло агар мо вобаста ба кору бекории ҷавонон миёни мардум пурсиш баргузор кунем, шояд боз ҳамон гурӯҳи ҷавонон ба ин назар бошанд, ки ҳоло ҷойи кор нест, маоши хуб нест ва барои ба кор даромадан ва маоши хуб ҳатман шиносу воситаву пулу пора лозим аст. Ман албатта комилан ҷой надоштани он чизҳоро ҳам инкор карда наметавонам ва ҳам тахмин мекунам, ки дар ҳамон пурсиш шояд мардум ҷавобҳои дигарро мисли “ҷойи кор нест, заводу фабрикаҳо кор намекунанд, барои пулёбӣ бояд фақат ба Русия рафт, дар ҳама ҷо воситаву шинос даркор аст, маоши медодаи коргоҳ барои роҳкиро намерасад…” пешниҳод мекунанд. Вале воқеъият чӣ аст? Кадом омил дар ин самт воқеъан ҳам таъсиргузор, ҳалкунанда ва муҳим аст? Оё ҷавонони мо ҳамин гуна талаботи зиёду барзиёд доранд, ки бо 700-800 сомонӣ онро қонеъ карда намешавад? Оё ҷавонони имрӯз чени 3 ё 4 ҳазор сомонӣ кору фаъолият карда метавонанд? Оё ҳамин ҷавонони дар кӯчаҳо бекор воқеан ҳам дар ба дари коргоҳу ширкату муассисот кор кофтанд ва пайдо накарданд? Оё воқеъан ҳам ягон агентии шуғл, идораи кадрҳо, маркази бозомӯзӣ ва ҳунармандӣ натавонист, ки талаботи ҳамин гурӯҳи ҷавонони ҳоло бекору оворагардро қонеъ кунад?   Дар муқобили ҳамаи ин саволҳои ҳанӯз беҷавоб акнун як саволи дигари муҳимтаре ба миён меояд, ки оё ҳамин ҷавонон худашон масъулияти кор, хоҳиши кор кардан ва меҳнати ҳалол карданро доранд ё не? Ин ҳамон суолест, ки ба он фақат бо як ҷумла ҷавоб гуфта  намешавад. Ва ҳам тамоми ҷавонони имрӯз ва мардуми бекор як хел хислату феълу завқу донишу савод надоранд.    

Читать далее →

Пешниҳод (13)

Се-чор даҳсола қабл шояд касе фикр намекард, ки сарвари ширкату раиси коргоҳ чӣ ки бе маълумоти махсус ҳатто фурушандаи мағоза буда тавонад. Он замон мардум ба ҳадде тинҷу осуда буданд, ки дар мавриди хариду фуруш, арзонхариву қимматфурушӣ, бор овардану чизе ба куҷое бурдан қариб ки фикр намекарданд. Касе дастрасӣ ба васоити ахбори оммаи кишварҳои капиталистӣ дошт, адабиёт вобаста ба низоми тиҷорати бенақша ва бозориро хонда буд, касе имкон дошт ба он кишварҳо сафар кунад, шояд дар мавриди ширкатҳои хусусиву коргоҳҳои шахсӣ чизе медонист ва тасаввурот дошт.

Аммо мушаххас аст, ки мисли имрӯз ҳама дар мавриди савдову тиҷорату хариду фуруш фикр намекард. Ҳоло шояд ҳар дуюмин кас дар андешаи мағозаи худу нуктаи тиҷоратӣ, бизнесу савдову харидуфуруш  бошад. Бо дигар шудани сохтор, бо гузаштан ба иқтисоди бозорӣ, бо ба даст омадани имконияти тиҷорат ҳар каси ҳатто камсавод ҳам, ки мавқеъ, истеъдоди корчалонӣ ва савдову бозордорӣ дошт, рӯ ба тиҷорат овард. Онҳое, ки ҳудуди сӣ сол пештар оғоз карда буданд, аксаран имрӯз хеле муваффақу комёб ва сарватманд ҳам ҳастанд. Чанд нуктаро вобаста ба доираҳои тиҷоратӣ бо чашми оддӣ ҳам дидан мумкин буд:  Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти