Маскун (ҳикоя)

Қисми зиёди меҳмонони ин толор онҳое ҳастанд, ки худи ин ҷой ва тартибу низоми дар ин мақом мавҷударо имрӯз бори аввал медиданду шоҳид мешуданд. Барои аксарият, ки занону духтарон буданд, ҳама чиз — сар аз либоси се тане, ки дар бари боло нишаста буданд, то посбонҳои рост истодаи бари поин ва минбарҳо барои сӯҳбати даъватшудаҳо мароқангез ва ҷолиб буд. Ба матни ҳалнома, ки судя қироат кард, ҳамагӣ бо диққат гӯш андохтанд. Муҳимтарин банди он, ки барои ҳама фаҳмо буд, ҳамин буд, ки «он зан ҳамроҳи ду фарзандаш дар ҳавлии собиқ ҳамсараш маскун шавад…’

Дар деҳа тӯйҳо он қадар бодабдабаю бо ҳангома нестанд. Махсусан,тӯйҳои дуюм (яъне, агар мард маротибаи дуюм хонадор шавад) хеле хоксорона мегузаранд, боз ҳам агар арӯс ягон духтари чусту чолок набошаду баргузории тӯйро барои дугонаву шарикдарсонаш аз домод талаб накунад. Аммо имрӯз ба деҳа як ронандаи такси арӯс овард. Оиладориаш маротибаи дуюм ҳам, ки бошад, барои дугонаву дӯстони арӯс, ки хеле зиёд буданд, дар як тарабхонаи шаҳр туй баргузор кард. Чанд дӯсти худаш аз бачаҳои қишлоқ, ки дар он туй ширкат доштанд, ҳис карданд, ки кампири модари домод аз ин туйю сӯр бехабар аст…

Шиносоии онҳо аввалтар аз ҳама гӯё корӣ буд. Кам ронандаи такси ҳаст, ки корҳои дигари даромаднокро ба ҷуз мусофиркашонӣ надошта бошад. Боз ҳам вақте ки он «корҳои дигар» даромади бештар аз корӣ асосӣ доранд. Аз ҳама чӣ даст кашидан мумкин аст, аммо аз ҳамраҳӣ ва якҷоягӣ бо духтарони зебо…

Шояд ба ҳамин хотир ин бозор ҳамеша гарм аст ва онҳое, ки бандча-бандча пулро маҳз барои ҳамин корҳо сарф мекунанд, на фақат кам нашудаанд, балки ҳатто зиёдтар мешаванд. Ин зани мусофир акнун гӯё ба ронанда, ки дар банди ғуссаи оилаи пошхӯрдааш буду пули зиёде аз бонк ва дӯстони пулдораш қарздор буд, роҳу василаи наву осони пул ёфтанро меомӯхт. Онҳо рӯзҳои аввал фоидаро миёни ҳам тақсим мекарданду баъдтар асрори худрову қиссаҳои ошиқонро бо ҳам тақсим… Ва кор, инак, то туй ҳам расид…

Касе аз хонаводаи ҳамсари собиқаш боварӣ надошт, ки ӯ меояд. Кампир ва писараш фикр мекарданд, ки ӯ ҳатман аз пушти зиндагии худаш мешавад ва дигар ёди ин қишлоқ намекунад. Аммо имрӯз ӯ омад. Аз шаҳр ба ин деҳа, ки дар домани шаҳр ҷойгир аст, чанд дақиқа роҳ аст. Чанд навраси деҳа, ки аслан на сабаби рафтани ин келинро медонистанду на далели омаданашро, борхалтаҳои ӯро бардошта, по ба пойи кӯдакони хурдсоли ӯ то дари ҳавлии кампири Савлат омаданд. Кам касон дарк мекарданд, ки чӣ гап аст ва кам касоне буданд, ки ин қиссаро медонистанду ҳайрон нашуда буданд. Ӯ бо ҳалномаи суд дар ин ҳавлӣ, дар ҳо ана ҳамон як дар хонаи ба дараш қуфл овезон акнун маскун шудааст. Ӯ ҳам намедонист, ки шавҳари собиқаш ба ин зудӣ зани нав мегирад ва боз ҳам бо карнаю сурнай ҳамсари навашро ба ин ҳавлӣ меорад. Ба ин рӯз иттифоқ афтидани бозгашти ӯ ба ин ҳавлӣ ҳам тасодуфи боварнакарданӣ буд. Махсусан, хоҳарони шавҳари собиқ, ки ин корро аллакай қаблан тарҳрезишудаву махсус анҷомдодашуда унвон карданд, омода буданд, ки бо як ишора янгаи собиқро пора-пора созанд ё лоақал то қаноатманд шудан лату кӯб кунанд. Хавфи бештари сар задани ҷанҷол ва овоза шудани ҳамзистии акнун ду занро дар як ҳавлӣ ба назар гирифта, ин зан бо ҳарду кӯдакаш чангу хоки хонаи беодам ва риштаҳои кунҷи дару тиреза танидаи анкабутро таҳаммул кардаву аз бегоҳ то қариб нимрӯзии рӯзи дигар, аз ҳамон хона берун наомаданд.

Ӯ аввал хонаи ҳамин гуна шахсонро намедонист , ягон бор ба онҷо нарафта буд, аз хизмати онҳо тамоман истифода намекард. Аммо акнун ҳамроҳи мизоҷи наваш чанд карат аст, ки ба он ҷойҳо меравад. Ӯ акнун варианти гайримаъмулии истифодаи обу чойю қуфлу калид ва меваву шириниҳоро хуб медонист. Кадом вақте ҳатто маҷбур шуданд ширинии зиёдеро, ки бо сабаби «дар хонааш набудани ҳамон кампири ҷодугар» аз нӯри офтоби фасли гармо қариб буд, ки об шавад, ҳарду якҷо дар даруни мошин хӯрда буданд. Ӯ акнун вақти бештарро бо ҳамин зан ва даруни мошину даруни фароғатхонаҳои гуногун мегузаронд…

Ҳамсари собиқ ва акнун маскун ҳамин шаб аз ҷанҷоли домоду арӯс завқ бурд. Ба худ фикр кард, ки на ҳама мисли ӯ пуртоқат асту андешаи амиқ дорад. Домоди кӯҳнаву нав намедонист чӣ тавр ба он мизоҷи ба таври асроромез ба ҳамсараш табдил ёфта фаҳмонад, ки нияти дар ин ҳавлӣ маскуншавии ҳамсари собиқашро намедонист. Чанд бор ҳатто ба дилаш гузаронд, ки дар чанд рӯзи зиндагӣ пеш омадани мушкил дар муносиботи домоду арус оҳи сарди ӯ ва кӯдакони ноумедгаштаву аз таваҷҷӯҳи падар бенасиби ӯ аст.

Ҳарчанд баъди ҳалномаи суд чанд тан аз суд-иҷрочиҳо ва волидону наздикони ҳамсари собиқ ба ҳавлӣ омада, хонаи зисташонро қуфл задаву калидро ба дасти ҳамсари собиқ дода буданд, ҷавон боварӣ дошт, ки ҳамсари собиқаш асло ба ин ҳавлӣ, ки дигар касе ӯро инҷо интизор нест, намеояд. Инро фақат келини нав намефаҳмид…

Ҳарду ҳамсар — яке собиқу яке кунунӣ, шояд аввалин рӯ ба рӯ шуданро дар роҳравҳои ҳавлӣ интизор буданд. Илоҷи дигар ҳам набуд, зеро келини нав ва келини маскуншуда агар ҳуҷраҳои алоҳида ҳам дошта бошанд, ошхонаву обхонаашон умумӣ ва муштарак буд. Баҳонаҳо барои ҷанҷолу димоғсузӣ ва киноягуйӣ акнун содаву зиёд буданд.

Аз хубиҳо дар чанд ҳафтаи маскуншавӣ фақат ҳамин буд, ки кампири хушдоман, ки келини навашро фақат акнун бегоҳ ва шаб медид, дигар аз косаҳои хӯроки аз ин гӯшаи ҳавлӣ ба он гӯшааш равонкардаи келини маскуншуда ҳазар намекард, балки ҳатто онҳоро интизор ҳам мешуд. Чанд бор, келини маскуншуда вақте ҷанҷолу шикояти кампирро аз ғизоҳои белаззати келини нав мешунид, ба хотири савоб ҳатто мехост асрори ғизоҳои болаззат ва дӯстдоштаи кампирро ба он зан ошкор кунаду гуяд. Ҳатто шояд розӣ мешуд, ки тарзи омода кардани онҳоро ба ӯ фаҳмонаду нишон диҳад. Ҳар қадар ки кампир аз келини нав норизо буд, ӯ ба ҳамин ҳад келини маскуншуда ва кӯдакони дустрӯйи ӯро бад медид…

Мард бо ҳамсари наваш, ки ҳеҷ ба деҳа ва кору бори он, ба муносибат бо аъзоёни дигари оилаи нав ва махсусан хушдомани пираш, одат намекард, акнун фақат ҳар саҳар раҳораҳ то шаҳр ва вақти ғизохӯрӣ дар ин ё он ошхонаву қаҳвахонаи сарироҳӣ сӯҳбат мекард. Инро ҳатто сӯҳбат ҳам гуфтан мумкин набуд, зеро дар он келини нав фақат шикоят мекарду домоди кӯҳна фақат хомӯш ӯро гуш мекард. Ин сӯҳбатҳо ба ӯ он гуна таъсири бад расонида буд, ки мард ҳатто ба кӯдаконаш, ки аслан мавҷудияти сарҳадҳоро дар он ҳавлӣ намедонистанду эътироф намекарданд ва ба хонаи бибиву назди падар меомаданд, ҳеҷ таваҷҷӯҳ ва дилгармии ошкоро надошт. Кори зану шавҳари нав аксаран ба воситаи телефон буд. Фармоишҳоро барои дастраскунии духтарони зебо ба ин ё он маҳфили мардони фосиқ онҳо, махсусан келини нав, аксаран телефонӣ мегирифтанд. Даромад мисли он, ки пештар аз тӯйи онҳо буд, миёнашон баробар тақсим намешуд. Ҳиссаи зан бештар буд, зеро ҳам доираи мизоҷони шиносҳои ӯ зиёдтар буду ҳам шикваву таънаҳои ӯ бештар…

Кампир агар як вақт аз танҳоии писарашу аз хонавайронии ӯ пеши ҳамсояҳо гиря мекард, акнун пинҳонӣ дар набудани писарашу келини наваш пеши келини дар як ҳуҷраи ин ҳавлӣ маскуншудааш алам мекарду мегирист. Ба гумони ғолиб ӯ дарк кардааст, ки сабабе, ки бо он писару келинаш ҷудо шуда буданд, киройӣ набуд, балки як баҳонаи содае беш набуда. Қиссаҳои дуруғину пухтупазҳои таърифӣ ва бомаззаи келини нав, ки писараш бо модар дар миён мегузошт ва мехост ҳамин тавр роҳро барои ҳамсари ояндааш ҳамвортар кунад, ӯро акнун бештар ба шубҳа мебурданд. Ронандаи таксии доим гушна чӣ медонист, ки дар он ширинӣ нафаси кӣ ва бо кадом мақсад дамида аст?

Келини маскуншуда аввал дарк намекард, ки чаро кампир қиссаи ҷудошавии онҳоро ба тафсил мепурсаду чизи бештаре шунидан мехоҳад, фикр намекард, ки чаро ҳар чизи ба талоқу ҷудошавӣ вобастаи ба назари ӯ ҷузъӣ ва камаҳамият ҳам мавриди таваҷҷуҳи хоссаи кампир қарор мегирад!?

Шояд ҳамин гуна суҳбатҳои аз назари дигарон пинҳонии кампир ва келини маскуншудааш барои мард ошкор шуд, ки ӯ чанд карат бо ҳамсари собиқаш ҷанҷол кардаву ӯро дар кӯшиши вайрон кардани зиндагии «акнун ширинаш», гумонбару гунаҳкор ҳам кард. Он ҷанҷолҳоро кампир ҳам мешунид ва дар миён ҳам медаромад. Охирин ҷанҷоли сахту таҳдиду таҳқирҳо ба келини маскуншуда ҳамон бегоҳе буд, ки кампир ғайриинтизори ҳама ба писараш қатъиян гуфт, ки «агар бо зани наваш зиндагиро давом доданӣ аст, пас, хонаи ӯро тарк кунад ва барои ҳамсараш манзили иҷора гиранд». Ба гуфти кампир, бе ин ҳам келин аз субҳ то шом дар ин ҳавлӣ нест, гӯё дар шаҳр кор мекунад ва ҳафтае ду се шаб ба хонаи волидонаш меравад…

Чунин ба назар мерасид, ки писару келини кампир ҳамин чиро интизор буданд. Онҳо акнун ҳафтае як ду карат дар ҳавлӣ пайдо мешуданду халос. Аксаран писари кампир буд, ки гӯё хабаргирии модараш меомад. Ба ӯ акнун ягон чиз намефорид — на омаду рафти кӯдаконаш ба ҳуҷраи кампир, на ҳамроҳи кампир хоб рафтани якеи онҳо ва на муносибати акнун ба гармӣ гаравидани модару келини маскуншуда. Ҳамеша аз модараш, аз духтарони навраси ҳамсоя, аз келинҳои ҳамсоя, ки баъзан ба ин ҳавлӣ меомаданд, мепурсид, ки ягон кас ба хонаи собиқ ҳамсари ӯ меояд ё не? Оё ягон амалу кори шубҳаовари ӯро ҳис накардаанд? Ӯ ба бозору мағоза бо чӣ либос ва барои чанд вақт меравад? Ба назар мерасид, ки ӯ ҷавобҳои табъи дил намегирад вагарна, ҳар вақт ин гуна хомӯш ва бо қавоқи овезон, вале бе ҷанҷол аз ҳавлӣ баромада намерафт. Ҳама медонистанд, ки келини маскуншуда, ки дар ҳаққаш саду як овозаву дарвозаву тӯҳмат паҳн карда буданд, чӣ гуна зан аст ва чӣ хулқу хислат дорад. Дар бораи писари кампир ва ҳамсари наваш ҳам қиссаҳои зиёде шунида буданд, ки бо назардошти сару либосу гапу хабар ва феълу рафтори келини нав кас албатта ба аксарияти онҳо бе чуну чаро бовар мекард…

Онҳо дар манзили иҷораашон худро гӯё як андоза роҳаттару оромтар эҳсос мекарданд. Зан акнун дар хона асту мард дар фосилаи пайдоиши дархост, ба мусофиркашонӣ машғул аст. Махсусан, шабона, аз рӯйи таҷриба ӯ қариб ҳама мусофирони худро аз рӯйи баъзе хусусияту нишонаашон мешинохт. Бо тахмини зиёд медонист, ки мизоҷ аз куҷо омадааст ва ё ба куҷо меравад?

Ба назар мерасид, ки манзили иҷораи онҳо барои пулёбӣ ва авҷи кору борашон мусоидат кардааст. Вале ин тавр не, ки онҳо тамоман бе ҷангу ҷанҷол зиндагӣ мекунанд. Масалан, қариб ҳамеша бо шунидани садоҳои шубҳаовари мардона, махсусан садои он фармоишгарону мизоҷоне, ки худаш намешинохташон, бо ҳамсараш баҳсу ҷанҷол мекард. Охирин ҷанҷолашон сари он буд, ки зан барои харидани мошини нав аз ҳамсараш пул талаб кард. Ҳамин дина рӯз буд, ки кадом ронандаи таксии дигар дар омади гап гуфта буд, ки «зан, ки мустақил шуду пул пайдо кард, хонаву мошин харид, тамом, дигар шавҳарашро гӯш намекунад ва ба ӯ итоат ҳам намекунад». Шунидани ин сухан ӯро тарсонида буд, мисли он, ки ба ёд овардани он акнун ҳар карат тарсу хавотириро дар дилу зеҳни ин мард, ки акнун аз рашки зиёду шубҳа азияту парешонхотирӣ дорад, тақвият бахшидаву устувортар мекунад….

Келини маскуншуда намешунид, ки кампир писарашро дар ҳар кунҷи ҳавлӣ ва баъзан рӯйи кату даруни хона, чӣ насиҳат мекунаду ба ӯ чӣ мегӯяд. Вале аз қиёфаи шавҳари собиқ ӯ ба осонӣ дарк мекард, ки мавзӯи сӯҳбатҳо ҷиддӣ асту интихобу тасмим барои писар осон нест…

Чанд карат занг задани ҳамсарашу саволи шаб ба деҳа рафтану нарафтани ӯ ягон шубҳаро ба дили ин ҷавони ронандаи такси наовард. Ӯ ҳам мисли садҳо марди дигар, ки агар пештар аз хӯроки нимрӯзиву шом барояш занг задаву пурсанд ё даъваташон кунанд, дар курта намеғунҷанд, аз ин пурсишу зангҳои ҳамсараш, ки дар манзили иҷора танҳо буд, хурсанд шуд. Ба ҳар сурат, таваҷҷӯҳи зан, суроғ кардани мард, пурсидани аҳволи ӯ — яке аз нишонаҳои дӯстдории ӯ аст. Ӯ ҳамин тавр фикр мекард…

Зери рӯшании чароғи мошин дар канори роҳи кӯчаи асосии шаҳр марде ба назар расид, ки таксиро бо як дасти пакетдораш манъ кард. «Ҳамин охирин мусофир барои имшаб. Кофӣ аст. Деҳа бояд равам…»

Мусофир шояд ҳис намекард, ки соат яки шаб аст. Бо телефон хеле баланду дағал сӯҳбат мекард. Ронанда баргашта нишонии кӯчаеро пурсид, ки мусофир вақти нишасташ паст талаффуз карда буд. Фақат баъди он, ки мусофир барои фаҳмотар шудан номи дармонгоҳи рақами 41-ро гирифт, ронанда аввал каме ҳайрон шудаву ба фикр фурӯ рафт ва баъд мошинро ба пеш ронд. Мусофир, ки борхалтаҳои дасташро ба курсии пушт нагузошта, онҳоро аз вақти нишастанаш дар курсии пеши ронанда ҳам аз даст раҳо намекард, шояд якбора ҳайрону хомӯш шудани ронандаро ҳис накард. Ҳамин гуна хомӯш ба дари даромадгоҳи шинос расиданд. Ронанда нагуфт, ки манзили иҷораи ӯ ва ҳамсари наваш айнан дар ҳамин бино ва ҳамин даромадгоҳ аст. Аз тирезаи хонаи иҷораи ҳамсараш чашм намеканд. Як рӯшании пасте хонаи хоби ӯву ҳамсарашро, ки тирезааш аз тарафи роҳи калон буд, ба зӯр рӯшан кард. Ӯ тахмин кард, ки касе чароғи роҳравро фурӯзон кард зеро фақат он вақт ҳамин гуна рӯшании хира ба хонаи хоб ворид мешуд. Шубҳааш бештар гашт ва боварӣ ба ҳамсари наваш комилан гум шуд….

Ин ҳама дар ҷавоб ба муҳаббати ӯ аст? Охир ӯ бо исрори ҳамин зан аз ҳамсар ва ду фарзанди нозанинаш ҷудо шуд. Ӯ ҳатто модарашро дар қишлоқ ба хотири ҳамраҳӣ бо ҳамин зан танҳо гузошта, дар шаҳр иҷоранишин шудааст. Охир ӯ ҳама гуна таваккалро фақат ба хотири рушди кору бори ғайриқонуниву бебаракати ҳамин зан ба дӯш мегирад. Ӯ ба хотири ба даст овардани дили ҳамин зан ва ризоияти ӯ ҳатто як қанду ширинӣ ҳам барои фарзандонаш намебурд. Ҳама гуна таънаву таҳқирро ӯ ба хотири «ишқу муҳаббат» нисбат ба ҳамин зан таҳаммул мекард…

Корди дасти ронандаи такси дар зери нурҳои маҳтоб ва рӯшании болои дари даромадгоҳи бино дурахшид. Тақ-тақи сахти дарро шояд ҳамсояҳои дигар ҳам шуниданд. Дер кушода шудани дар шубҳаро дар дили ӯ бештар ва оташи рашкро фурӯзонтар кард. Акнун ӯ дарро бо таҳдид ва садои баланду таҳқиру дашном ба унвонии ҳамсараш, бо пояш ва бо тамоми қувва мезад. Баробари кушода шудани дар сари эҳсос кордеро, ки дастааш дар кафи дасти ӯ арақ кардаву лағжонак шуда буд, як ду бор ба шиками ҳамсараш халонд. Бо ин тарз ӯро аз роҳрав канортар карда, ду дари қатори роҳрав ва баъд дари хонаи хобро кушод. Ҳама ҷо холӣ ва беодам буд.

Садои нолаву фиғони зани кордхӯрда, ки бо кафи дастони лоларангаш ҷойҳои хуншори баданашро медошт, ба гумони ғолиб ба гӯшаш намерасид. Дар бозгашт, миёни роҳрав кушода шудани дари ҳамсояро эҳсос кард. Зани ҳамсоя пештар ва ҳамон марди мусофир, ки худаш ӯро чанд дақиқа пештар бо таксиаш то таги бино оварда буд, дар погаҳи дари ҳамсоя ба чашмаш расид. Он марди мусофир меҳмони хонаи ҳамсоя буд. Хун дубора ба сараш зад. Дигар барои шарҳу тафсир вақт намонда буд…

Вақти ҳаракаташ аз роҳҳои ҳамшафати кӯчаи асосии шаҳр чашми ӯ аввал ба мошини ёрии таъҷилӣ ва баъди чанде ба мошини бо суръат ҳаракаткунандаи пулис расид. Хайёл мекард, ки ба ҷуз ӯ дигар тамоми шаҳр ҳоло ба ҳамон як самт ҳаракат доранд. Ҳамон самте, ки ӯ чанд сол ё шояд дигар ҳамешагӣ ба он самт ҳаракат кардаву рафта натавонад…

Хабари шум аз радио келини маскуншуда ва кампири канораш нишастаро андӯҳгину гирён кард. Дарди кампир ҷигарсӯз буд, вале ба ҳар сурат чун маълум буд, ки самимона мехоҳад андӯҳу ғами собиқ келинро як андоза камтар кунад, бо ҷамъ кардани тамоми нерӯ гуфт, ки «гиря накун келин, ту ҳама имтиҳони ҷиддии ҳаётро гузаштӣ, ту сад мушкили сунъӣ эҷодшударо пушти сар кардӣ, ту вафову садоқататро исбот кардӣ…ту дигар МАСКУН нестӣ…»

Чӣ метавонад зеботар аз муҳаббат ва дӯстдориҳои келину хушдоман бошад, чӣ метавонад ширинтар аз меваи сабр бошад, чӣ метавонад хостанитар аз тамошои бозии тифлони маъсум бошад?! Ва чӣ метавонад ширинтару созандатар ва ҳам сӯзандатар аз ишқи аввалу бахти аввал бошад!? Кӣ шубҳа дорад, ки ҳар амалеро подоши сазовор интизор аст?! Кӣ метавонад аз ҷазои қисмат гурезад?…

Шояд аз зеҳни кампиру келину набераҳо ҳоло ин пурсишу ҳамин гуна андешаҳо мегузаранд. Андешаҳое, ки ҳамин лаҳза ё шояд дертар ба зеҳни кадом бемор ё кадом гумонбар дар ҷиноят ҳам биёянд…

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти