Қариб панҷ сол аст надидамаш…
Бале, ҳамон хушрӯйро, меҳрубонро, ғамхорро…
Субҳ.
Намедонам кадом нафас тозатар буд — нафаси субҳ ё нафаси ӯ? Намедонам кадомин нармтару гармтар буд — курпаи рӯям ё дасти ӯ ба рӯям? Намедонам роҳҳо росту ҳамвор буданд ё дуои хайри ӯ мустаҷоб мешуд? Вале медонам, ки кулчаи субҳи содиқ пухтааш (аз хамири шаб шуридашудаву нимишаб бо гармии нигоҳҳояш расидаву рӯ гирифта) ба даҳони донишҷуйи он вақт нимасер маззаи дигар медод. Шояд субҳ аз он пуртаровату пурбаракат аст, ки ӯ ва онҳо бедоранд, ӯ ва онҳо дар намозанду дар дуо …
Нимарӯз
Гиряҳояшро ман сари дастурхоне, ки ҳама чӣ дошт, ёд дорам. Ҳама чӣ ҳам ки буд, ҳама касеро, ки ӯ мехост гирди он дастурхон бубинад, намеёфт. Фикр мекард, оне, ки ҳама чиро барои рӯйи дастурхони ӯ бо обилаи кафи даст ва дар ҳавои сарди мулки ғарибӣ муҳайё кардааст, ҳамин ҳоло гурусна аст. Шояд ин тавр набуд, аммо ӯ ҳамин гуна хаёл мекард…
Шом
Ин фурсати рӯз барои ӯ аз фурсатҳои дигар фақат бо каму бешии рӯшанӣ фарқ мекард. Дар андешаи ӯ хаёлам нотаҳо барои иҷрои ҳамон оҳанги хушбахтӣ, ки орзӯяшро дошт (ва мо дигар бе ӯ онро намешунидем), рӯйи ҳамон ҳафт хат, ки мисли ҳафт табақаи замину осмон буд, каму зам мегашту ҷо ба ҷо мешуд…Мо фалсафаи шому торикиву хокистари лаби оби поини кӯчаро баъдтар фаҳмидем. То фаҳмидем, ки шом фурсати аз кӯча бозгашт ба хона аст, ки шомҳоямон бе ӯ сарду торик шуда буду саҳарҳо камфайз ва нимрузӣ гирди дастурхонамон холии холӣ…
Шаб
Дили шаб пур аз нидову садои дилдорону бедилон аст (гоҳҳо пасту хамӯш ва гоҳҳо бо фиғон) ва дар ин фурсат шояд аламовартар аз ҳолати тифли навзоде, ки модараш сари фарзанд рафта, ҳолати ӯ буд, ки фарзандаш рафтааст…Ман он вақт ин гуна фикр намекардам, ҳоло меандешам, ки тифли навзод ба ин ҳадде, ки ӯ эҳсос мекард, танхо нест.. Мазмуни дарси муҳиме, ки ин дунё дорад — сазои амалҳо ё қоидаи бумеранг аст. Ман ҳамин ҳоло, ки бе ӯ ва миёни ҳама тахминан ҳамон танҳоиро эҳсос мекунам, ба он дарс ва он мазмун баргашта бовар ва эътимод ҳосил мекунам. Мо ҳоло ин ва ба ҳамин монанд танҳоиро инҷову ҷойҳои дигар дар миён мегузорем, аммо замоне, ки кампири Нозилаву Ороставу Қиммату Ёдгорӣ бе ҳузури худ фақат аз худ хотира доштанд, ӯ то фарорасии шанбеву бозор бо кӣ аҳволашрову ҳолаташрову аламашро дар миён мегузошт? Дилшиносон оё медонанд, ки таркиши дилҳоро сабаб на фақат инфаркт миокарда ва ё эндокардит аст …!?
Чашм
Ин узв нишони раҳму бераҳмӣ, забони безабонӣ, ойинаи амалу ҳолат аст. Он манбаи нуру зиёст, ки зарра-зарраву люмен-люмен (огоҳу ноогоҳ, дониставу надониста, бо завқу бе эҳсос) гоҳ дар саҳфаҳои китобу дафтар, гоҳҳо (сад таассуф ки) дар поралибосу ҷисму тани зани арғуштии нимаурён ва бештар дар ҳеҷ куҷоҳо боқӣ мемонад..
Духтури чашм бегона нест, аммо пойҳо, мисли он ки бо чашм қаҳрианд, маро ҳамон утоқи овезаҳои пури ҳарф набурданд. Чанд муддат аст, ки дилу иродаву дастҳо ҳам ғами чашмҳоро надоранд. Ҳарчанд мағз ҳар шаб дар ҷаласаҳои панҷдақиқагии пеш аз аз хоб онҳоро сарзаниш мекунад ва ҳалли ҳамин чиро барои фардо пешашон мегузорад.
Ӯ аст, ки ба хобам омада. Чашму рӯяшро намебинам. Вале садояшро мешунавам. Аввал чизе мепурсадам ва баъд чанд қатрае аз он зарфчаи хурди доруи чашм ба кунҷи чашмонам мерезад…
Очаам буд….
Очаам буд, ки қариби бомдод, айнан ҳамон вақте, ки рафта буд, чашми бачаашро, ки ҳанӯз аз ғам кӯр нашуда, табибӣ омада аст…
Саволҳоям бе ҷавоб монд, хуморам нашикаст, аз пушташ лоақал то дами дар нарафтам..Натавонистам, мисли он, ки чил сари сол пеш ҳам натавониста будам, кадом кореро барояш анҷом диҳам….
Ҳама зарфчаҳои доруи чашмро бӯй мекунам, шояд бӯйи дастони нарму гарму акнун биҳиштдидааш дар онҳо монда бошад…
Вой, оча…

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Рӯзи модар, Файзобод, алам, волидон, китобҳои Субҳон Ҷалилов, модар, оча, очаҷон, рубоёти модар |












Добавить комментарий