Қариб панҷ сол аст надидамаш…
Бале, ҳамон хушрӯйро, меҳрубонро, ғамхорро…
Субҳ.
Намедонам кадом нафас тозатар буд — нафаси субҳ ё нафаси ӯ? Намедонам кадомин нармтару гармтар буд — курпаи рӯям ё дасти ӯ ба рӯям? Намедонам роҳҳо росту ҳамвор буданд ё дуои хайри ӯ мустаҷоб мешуд? Вале медонам, ки кулчаи субҳи содиқ пухтааш (аз хамири шаб шуридашудаву нимишаб бо гармии нигоҳҳояш расидаву рӯ гирифта) ба даҳони донишҷуйи он вақт нимасер маззаи дигар медод. Шояд субҳ аз он пуртаровату пурбаракат аст, ки ӯ ва онҳо бедоранд, ӯ ва онҳо дар намозанду дар дуо …
Нимарӯз
Гиряҳояшро ман сари дастурхоне, ки ҳама чӣ дошт, ёд дорам. Ҳама чӣ ҳам ки буд, ҳама касеро, ки ӯ мехост гирди он дастурхон бубинад, намеёфт. Фикр мекард, оне, ки ҳама чиро барои рӯйи дастурхони ӯ бо обилаи кафи даст ва дар ҳавои сарди мулки ғарибӣ муҳайё кардааст, ҳамин ҳоло гурусна аст. Шояд ин тавр набуд, аммо ӯ ҳамин гуна хаёл мекард…
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Рӯзи модар, Файзобод, алам, волидон, китобҳои Субҳон Ҷалилов, модар, оча, очаҷон, рубоёти модар | Leave a comment »









