Тавсия (1)

Ман ин маводро чанд рӯз пештар аз Интернет пайдо кардам. Тавре ки онҷо омада буд, ин мавод  ё тавсияҳо ба як доктори саратоншиноси  ҳинд – Гупта таалуқ доштааст. Намедонам ростӣ, ки  дақиқан аз кӣ аст, вале дар онҳо баъзе ишораҳои ҷолиб ва дастури муҳимро пайдо кардам ва бо баргардон аз русӣ онро бароятон пешниҳод мекунам.  

Ман аслан мехостам, ки ҳар табибу донишманде, ки истеъдоду донишу саводи кофӣ дорад, таҷрибаи кофӣ касб кардааст, дилсӯзу масъулиятшинос аст, ҳамин гуна саҳифаҳоро дошта бошад, ин гуна тавсияву дастурҳоро барои мардум пешниҳод кунад, то ҳам савобе аз ин амалаш барои ӯ ҳосил шавад ва ҳам касе варианти дурусту санҷидашударо дарёбад, бо он амал кунад ва бо хости Худо шифо ёбад.

Тасаввур кунед, ки агар ба ҷойи садҳо блогер, истифодабарандаи тиктоку инстаграму ютуб, ки ҳар чизи бемаъниву нохостаниро сабт кардаву онҷо мегузорад, духтурон, табибони касбии мо ва мутахассисони риштаҳои мухталиф ин гуна сӯҳбатҳои кӯтоҳ доир мекарданд, тавсияву дастурҳои кӯтоҳу фаҳмо ва саривақтӣ медоданд, ҳам мардум солимтар мешуд ва ҳам контенти қобили дидан ба миён меомад.  Ман тахминан сабабҳои татбиқ нашудани ин кору идеяро ҳам медонам, ки ба гумони ғолиб – тарс аз роҳбарият ё сардухтуру вазиру кадом мансабдори дигар, ҷуръати оммавӣ сохтани донишу таҷрибаро надоштан, зарур нашуморидани ин кор барои мардуми интернетнишин ва махсусан ютубнишин, ки аксаран дониши сатҳи понтаре доранд, даромади молиявӣ надоштани ин кору амал, хуб қабул нашудани ин тасмим аз ҷониби мардуми одӣ ва ғайриодӣ,  надоштани ҳавсалаву вақту хоҳиш барои ин кор…. аз муҳимтарин сабабҳо аст. Лекин, агар духтурони гиромӣ, як бор фикр кунанд, ки агар ҳар рӯз як тавсияи хуб вобаста ба касбу ихтисоси худашон дар шакли навор дар саҳифаи ютубӣ ё фейсбукии худашон диҳанд, боварӣ дорам, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ҳам машҳуртар мешаванд, ҳам аҷр мегиранд ва ҳам сабагори сиҳатии ин мардум ва дар ҷамъ ин миллат мешаванд…

Аммо , то замоне, ки ин орзӯйи мо амалӣ мешавад, мо ҳамон тавсияҳои дар боло ба он ишора кардаамро бароятон пешниҳод мекунам (Умедворам, ки ба носуфтагиҳояш табибони касбӣ ишора кунанд то якҷо ислоҳ кунем)

  • Аз истеъмоли қанду шакар ва ширинии беш даст бикашед. Вақте ки дар ҷисм қанди зиёд нест, панҷараҳои саратон (раковые клетки) ба қавле мемиранд;
  • Қадами дуюм – нӯшидани як истакон оби лимудор аст. Лимуро дар оби гармак омехта карда, субҳ истифода мебаред. Фақат ба он шакар илова накунед. Оби гарми лимудор аз оби сарде, ки лиму дорад, манфиатовартар аст.
  • Қадами сеюм барои пешгирии саратон – истифодаи 3 қошуқ равғани органикии кокос ба вақти субҳу шаб аст;
  • Дар як ҳафта бештар аз 4 дона тухм истеъмол накунед;
  • Меваро аслан пештар аз ғизо бояд хӯрд, на баъди он;
  • Вақте ки меъда холӣ аст, хурдани помидор тавсия дода намешавад, сигоркашӣ ҳам;
  • Ҳар субҳ пештар аз ғизои субҳона лоақал як истакон об бинӯшед;
  • Ягон вақт то 3 соат пештар аз хоб ғизо нахӯред;
  • Вақти хоб телефон ва гаджетҳои дигарро аз худ дуртар гузоред;
  • Рӯзона ба қадри кофӣ оби тозаи бегаз бинӯшед;
  • Бештар аз ду истакон қаҳва нӯшидан дар як рӯз метавонад ба бехобӣ ва мушкили меъда сабаб шавад;
  • Ҳарчи чарбуро камтар истеъмол кунед. Ҳалкунии чарбуи ҳайвонот душвор аст ва боиси ҳолатҳои ногувори дигар мешавад.
  • Баъди соати 16-17 ҳар қадар тавонед, камтар истеъмол кунед ва ғизои сабуктарро интихоб кунед;
  • Банана, ангур, шафтолу ва мисли инро бо риояи меъёр истеъмол кунед;
  • Хоби аз 8 соат камтар дар як шабонарӯз ҳатман ба кори мағзи сар ва ҷисми шумо таъсири нохуб мерасонад;
  • Помидори дар обпухташуда нисбат ба помидори хом фоидаи бештар дорад;
  • Ҳамарӯза чанд тилим лимуро дар оби ширгарм гузоштаву ҳал карда, он нӯшобаро пайваста истеъмол кунед;
  • Шарбати лиму дар оби сард аз витамини С бой аст ва доруи хубе бар зидди фишорбаландӣ аст;
  • Кислотаи лиму ва нушобаи лимудор фишорро пасттар карда, тромбози венаҳоро пешгирӣ ва гардиши хунро ба маротиб беҳтар месозад.;

Иловатан, тавсияҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки фикр мекунам аз рӯйи онҳо амал кардан ба манфиат аст:

  • Сигоракашӣ ва арақнӯшии бебаркаш фоида надорад ва ин одат метавонад сабаби баъзе бемориҳо бошад;
  • Парҳез кардан хуб аст. Донистани он, ки чиро кай ва чӣ миқдор мехӯранд, чиро бояд нахӯрд ё камтар хӯрд, боис мешавад, ки шумо бемор нашавед ва ё тезтар шифо ёбед;
  • Тарзи солими зиндагиро интихоб кардан ҳамеша ба манфиат аст;
  • Дастрасӣ доштан ба оби покиза, ҳаммому ҷойи оббозиву шустушӯ, халоҷо, таҷҳизоти тозакориву ҷомашӯйиву хуроки солим доштан сабаби асосии дар амон мондан аз баъзе маризиҳо аст;
  • Шинохтани дору ва давои муфид, сифатан хуб, дорои сертификат, санҷидашуда, таркибаш мутобиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонии ҳамон намуди дору албатта боиси сиҳатии комили шумо мешавад;
  • Машғул шудан ба тарбияи бадан, машқҳои ҷисмонӣ ва ҳаракати доимӣ ҳатман ба фоидаи шумо аст;
  • Ваксина ва эмгузрониро барои худ ва фарзандонатон ҳеҷ вақт фаромӯш накунед ва мисли баъзеҳо инкор насозед;
  • Аз пайваста хурдани ғизоҳои тезтайёр, нушобаҳои газдор ва ҳасибҳои бесифату бадбӯ даст бикашед;
  • Аз хурдани ғизоҳои беҳад шӯр, тунд, хеле ширин, аз сари кучаву ошхонаҳои сарироҳии шубҳаовар ва мисли ин даст бикашед;
  • Ба пиёдагардӣ, кӯҳбароӣ, давидан, велосипедсаворӣ, оббозӣ ва мисли ин одат кунед;
  • Меваву сабзавоти тару тоза ва дорои витамину минералҳои зарурирро бештар истеъмол кунед;
  •  Реҷаи хобро ҳатман риоя кунед. Халадор шудани реҷаи хоб оқибати хуб надорад;
  • Дар ҳоли эҳсоси нороҳатӣ фавран ва ҳатман ба қабули духтури хуб биравед;

Ба ин тавсияҳо мешавад, ки саду яктои дигар илова кард. Яъне, ҳар чизе ки бар зиёни мо ва ҷисми  мо нест, он ҳатман ба манфиати мо ва ҷисм аст.  Ба ин тавсияҳои духтурон ва донандагон мо агар ахлоқи ҳамида, ибодату покизагии ҷисму руҳу забону дил, гигиенаи шахсӣ, тозагии либосу тагпушу хонаву дар ва муҳити зист, меҳрубонӣ, ғамхорӣ, накукорӣ ва инсондӯстиро изофа кунем, нур болои нур мешавад. Кошке чунин бошад…


Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти