Ҳайронӣ (6)

      Худи ҳамин далел, ки ин мавзӯъ аз руйи тартиб ба 6 (шаш) рост омад, шубҳаовару боиси таваҷҷӯҳ ва бе ҳикмат нест. Яъне, ҳатто дар олами ҷиноӣ ҳам,  ки ин мафҳум аз онҷо омадааст, ШАШ (шестёрка) гуфта, он одамеро меномидаанд, ки хеле пасту касиф аст. Онҳо шумораи хурдтарини бастаи дорои 36 картаро, ки 6 аст, ба назар гирифта, одами  беномусу беобурӯро, ки пасттарин корҳоро ҳам анҷом медиҳад, ҳамин тавр мегӯянд. Бо ин гурӯҳи одамон дигарон одатан на дӯстӣ мекунанду на рафтуомад. Акнун бармегардем ба идораҳои корӣ.

      Пӯшида нест, ки дар идораҳои корӣ саду як мушкилу камбудиву ташвишу проблема мавҷуд аст, ки баъзеи он агар ҳал шаванд ҳам, қисми дигари онҳо ҳатто бо иваз шудани чандин роҳбару масъул ҳам ҳалношуда ва кӯҳнаву музмин боқӣ мемонанд. Ба болоии ҳамаи ин,  агар дар коргоҳ як ё якчанд корманде бошанд, ки одати хабаркашиву гапчинӣ дошта бошад, ҳам сифати кор поин меравад, ҳам ноадолатӣ ба миён меояд ва ҳам ҷой барои рақобати солим боқӣ намемонад.

Биёед, як бор кӯшиш кунем, ку метавонем ҳамин гурӯҳи кормандонро раддабандӣ кунем. Тамаллуқзану гапчину хабаркашҳои идоравӣ чанд намуд мешуда бошанд?

  1. Онҳое, ки табиатан ҳамин гуна гапчину хабаркашу иғвогар ҳастанд. Онҳо ин корро метавонанд ошкоро ва ҳам пинҳонӣ (ҳатто бе сабабу бе подош) анҷом диҳанд;
  2. Ҳамонҳое, ки роҳбари навтаъин онҳоро ҳамроҳи худ ё чанд вақт баъди омадани худ ба ин коргоҳ овардааст. Яъне, хабаркашҳои штатӣ.
  3. Онҳое, ки хеле пардапӯшона хабари росту дуруғро ба роҳбарият ё намояндаи ӯ мерасонанд. Ин метавонад, кӯтоҳ дар ошхона ё ҳатто нуқтаи сигоркашии кормандон бошад. Яъне, масалан, ин гуруҳ метавонанд дар ҷойи сигоркашӣ боқимондаи сигорро хомӯш карда, дуди тамокуро берун пуф кардаву ба шахси даркорӣ гӯяд, ки “фалонӣ, ба фикрам баъди кор кабинети фалонии дигар меравад….”
  4. Занҳо, ки ин корро фақат бо мақсади “безарар” кардани рақибонашон анҷом медиҳанд;
  5. Кормандоне, ки шуҳратхоҳу мансабталаб ҳастанд ва хабаркашиву сиёҳкунии онҳо бо мақсади таваҷҷӯҳи бештари роҳбариятро ба худашон ҷалб кардан аст;
  6. Мушовири ғайрирасмии роҳбар. Ин метавонад аз ҷумлаи кормандони собиқадор бошад, ки намехоҳад ин одаташро дигарон пай баранд ва  обруйи доштаашро аз даст бидиҳад;
  7. Хешу табори роҳбар ва ё ягон мансабдори дигари он идора. Ӯ баъзан худаш иқдом гирифта чизеро ба боло мерасонад ва баъзан ӯро даъват карда, кадом иттилоъ ё маълумотро аз ӯ мегиранд;
  8. Онҳое, ки бо “ташаббус”-и худашон ба сардор ё роҳбар ҳар гуна тӯҳфаву инъом меоранд, мошинашро мешӯянд, бензин мерезанд, ба хонааш ширу ҷурғот мебаранд….ва наздикии бештар мекобанд;
  9. Онҳое, ки дар идораи шумо кор намекунанд, вале пайваста омаду рафт доранд (дар ҳамсоягии идораи шумо кору зиндагӣ мекунанд), ҳамаро мешиносанд, ҳама чиро медонанд ва аз ҳама тағирот огоҳанд;
  10. Касе, ки бо мақсади ошкор нашудани мушкилу камбудиву гуноҳи худаш, каси дигарро ба қавле “мефурӯшад” ва дар ҳолати ногувор мегузорад;

