Рӯзи радио барои тоҷикону тоҷикистониён аслан санаи дигар аст, вале анъанаи таҷлили он дар рӯзи 7- уми май аз замони шӯравӣ санаи асосии таъсиси радио ва радиошунавониро дар кишвари мо андаке беранг сохтаву ҳам як андоза онро ба фаромӯшӣ бурда буд. Рӯзи радиоро васеъ ва якҷо бо кормандони соҳаи алоқа таҷлил мекарданд…
Ҳар гунае, ки бошад, РАДИО барои ман бештар аз радио аст, зеро ман бисту чанд соли ҳаётамро дар роҳравҳои ин даргоҳ ва дар студияҳои радиоӣ сипарӣ кардаам. Тахминан тамоми солҳои ҷавониро, авҷи нерӯ ва тавоноиҳои ҷисмӣ ва зеҳниро….Ҷозиба, муҳаббат, одаткунӣ ва ҳатто вобастагии шадиду фарқкунандае дорад радио.
— воситаи хеле осону қулайи дарёфти иттилоъ аст;
— фаврият инҷо бештар таъмин аст ва афзалияти асосии радио нисбат ба ВАО-и дигар аст;
— мактаби бузурги таҷриба аст, ки баъди гузаштани он дар самту соҳаҳои дигар ҳам, ки фаъолият кунед, ба қавли мардум азоб намекашед;
— суҳбатҳои доимӣ бо ҳазорҳо нафар, омӯзиши афкори умум, набзи ҷомеа ва мардумро эҳсос кардан, мушкили онҳоро дарк кардан ва доштани имкони мусоидат барои ҳалли аксари онҳо, тасаллӣ додан, ҳамдарду шодишарикаш будан, самимона ва беғараз дӯстӣ варзидан ва дӯсту ошнои ҳазорҳо кас будан, рӯҳу равони мардумро болида сохтан, ба инсонҳо умед бахшидан..ва саду як афзалияти бартариву имконияти дигар аст РАДИО;
Рост аст, ки имконияту истеъдоди инсонҳо баробар нест ва он нобаробарӣ ҳам дар кору фаъолияти радиоӣ рӯшан эҳсос мешавад ва ҳам имкони интихоб, таҳлил ва хулосабарориро фароҳам меорад. Ман ки зиёдтар таҷрибаи кор дар радиои хусусиро дорам, хулосаву гуфтаҳоям дар зер бештар ба ҳамин гуна радиоҳо ва коргоҳҳои дигари эҷодӣ дахл дорад.
Бо назардошти ҳама арзишҳо ва рисолатҳое, ки аввалтар аз ҳама як инсон ва баъдтар як шаҳрванд ва як журналист ё ошиқу дӯстдори радио дорад, мешавад кӯшид то ба ҳамин чанд саволи аз назари аввал сода посух гуфт, ки радиоро кӣ бояд таъсис бидиҳад ва фаъол нигоҳ дорад, кӣ онҷо кор кунад, киҳо бояд онҷо сари идеяи ҷолибу миллӣ муттаҳид бошанд?
— онро бояд як ё якчанд каси содиқ ба арзишҳову анъанаву забону фарҳангу ҳунари миллӣ бисозанд;
— онҷо бояд соҳибкасбоне кор кунанд, ки як қадам пештар аз дигарон, ё лоақал ҳамқадами замона бошанд, даст рӯйи набзи ҷомеъа дошта бошанд;
— онҷо бояд ҳатто дар ҳоли тиҷоративу хусусӣ буданаш ҳам, пул ва фоида ҳадафи аввалин ва ягона набошад;
Аммо мушоҳида мешавад ва баъзан овоза ҳам мешавад раванду амалу рӯйдод ва натиҷаи фаъолияту кору бору бархурд дар ин гуна даргоҳи эҷодӣ, ки аксаран нигаронкунанда ва ислоҳталаб аст. Ман шояд дар кадом банди поин хато кунам, вале раддабандии мушкилоти маҳз дар ҳамин самт ҷойдоштаро сирф аз рӯйи мушоҳида ва хулосаҳои чандсолаи худ меорам:
— аз кори эҷод дур будани муассис ё ҳамтоёни онҳо, дахолати нодуруст ба кори эҷодӣ ва мисли ин дар идома боиси бӯҳрони эҷодӣ ва корӣ мешавад;
— якчанд роҳбару корфармову нозир доштани як корманди одӣ боиси сардаргумӣ ва мушкили кориву эҷодӣ мегардад;
— набудани ҳадафу шиори мушаххас, сиёсати дурусти корӣ ва фазои озоди эҷодӣ ба хубиҳо ва некӣ намебарад;
— ҷудокуниҳо миёни кормандон, ба баъзеҳо бартарӣ ва афзалият додан, бо ҳама якхелу якфеълу баробар набудани масъули асосӣ ё масъулон ҳатман рахнаву таркишу тарқиш дар пайкари радио хоҳад овард;..
Иловатан хуб нест ва оқибати ногувор дорад, агар корманди одӣ аз эҳтиром бархурдор нест, ягон хел қадршиносӣ намешавад, сатҳу сифати зиндагиаш баробари роҳбараш боло намеравад, кормандоне ба кор ҷалб мешаванд, ки аз кӯчаи эҷодиёт нагузаштанд, дар як ё ду сол аллакай дар тамоми ВАО ба кор омадаву рафтаанд, агар як гурӯҳ кормандон дуруғгуву хабарчину бузу тамаллуқкоранд, агар тасмимҳо дар ин коргоҳи эҷодӣ якҷоя гирифта намешаванд, агар вазъу имкониятҳои молиявӣ аз назари дигарон пӯшидаву пинҳон аст ва боз чандин АГАР-и дигар…
Акнун мантиқӣ мешавад, агар баъди он чизе, ки болотар овардем, аз нигоҳи як корманди одӣ, ки ман худро ҳоло ба ҳамин қатор ворид мекунам, баъзе талабу хоставу интизориҳоро ҳам баён кунем. Яъне, як корманди одӣ бо доштани ҳамин имкон, бо фароҳам овардани ҳамин гуна шарту шароит ҳатман содиқонаву самимона дар коргоҳи эҷодии шумо кор мекунад:
— агар арзишҳои инсонирову миллиро болотар аз ҳама чиз гузоред;
— агар барои иҷрои масъулият ва уҳдадориатон миннат накунед;
— агар пайваста аз зиндагии шахсиаш огоҳ ҳастед, то ҳадди тавон ва имкон дастгириаш мекунед;
— агар барои такмили ихтисосаш талош мекунед ва шароит фароҳам меоред;
— ба курсҳо равон мекунед, ба сафарҳо мефиристед, китобу адабиёти заруриро ба коргоҳ меоред, вохуриҳоро бо мардуми донишманд ташкил мекунед;
— агар шаффофияти дахлу даромаду сарфу харҷи молӣ ва молиявиро таъмин мекунед;
— самимона мепурсед, ки маошашро чӣ тавр то моҳи дигар мерасонад, чӣ мушкил дорад, чӣ қадар қарздор аст ва ё лоақал ҳамин нимрузӣ чизе хурда буд?
— агар дар бораи нақшаву тасмимҳои бузургаш мепурсед ва огоҳ мешавед, то дар ҳоли имкон фароҳам омадан дастгирӣ кунед ё лоақал барои расидан ба он ҳадафҳо барояш таҳрик ва ё мотиватсия бидиҳед;
— агар ки тӯҳфаи пулӣ ва молӣ дода наметавонед дар иду ҷашнҳо лоақал дар як варақ ифтихорнома ё сипоснома чоп карда, самимона ба дасташ месупоред;
— агар донишу саводу таҷрибаатонро самимона ва бетамаъ ба онҳо тақсим мекунед;
— агар дар идҳо ва зодрӯзашон ду ҷумлаи худатон фикркардаро рӯ ба рӯ ё лоақал дар шакли СМС барояшон равон мекунед;
— дар рӯзҳои азо ва ҳолатҳои дигар беғараз кӯмакашон кардаву дар канорашон меистед;
— агар ба андеша, пешниҳод, фикру хулосаи онҳо эҳтиром мегузоред, дурустӣ ва нодурустии онро бо далел барояшон мефаҳмонед;
— агар касеро нисбат ба дигарон болотар намегузореду бартарӣ намедиҳед ва ба «любимчик» табдил намедиҳед;
— агар дар ҳама кору бор адолатро риоя мекунед ва ҳақро ҷонибдорӣ мекунед;
— агар дарк мекунед, ки як ровии хуб баъди пайваста омӯхтан ва таҷриба касб кардан, фақат дар 7-8 ва ҳатто 10 сол омодаву тайёр мешавад;
— агар дар ҳолати хато карданаш, мушкилӣ ва вазъи душвор ӯро ислоҳ мекунед, аз корманд ҷонибдорӣ мекунед, канораш меистед ва ӯро танҳо намегузоред;
— барои истироҳат, рухсатӣ ва табобаташ мусоидат мекунед, маблағ ҷудо мекунед ва аёдат меравед;…
Бояд гуфт, ки ҳамаи он чизе, дар болотар овардам, аввал ин ки анҷом доданаш имконпазир аст ва баъд ин ки ҳамаи он дар қонунгузориҳои ҷорӣ ва санадҳо ҳуқуқӣ ҳаст, оварда шудааст, пешбинӣ гардидааст. Фақат мо ё намедонем ё талош мекунем, ки корманди одӣ ҳамин чиро нафаҳмаду надонад. Кормандон ҳам, ки махсусан дар радио, хоксору меҳрубону самимианд, ин чиро аксаран на интизор мешаванд ва на талаб мекунанд…
Паҳлӯи дигари хеле муҳим дар радиошунавонӣ — худи шунавандаҳо ҳастанд. Сатҳи донишу дарки аксарияти онҳо, таҳлил ва тафаккури интиқодии онҳо, мутаасифона боис ба он шудааст, ки ҳар касе, ки пеши микрофон нишаст, баъди як барнома, ҳатто бе он ки мубтадоро аз хабар фарқ кунад, «ситора» мешавад. Масъули он радио, корманди идораи кадр, мудири барномаҳо ё муҳаррири масъул аввалтар аз ҳама гунаҳкор аст, ки механизмҳои санҷидашуда ва усулҳои гуногуни муайянкунии сатҳи саводу дониш ва ахлоқи номзадҳоро ба кор дар радиои хусусӣ надоранд, намедонад ва фикр ҳам накардаанд.
Мунаққидони радио ҳам аввал ин ки хеле каманд ва баъд ин ки дигар хаёлам вазъи саводу донишу мантиқи ровиён шояд ислоҳнопазир аст гуфта, аз кори нақд дур рафтаанд ва хоҳишу завқи таҳлилу ислоҳро надоранд. Маҳз ҳамин сабаб шудааст, ки матни рекламаҳо аксаран содаву обшӯста, баъзан мантиқан ғалат, тарҷумаҳо таҳтуллафзӣ, ё тариқи Гугл хандаовару дағал, гуфторҳо якранг, бунёди луғавии ровиён хароб ва шухиҳо ноҷову беҷо аст. Албатта норасоии кадрӣ ҳам мушоҳида мешавад, вале он бояд баҳонаи асосӣ набошад. Ҳоло мушоҳида мешавад, ки роҳбарону масъулини ҳама радиоҳо ровии босаводу ботаҷрибаро интизор мешаванд, мекобанд, аммо аз ҷониби худ барои тайёр кардани ҳамин гуна мутахассисон кам иқдом мекунанд. Тарафи дигари ин мушкил ҳамин аст, ки ҳоло дили роҳбару масъули коргоҳи эҷодӣ аз баъзе кормандон, ки ба назар ояндадор мерасанд, пур нест. Фақат якчанд моҳ дар коргоҳҳои эҷодӣ фаъолият кардани онҳо, ғурури ноҷо, шуҳраталабии содалавҳона ва худхоҳии ғайриқобили қабули онҳо (ки дар ҳоли зарурату хостан онро ислоҳ кардану тағир додан мумкин аст) албатта шубҳабарангез ва ҳушдордиҳанда аст.
Коргоҳи эҷодӣ аз ҷойҳои кории дигар фарқ дорад. Рӯҳияи болида ва корӣ, вақти хуш, фазои солими эҷодӣ, шароити арзанда ё лоақал хуби корӣ, менеҷменти дурусту оқилона, ҳамкорони босавод, покният, ҳолати хуби психологӣ ва мисли инҳо баъди саводу донишу таҷрибаи ровӣ омилу факторҳои муҳиме ҳастанд, ки сифати гуфтор ва барномаҳои радиоӣ аз он ҳам вобаста аст. Роҳбаре, ки эҷодкор набуд ва нест (ё пушти дараш барои кормандон менависад, ки бе мувофиқаи пешакӣ надароед!
) наметавонад ин чиро дарк кунад. Аммо корманде ҳам, ки дониш надорад, саводи кофӣ надорад, эҷодкор нест, аз истеъдоди хаёлбофии рангин маҳрум аст, наметавонад корманди содиқи радиои хусусӣ ва тиҷоратӣ бошад. Ӯро дигар ҷангу ҷанҷол кардан фоида надорад. Бояд ӯро ҳамон рӯзе, ки дар дилатон чун роҳбар аз бесаводиву ахлоқи нохубаш шубҳа рафту бо далел тасдиқ гашт, фавран бо ровии босаводтару донишманд иваз кард. Ин ба кормандони идораҳои дигар, мисли техникӣ ва тиҷорату маркетинг ҳам дахл дорад. Зеро сад сол пас ҳам ҳатман шумо ин корро мекунед…
Бо баҳонаи Рӯзи Радио ба чанд нуктаи дигар ҳам ишора кардем ва чанд чизеро ҳам аз таҷриба гуфтем, ки метавонад комилан дуруст набошад ё шумо ҳақ доред ба он розӣ набошед. Ин ҳамон ҷузъиёте буд ҳоло нопурра, ки дар кори ташкилу идораи радиошунавонии мустақил хеле муҳим ва ҷиддӣ буда, аксаран барои шунавандаи одӣ ва ҳатто таҳлилгарону мунаққидон ҳам пӯшидаву ноаён аст. Вале он ҳатто дар баъзе маврид шояд аз доштани техникаи навтарин ва офиси замонавӣ ҳам муҳимтар ва муқаддамтар бошад..
Рӯзи Радио муборак бошад! Ҳазор дуруду сипосу дуо ба рӯҳи поки асосгузорону раҳкушоёни радиои миллӣ, устодони касби хеш, соҳибони садоҳои марғуладору махмалин, сипос ба ҷавонони бо ғурур, пешсаф ва донишманде, ки дар саргаҳи таъсиси радиоҳои тиҷоративу хусусӣ буданду ҳастанд, арзи эҳтиром ба ҳар сухандону суханфаҳму сухангӯву сухансанҷ, сипос ба ҳар инсони фарҳехта, ки аз ҳамкориву дӯстӣ бо ӯ сабақе барои идомаи умр доштем.
Умратон бо баракату саодату нишот дарозтар аз умри радио бод!
Ва баъзеҳое, ки дар зиндагиву кору эҷоди инҷониб ягон хел ҳузур доштеду лекин номатону сифататон дар банди болоӣ набуд, шумо ҳам фаромӯш намешавед, шумо ҳам зинда бошед, ки муқтазои табиати шумо ман ва мислам даҳҳои дигарро бедортару огоҳтар карду устувортару хушбахттар!!!

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: 7 май, Радио, Радио Сомон, Рӯзи радио, Субҳон Ҷалилов, директори кулл, корманди радио, менеҷмент дар коргоҳ, менеҷсент дар коргоҳ, роҳбар |











Добавить комментарий