Ними шаб садои рӯҳнавозе аз соишу расиши нохун ва торҳои гитор фазои кулбаеро, ки дар як кунҷаш ман дароз кашидааму дар кунҷи дигараш ту нестӣ, пур мекунад…
Китоби ошноии мо пури ҳаводисест, ки дар баёни он до, ре, ми, фа, сол …гиря мекунанд, мисли ҷавонписари навхате, ки рӯзи туйи дӯстдоштааш аз туйхонаи деҳаи ҳамсоя ноумед лаб-лаби замини кишти колхозӣ то хона пасту бесадо, пинҳонӣ вале бо алам бунга мекашад…
Ва ту меоӣ. Як даста шамъ ба даст, дар суроғи ин кулбаи сарду бечароғ меҳмонии хобҳои ман…Касе (душмане) маро маҷбур мекунад, ки бедор бошам ва то бомдод бо пушти ангуштон ҳавру буғи тирезаҳои ин кулбаро фақат ба хотири рӯшан сохтани роҳи омаданат пок кунам..Вале ту аз дар вуруд намешавӣ.. Ту ки ба хоб омаданиӣ ва ман ки хоб надорам. Чӣ тазоде…!? Балки дарде…!?
Дарвоқеъ, ин чӣ дард аст, ки ба феҳристи дардҳо ҳанӯз ворид нашуда? Чӣ эҳсос аст, ки касе онро сурурангез ва каси дигар дардовар унвон карда? Ва шояд барои гурӯҳи сеюмӣ он дар як вақт ҳам дардовар ва ҳам сурурангез аст?!
Ва ҳис мекунам, ки ҳама чизе, ки аз ман асту маро иҳота карда, пури пур аст — чашм аз гиря, дил аз алам, кӯча аз сардӣ, хона аз танҳоӣ, лаб аз суханҳои ногуфта…Айнан ҳамон гунае, ки ҳама чиз бо холӣ шудани канорам аз пайкари гарму бағалзебат холӣ шуда — чашм аз нур, дил аз умед, кӯчаву роҳҳо аз сояату хона аз накҳату садот ва лабонам аз ҳарфи бовар…
Дар қуттии дорувор вазъ мисли он аст, ки дар миёни андешаҳоям. Титу парешон…Онҷо ҳамон доруи хобовар нест ва инҷо андешаи таскинбахш падид наомада…Ва ҳама ҳаббҳое, ки андешаҳои роҳатро ба бор меоранд (ё шояд андешаҳои нороҳатро аз ёд мебаранд), дигар ба ҷисмам таъсир надоранд, чун дарди ишқат кӯҳна шуда ва ҳам табиби ман пештар аз он, ки ташхису тавсияву давову табобат кунаду ман шифо ёбам, тарки касбу кораш карда…
Ва ман имшаб қасди худро аз тору пуди ин асбоби бегуноҳ мегирам. Ҷигари бе ин ҳам сӯхтаи гитор бо иҷрои оҳанги ғамолудаи ҳиҷронат ҳамсони дили хуншору ҷигари ошиқи бечорае пора-пора мешавад….
Ва ҳамсоязани як ошёна боло дар WhatsApp-чати ҳамсояҳо, ки пури арзу шикоят аз ҳамдигару дигарону дагарон аст, ба номам шикоятнома менависад — «Субҳон, беҳтар нест, ки дар моҳи мубораки Раҷаб тавба кунӣ…?!»
Хоб акнун, мисли пайкари ошиқи нокоми шохи дарахте ё болори ҳезумхонае ба мижжаҳои боло овезон мешавад ва мисли он, ки ман ба ҳам омаданро бо ту сад сол аст, интизорам, онҳоро ба висоли мижжаҳои қатор истода дар бари поёни чашми ба роҳат интизор мерасонад…

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: гитара, ишқ, таронаи ошиқона, хоб, шаб |












Добавить комментарий