      Мебинед, ки аллакай мо даҳ гурӯҳи ин гуна мардумро шиносоӣ кардем. Тасаввур кунед, ки ба “шарофат” –и ҳамин гурӯҳи кормандон дар идораву коргоҳҳо чӣ қадар вақт зоеъ мешавад, чӣ қадар асабҳо хароб мешаванд, чӣ қадар бегуноҳон танбеҳ мешунаванд ва шояд садҳои дигаре, ки ояндаи дурахшон бояд медоштанд,  аз кору борашон дилсард мегарданд. Ҳоло бо дастрасӣ ба техникаву технологияи замонавӣ хабаркашу гапчинҳо бо смартфону камераҳои назоратӣ, телефону диктофон ва мисли ин ба қавле “мусаллаҳ” ҳастанд ва ҳар лаҳза аз компютери кории худ ҳам метавонад, тамоми сурату аксу овозу иттилои дигарро ба сардору роҳбар ё “фармоишгар” пешниҳод кунад. Ҳамин гуна ҳолатҳо дар идораҳое, ки роҳбарии фосилавӣ мавҷуд аст, ё саҳмдорон сарбориҳо ва назоратро дар коргоҳ миёни ҳамдигар тақсим кардаанд, зиёдтар ба чашм мерасад.  Аҷобат ҳамин аст, ки дар коргоҳҳои хусусӣ ҳам, ки хабаркаш шонси хеле ками соҳиб шудан ба  саҳмияҳо (мансаби аваалу вазифаву имкониятҳои бештар) — ро дорад, аз ин кору амалаш даст намекашад. Чизеро —  подошеро, тӯҳфаеро, таъриферо, сипосномаеро ё ким чизи дигареро интизор шуда, баъзеҳо ҳамин одати худро ҳатто “сайқал” медиҳанд. Ман гуфтанӣ ҳастам, ки агар дар коргоҳҳои давлатӣ ин гурӯҳ бо ин амал тавонанд кадом мансабу курсиро соҳиб шаванд, дар ширкатҳои хусусӣ таъинот ин гуна нест ку…Вале новобаста ба ин, хабаркашу гапчинҳо ҳар кучо ҳастанд… Онҳоро мисли дуздҳои идора, дар болои кору амалашон дастгир кардан душвортар аст, вале пайхас кардан, шубҳа кардан, бо усулҳое санҷидан имкон дорад. Барои мисол, агар корманди шумо ҳама сӯҳбатҳои телефонии одиву ҳаррӯзаро сабт кунад, компютери кориашро ҳамеша бо рамзу қуфлу калид нигоҳ дорад, якчанд рақами телефон дошта бошад, вохӯрӣ ва сӯҳбатҳои телефонии баъди кории шубҳаовар дошта бошад, ба ҳама гуна ҳуҷҷату номаву мактубҳои идора кордор шаваду мароқ зоҳир кунад, ба қавли момаи Иззатмоҳ “бе бало нест…”  Маҳз ба ҳамин хотир пурра омӯхтани корманд пештар аз ба кор гирифтани ӯ паҳлӯи хеле муҳим аст, махсусан дар ширкату коргоҳҳои хусусӣ. 

      Бояд қайд кард, ки баъзе хабаркашҳо ба ин ҳад майдабоз ҳастанд, ки ҳатто як ҷузъиёти хеле содаву беразишро ҳам метавонанд ба роҳбар ё каси дигаре бирасонанд ва ҳатто онро аз будаш бештару воҳиматар кунанд.  Шояд бад набошад, агар каси дилсӯзе бо мақсади пешгирии кадом ҷиноят иттилоеро ба роҳбар мерасонад, ё мехоҳад, ки аз вуқӯъи кадом ҳолати ногуворе ҷилавгирӣ кунад. Вале мутаасифона, мушоҳида мешавад, ки гапу чапи бекораву беарзишу камтаъсир ҳам аз забони хабаркашҳои “касбӣ” то гӯшҳои роҳбарони зудбовар мерасанд. Баъди ин сар мешавад дигар чапгириву ғурбату кинояву гӯшонаву инкоркуниву ….. Ҳама чизе, ки сифати корро дар коргоҳҳо коста мекунад, маҳсулнокиро коҳиш медиҳад, асаби корманди боинсофу ҳалолкорро хароб месозад ва бовариро ба рҳбарияту ба ҳамдигар аз миён мебарад. Ин ҳолатҳо ба маротиб печидаву мушкилкушо ва кӯҳна мешаванд, агар дар идораҳо ду, се ё гурӯҳе аз хабаркашҳо кор кунанд. Ин гуна “алянсҳо” ҳам як рӯз ҳатман пароканда ва шарманда мешаванд, лекин то расидани он рӯз (агар роҳбар ин ҳолатро пешгирӣ накунад, носанҷида ҳукм кунад ва бе далел ба ҳама кас бовар кунад) сад корманди масъулиятшиносу ҳақгуву росткор қурбон мешавад. Вале як нукта сад фоиз дуруст аст, ки агар роҳбар ба ин гурӯҳи кормандон имкону шонсу “шароит” фароҳам орад, пас дигар ба саводи нокофии ӯ, бетаҷрибагии ӯ, дар ҷойи худаш набудани ӯ  шубҳа намемонад.

      Роҳбари доно, босавод, хушахлоқ, таҷрибадор ва масъулиятшиносу дурандеш  иттилои заруриро барои пешрафти кор, пешгирии ҳолатҳои ногувор ва мисли ин бо роҳҳои тамоман дигари ошкор ва қонунӣ ҷамъоварӣ мекунад. Ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ имкон намедиҳад, ки гапчиниву ғайбату хабаркашӣ ва ба қавли мардум “бузӣ” дар коргоҳҳо реша давонад ва боиси нороҳатии кормандони ҳирфаӣ, мутахассисони кордону кадрҳои соҳибтаҷриба шавад. Ҳақиқати дигари бебаҳс ҳамин аст, ки қариб ҳамаи ҳамин гуна кормандони хабаркашу гапчин – аз нигоҳи тахассус, дониш, таҷриба ва касбият зиафтар аз шумо ва аз дигаронанд. Ба ин кор асосан мардуми заифу камдониш рӯ меорад. Донишу таҷриба, саводу касбияти баландро агар як  ё ду роҳбару мансабдор нодида гирад ҳам, як рӯз ҳатман касе онро мебинанд ва шумо ҳатман ба мақоми арзанда ва шоиставу лоиқ  мерасед.  Гапчину хабаркашҳо бошанд, агар ҳатто ошкор иқрор нашаванд ҳам, ба дил аксаран  ба худашон, донишу таҷрибаашон ва ба коршоямиашон боварӣ надоранд.

Акнун биёед, чанд нишонаи ҳамин гуруҳи мардумро баён месозем то шинохти онҳо осонтар шавад. Гапчину хабаркашҳои “касбӣ ва профессионал” чӣ нишона доранд?

  • Худашон фикри шахсиашонро ё тамоман кам баён мекунанд ё умуман пешниҳод намекунанд;
  • Ҳамеша онҳо кадом мавзӯро ба миён гузошта, фикру зикри мардумро ҷамъ мекунанд то ба роҳбари коргоҳ бирасонанд. Ҳоло ин ҳолатро ҳатто сабту навор ҳам мекунанд;
  • Ҳамеша аз номи шахси сеюм сӯҳбат мекунад;
  • Ҳар куҷое, ки гапу хабару ҷангу ҷанҷол мешавад, онҳо ҳатман ва фавран “аҷина барин” онҷо пайдо мешаванд;
  • Бо иваз шудани чандин роҳбару сардор онҳо дар ҳамон мақоми худ боқӣ мондаанд ва ҳамеша шахсони аввали коргоҳ онҳоро ба худ наздик мекунанд. Яъне, шояд онҳо (раисон) ба ҳамдигар мегӯянд, ки ин корманд чӣ “қобилияту ҳунар”  дорад;
  • Онҳо аксаран ба саволҳои шумо ҷавоби ошкоро, фаҳмо ва пурра намедиҳанд. Ҳамеша ё пайваста бо ҷавобҳо ва ҷумлаҳои умумӣ ва обшӯста маҳдуд мешаванд;
  • Як намуд эҳтиёткории шубҳаоваре доранд;
  • Онҳо баъзан худро ба шумо то ин ҳад наздик мекунанд, ки ҳайрон мешавед. Мақсади ҳама наздиккуниҳо – ба даст овардани иттилои то имрӯз нокушода дар бораи шумо аст. Онҳо мехоҳанд, ҳамеша хабарҳои навтаринро дар бораи ин ё он кас ба роҳбар бирасонанд ва худро ширинтар кунанд;
  • Онҳо метавонанд саволҳои иғвобарнгез ва ҳатто муқобили сардор дода, баъзан роҳбари худро сахт танқид кунанд. Баъд фақат хомӯш истода, шумо ва дигаронро гӯш мекунанд (Ба назар мерасад, ки барои як каме танқиди сабуки роҳбар аз худи он роҳбар иҷозатнома ҳам доранд). Агар ба домашон афтидед, тамом, ҳатман дар бало мемонед.

Ба назари ман,  дар масъалаи бархурд бо ин гурӯҳи ҳамкорон ё кормандон, варианти беҳтарин ҳамин аст, ки аз онҳо дури дур бошем ва нисбаташон режими “игнор”-ро татбиқ кунем.  Иловатан, чанд роҳи дигар ҳам ҳаст, ки метавонад натиҷадор бошад:

  • Корманди хуб будан ва ягон шонси хабаркашиву иғворо барои ин гурӯҳ боқӣ нагузоштан;
  • Ба саволҳои мавриди таваҷҷӯҳи ӯ ё тамоман ҷавоб надодан ва ё “намедонам” гуфтан;
  • Дар бораи нафарони дигар, ягон кору фаъолияти дигар ва мавзӯъҳои нозуки коргоҳу идора бо ӯ тамоман сӯҳбат накардан;
  • Ҳамроҳ нашудан ба ин гурӯҳи мардум дар амалисозии кадом нақшаву кору фаъолият ва ё тиҷорати берун аз коргоҳӣ;
  • Дар бораи оилави худ, наздикон, нафарони шиносу машҳуру мансабдор ҳар қадар камтар сӯҳбат кунед (ё тамоман нагӯед) ҳамон қадар хуб аст;

      Дигар маълум аст, ки дилхоҳ роҳбар дар талоши ҷалб кардани корманди хуб, хушахлоқ, донишманд, масъулиятшинос ва ботаҷриба аст. Ин гурӯҳи кормандон одатан нозуктар, то ҷое зудранҷ, адолатхоҳ ва оромтабиат мешаванд. Роҳбар ба ҳеҷ ваҷҳ набояд коре кунад, ки ҳамин гуна корманд аз идораи ӯ биравад.  Ҷудокунии кормандон аз ҷониби роҳбар, ташкил кардани штати кории “хабаркаш” дар коргоҳ, ҳавасманд кардани “бузҳо” — и коргоҳӣ, беаҳамият гузоштани ғайбату гапчиниҳои идоравӣ, адолатхоҳу ростгӯ набудан, мусоидат кардани роҳбар ба гурӯҳбозӣ дар коргоҳ, касеро аз касони дигар болотар гузоштан, камтаваҷҷӯҳии ӯ ба кормандони асосӣ (умедворам, ки Шумо 80 ба 20 ё аз принсипи Парето огоҳ ҳастед) метавонад барои коргоҳ ва ҳам барои ҳамин гуна роҳбар дар идомаи кораш мушкил, бунбаст ва ҳатто фоҷеа  эҷод кунад. Гапчину хабаркашу бузҳои идоравӣ ҳам бояд донанд, ки дар наздиктарин фурсат “хизмат”-и онҳо  бе харидор мемонад, сирашон фош мешавад, обуруйи доштаву надоштаашон дар коргоҳ ва миёни ҳамкорон мерезад. Шаҳр ба ин ҳад калон нест, ки бо рафтанатон ба коргоҳи дигар овозаву воқеъиятҳои ин хислати нохуби шумо нест бишавад.  

     Ман ҲАЙРОН мешавам, ки чӣ гуна баъзеҳо ҳамин ҳақиқати соддаро намефаҳманд, ба назар намегиранд ва инкор месозанд….


Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти