Раҳравон. Пайраҳа ва бозгашт…

Роҳ ва пайраҳаҳо мисли рагу хуну нафасу ҷони инсон ҳамеша бо ӯ будаанд. Кам чизе мисли роҳ ба инсон наздику ҳамроҳи ҳамешагӣ аст.

Агар нек биандешем, аз роҳи таваллудхона ё ҳуҷраи гарму танги кампири Ороста, ки ними деҳа онҷо то таваллуд эму дем мекарду баъзан ҳатто таваллуд мекард, то гӯристон, ки аллакай ҷисми беҷони мардумони имрӯзӣ монанди келинҳои маскуншуда дар хонаҳои долондори онҳое, абадӣ маскун мешаванд, ки сад сол қабл ба дори бақо пайваста буданд, фосилаи андаке аст. Монанд ба фосилаи намози асру шом. На, балки фосилаи миёни саломи китфи рост ва китфи чап….

Аммо дар миёни ҳамин ду нуқта, ба дарозии чанд даҳсола, ки касе онро мушаххас гуфта наметавонад, фурсате ҳаст, ки мардумон ба ҳар гуна онро пушти сар мегузоранд. Монанд ба аксари хонасозиҳои мо, ки тарҳу нақшаву ҳисобу ҳасад надорад (ё фақат дар ҳуҷҷатҳо дорад), раҳпоиҳо дар ин масир баъзан ба он ҳад ғамбору аламдоранд, ки дилат сар аз попӯшии дар ин раҳ даридаву лах-лах шуда то вақти зоеъгашта месӯзаду месӯзад…

Ҷойи таассуф аст, ки раҳравон дар ин фосилаи раҳ баъзан (мисли баъзе ронандаҳои сархушу бепарвои имрӯз) ба ин ҳадд бепарвоанд, ки гӯё роҳи омаду рафти онҳо ба ин сарои дудар дигар асту аз дигарон дигар…

Он роҳҳо мисли ин роҳҳо баъзан ба ин дараҷа дар хумори як ваҷаб сояанд, ки рӯзи қиёмат шахси гунаҳкори зинокору заминфурӯши дар ҳаққи тифлони як оилаи камбағали бе ҳавливу бе замин зомине дар суроғу пайи ду метри квадратӣ ҷойи соя, ки сари дар андешаҳои доди гирифт ва тарҳу ҷамъу тақсим варамидаву сафедшудаашро панаҳ кунад.

Дар ин раҳ, миёни ҳамон ду нуқтае, ки гуфтем, басо раҳравоне будаанд, мисли соҳиби мошини бе ҳуҷҷате, ки фақат дар фосилаи деҳаву роҳи калон мусофиркашонӣ мекунаду то чор кас ҷамъ нашавад, ба роҳ намебарояд, аз пайдо нашудани ҳамсафар аз роҳ гаштанд, идомаи сафарро дар пайроҳаҳое, ки кафи пояшон онро надида буд, таваккал накарданд. Барои ин гурӯҳи одамон, ки мардуми деҳ бо сабаби дар як роҳи тангу пурлой солҳо пешу қафо рафтуо карданашон онҳоро «пири кор» ном мебаранд, ҳатто осмон дар канори ҳамон ишорачубе, ки номи деҳаашон онҷо навишта шудааст, тамом мешавад. Ҳазору анд роҳу пайраҳаи нав, ки мебоист аз ҷониби онҳо баргашта кушода мешуд, ҳамон гуна кафипонахурда боқӣ мемонанд…

Муллои деҳа ба ин савол ҷавоб дошта бошад, ки чаро баъзеҳо, ки дар раҳи худ худрову чизеро пайдо накарданд ва берун аз худу берун аз роҳи худ шудаву ба хати дигари ҳаракат (ва баъзан ба хатти муқобили самти ҳаракат) ворид гаштанд, ба ин оромиву бепарвоӣ мераванд куҷое, ки ба назари онҳо ва ҳатто мо, ки сӯйи пеш аст!?? Охир ӯ буд ку ба ҷавонони навхате, ки зеби ҳашарҳои ҳарҳафтаина дар деҳа буданд, мегуфт, ки «ба роҳи сирот-ал-мустақим бояд раҳсипор гашт, ки дигар роҳҳо бероҳаанд…» Ва акнун ин бероҳагиҳоро фақат муаллими геометрияи мактаби деҳа метавонад чен кунад, ки чӣ қадар асту раҳравони баъзан мағруру ҳавобаланду беимону аз худрафтаро то куҷо мебарад…!??

Ин роҳ, дар ҳарду сурат ҳам бим дораду ваҳм — ҳам агар холиву регзору биёбон аст ва ҳам агар аз миёни анбӯҳи дарахтони зич ва офтобногузаре бигзарад. Пайи пойи пештар аз ин раҳ гузаштаҳо (бо чоруқу бо пойи лучу хунхор) рӯйи регзорҳои биёбон ҳанӯз пурра гум нашудааст ва боқимондаи хӯроки одамон ва одамоне, ки (гоҳҳо аз ғуруру гоҳ аз хоксориву соддагиҳои худ) хӯроки ваҳшиву даррандаҳо шуданд, дар ҳарҷо- ҳарҷои ин ҷангали анбӯҳ боқӣ мондааст…

Хуш ба ҳоли он раҳраве, ки чун одати мардумони деҳаву хонақоҳи кӯҳӣ, ки вақти сафар шабро дар савобхонаҳо рӯз кардаву бар ивази ҳезуму шохи ҷамъовардаи ким-кадом раҳгузари дигаре дами субҳ ҳамон миқдор ҳезуму шохи дарахт гирд меоранду баъд дари он савобхонаро (агар дар дошта бошад) мепӯшанду мераванд, дар ин раҳ аз пеши роҳи мардум сангу чӯбу шохро мегирад ва дари аҷру савобро ба рӯйи худ дар дунёи дигар кушода месозад.

Фақат ба назар мерасад, ки ин гунаҳо дар ин фосилаи роҳ каманд. Кам нестанд, фақат гӯши мардум ба ҳангомаву овозаву ғайбату даҳшат одат карда, ки самимият ва хоксорӣ, мисли раисе, ки аз бари муйсафеди посбони коргоҳаш мисли тир мегузарад, аз бехи гӯшаш беовоз гузаштаву меравад…

Аҷиб ва қобили мулоҳиза кори об аст, ки мегӯянд баъди сад соли раҳгумӣ ҳам ба роҳу пайроҳи нахустинаш бармегардад. Ҳамон коре, ки инсон ҳам онро мекунад ва баъди сад сол ҳам ба хати дигари ҳамон роҳи барояш ошно бармегардад. Ва он хати муқобили ҳаракати дигарон нест, балки худи ҳамон раҳ, ки гуфтем ду истгоҳро ба ҳам мепайвандад ва фосилаи миёни онро одамон УМР меноманд, як хати паҳне барои омадан ва хати дигаре ба андозаи як аспи чубин (бо таъбири имоми масҷиди деҳа) барои рафтан дорад.

Ва боке нест, агар касе дар ин раҳ пойпӯши қиммат надошту сатиле, ки бо он барои хонаводааш об меовард, сӯрох буд. Чун пойпӯш мисли ҳамон қиссаи кудакона, ки ёд дорем, ба ин ҳад муҳим набуд ва нест, ки ҷояш фақат пушти дар буд ва оби аз сӯрохии он сатил рехта, шояд сабаб хоҳад буд, ки аз пушти шумо канори роҳҳо гулзор шаванд…


Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти