Дигар маълум аст, ки дар шаклгирии зиндагии инсонҳо дастҳову пойҳо ҳам нақши муҳим доштаанд… Дастҳое, ки покизаву олуда буданд ва пойҳое, ки ҳар куҷо рафтанду нарафтанд. Ва ҳам на камтар аз онҳо нақш доранд сарҳову мағзҳо, ки идораи ҷисм дар дасташон буд, чашмҳо, ки гоҳ сер буданду гоҳ гурусна ва қалб, ки саргузаштҳо онро гоҳ нарму ором ва гоҳҳо сангу оҳан карда…
Аммо рӯй аст, ки асари хиҷолатро фавран дар худ инъикос мекунад, мисли осори шодӣ, ки дарҳол ба болояш медамад. (Тахминан монанди индикатори ким-кадом электрик, ки ба воситаи он будан ва ё набудани қувваи барқро месанҷад)
Пури хокистар аст, гирди лабони оне, ки кадом вақт рӯ ба рӯйи як интихоб, як иштибоҳ ё баъди кадом тасмим варақи рӯяш даргирифтаву сӯхтаву дуд кардааст…(Ва онро дигар ягон собуну моеъи дастурушӯйӣ пок карда наметавонад)
Дар рӯйҳо ҳазорон осор аз зарбаҳои панҷаву ангуштони акнун фалаҷшуда боқӣ мондаанд, ки соҳибонаш бехабар аз қоидаи бумеранг ин амрро бори кори зиёду сардии шабҳои фасли дай мекунанд…Дар рӯйҳое, ки ҳеҷ гоҳ ба рӯйи ҳарому макруҳот наафтида буд, то имрӯз, баъди хушкидани садҳо чашмаву ҷӯй ҳам, сад ҷӯя об равон аст…(Обе, ки онро мардумон гоҳ обрӯ мегуянду гоҳо оби руй)
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: асрор, бӯйи нон, инсонҳо, нон, нонвойхона, рӯй, серӣ, танӯр, чеҳраҳо | Leave a comment »











