Аввалин андешаи интихоб ҳамоно дар поини роҳи деҳа ба зеҳнаш омада буд: намонад ё бимонад? Биравад ё наравад? Саволҳои ҷиддитаре ҳам то дергоҳ мағзашро машғул медошт, ки беҷавобтаринаш ин буд: кӣ ӯро оё ба ёд хоҳад дошт ва ё чанд вақт пас фаромӯш хоҳад шуд? Мардуми ин деҳа, ки оҳангару дуредгару даравгарашро як рӯз баъди вуруди боз як оҳангару дуредгару даравгари дигар ва ҳатто ноошно ба деҳа фаромӯш карда буд, як бечораи толиби илмро чӣ қадар вақт метавонист дар ёд дошта бошад?
Ва ҳам дили ин ҷавон аз ҳамон мардуме, ки дар гармиҳо дар суроғи борону шамол асту вақти борандагӣ суроғи офтоб ва дар торикиҳо суроғи рӯшноиву ба вақти дуздиҳо дар суроғи торикӣ ба тамом монда буд. Ҳам монда буд ва ҳам рафт дилашрову хаёлашрову кӯдакиҳояшро инҷо монда…
Ва ӯ дер фаҳмид, мисли ишқи деромада, душмани дӯстнамо ё мисли шинохти дертари дузди худӣ, ки дар халтаи латтагини модараш дӯхта, дар миёни бастаҳои гандумбирёну қуруту кулчаи орди гандум, чанд чизи дархӯру зарур дар муносибат бо мардумони водиҳо ва шаҳрҳои навбунёд набуд. Ва он дар халтаҳои сафарии сокинони дигари деҳ низ, ки имрӯз бори аввал фаротар аз кӯҳҳову роҳҳои атрофу гирду гӯшаи деҳ мераванд, нест ва набуд. Инҷо ҳамеша ҳар пирамарди сари роҳу ҳар пиразани лаби чашма гӯё назорат мекард, ки касе як санг ҳам аз лаби обу соҳили дарёчаи деҳа дар халтааш набарад, то дар поинҳо бо ин бурдану истифода бурдан обу руйи деҳаро набарад…
Баракси дӯстдоштааш, ки акнун ишқи хаёлӣ ва қаҳру нозро аз филмҳои туркӣ ёд гирифта буд, китобҳои кунҷи ҳуҷраи хобаш, ки баракси ҳуҷраҳои қуфлдори ғизову захираҳо бе қуфлу калид ва бо дари кушода буд, ба ҳамдигар аз сардии муносибати соҳибашон гила намекарданд. Онҳо баракси ду бародари мухолифандеша (бо ду чашми ало сӯйи як ҳавлӣ), ду ҳамсари ҷанҷолӣ (бо назари ҳавас сӯйи бегона), ду ҷонишини як раис ( бо эҳсоси душмании пинҳонӣ) ва ҳатто ду зани ширфурӯши таги як бино (бо рақобати носолим) орому сокиту пӯшида канори ҳаму паҳлӯи ҳам ҳам росту ҳам хобидаанд…
Ва он абри тори сари деҳа буд, мисли мӯйҳои сафеди осиёбдори деҳ парешон, ки бо зӯри шамол аз пеши чашми офтоб канортар мерафт ва мӯсафедони дигарро маҷбур месохт, ки чашмони ҷарроҳишудаи худро бо айнакҳои сиёҳ, ки кайҳо боз дигар барояшон нишони воҳима нест, пӯшонанд. Дигар ҳамин ду роҳ ҳаст: ё ту чашмҳоро аз ҳаром бо айнак мепӯшӣ ё пештар аз он, ки бо нуги ангуштони муллои ёсинхон пӯшида шаванд, Худо онҳоро бо парда мебандад…
Ва ҳамин роҳ буд, бо ду канори сабз ва дарахтони сафкашида дар канораш мисли соҳибони тӯй ва ё мотам интизори ҳар азизи дар ёд будаву аз ёд рафта, мисли фархи сари пуштаҳо, мисли шаҳраги деҳа, мисли изи ҷароҳатҳои таърихии мардумони як вақт шаҳрнишин…
Ӯ на аввалин ва на охирин сокини ин деҳа аст, ки гӯё азми сафар ба деҳаи дигар дорад . Ва ин роҳ буд ва ҳаст, ки раҳравонро, гоҳ пиёдаву гоҳ савора, гоҳ серу гоҳо гурусна, гоҳ бо дили пур аз орзӯ ва гоҳо бо дилу меъдаи холии холӣ, гоҳ боаламу гоҳ аламбадаст, гаҳ рӯйи дастони модару гаҳ рӯйи дастону китфони мардумони ҷанозахони умедвори як қироту ду қирот савоб ҳам оварду ҳам бурд ва ҳам меораду хоҳад бурд..

Filed under: Майдони бахс ва андешарони |











Добавить комментарий