Ман наворҳоро кам мебинам, хеле кам ба контенте таваҷҷӯҳ дорам, ки ғайрикасбӣ таҳия шудаву ба деги Интернет ё дегчаи Ютуб рехта мешавад. Шарҳҳо ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳам қарор мегирад. Зери баъзе наворҳо он қадар зиёд менависанд, ки фурсат барои хондани ҳар кадоми онро як шахси серкору серташвиш надорад. Вале воқеъият ин аст, ки ҳар каси каме саводу донишу таҷрибадошта ва аз баъзе вижагиҳо ва соддагиҳои муносиботи инсонӣ бохабар агар ба он шарҳҳо зеҳн монад, имлову мантиқи онҳоро бинаду баркашад, ба чеҳраи муаллифон (агар дар суратҳо ҳаст!) зеҳн монад, фаъолияту буду бошашонро дар фазои маҷозӣ таҳлил кунад, дарк мекунад, ки муаллифони онҳо чӣ сатҳи тафаккуру фаҳмишу дарку IQ доранд. Ин боиси ташвиш ва ҳатто мояи ҷиддии нигаронӣ аст, ки аксарият на фақат имлову навишту қоидаҳои дигари забонро намедонанд, балки бо таҳқиру дағаливу бадзабонии худ баъзе намуди ҷиноёти дар санадҳои ҳуқуқӣ мавҷударо содир мекунанд. Ё мефаҳманду содир мекунанд ё надониста содир мекунанд. Асрори бесаводиву камсадоии гурӯҳе аз онҳое, ки ин ё он наворро дидаанд, бо ҳамин шарҳ навиштан фош мешавад.
Аммо чизи аз ин ҳам бадтар маро ҲАЙРОН мекунад, ки ҳам савод надоштан, ҳам ду ҷумлаи мантиқан дуруст фикр карда натавонистан, ҳам қоидаҳои соддатарини имлои забони модарии худро надонистану ҳам шарҳ навиштан зери комилан ҳама наворҳои Ютуб чӣ маънӣ дорад? Шарҳ бояд илман асоснок, санҷидашуда, бетаҳқир, бо далел, дар доираи ахлоқ, аз ҷониби донандаи ҳамон мавзӯъ ва албатта аз ҷиҳати имлову мантиқ росту дуруст бошад. Ё бояд гапи нав, тавсияи хуб, маслиҳати зарурӣ ва андешаи оқилонаро бе хато навишт ва ё бояд хомӯш ин ё он наворро тамошо карду гузашт….
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Субҳон Ҷалилов, Фейсбуки тоҷикӣ, Ютуб, имлои забон, коммент, шарҳ навиштанд, ҳайрон, ҳайронӣ |












Мо Шо Аллоҳ бародари азиз касӣ худро бештар тақвият диҳед. Мо рохро ҳамроҳи шумо ташхис дода пеш меравем.
НравитсяНравится
Мо Шо Аллоҳ бародари азиз касби худро бештар тақвият диҳед. Мо роҳро ҳамроҳи шумо ташхис дода пеш меравем.
НравитсяНравится