Пешниход (8)

     Замин дар хама давру замон василаи рузгузарони ва имконияти бехтар сохтани вазъи оилави буд. Заминдорон дар гузашта хам сарватманд буданду имруз хам. Дар гузашта агар заминдорон онро бояд кишт мекарданду хосил мегирифтанд ва ё акалан ончо рамаи худро мечарониданду баъд пулу сарват меёфтанд, имруз бошад, заминхои холи хам (масалан агар таваккуфгохи мошин шавад) метавонад ба сохибаш даромад орад. Вале то солхои 90-ум ин мавзуъ — чудокунии китъаи замин ва хариду фуруши гайриконунии он то ин хад дог набуд.  Ба хар сурат мардум бовари дошт, ки барои чудо кардани китъаи замин ва гирифтани ордери хона аз руйи навбат ба хадде, ки имруз аст, азоб намекашад. Холо барои хар ду чониб  – хам рохбарони нохияхо ва хам мардуми одди осон нест. Мардум аксаран бояд ким кихоро кофтаву ёфта,  восита кунаду ба назди раиси нохия равон кунад ва ё уро ягон хел барои гирифтани китъаи замин истифода барад. Бечора раиси нохияи хам бояд саду як хиллаву истеъдодашро истифода барад, ки шиносу хешу табораш хафа нашавад. Читать далее →

Дастури амал хангоми селу обхези

Мо дар кишваре зиндаги мекунем, ки кухсори бештар дорад ва руду дарёаш низ кам нест. Хамасола холатхои обхези ва омадани сел дар манотики гуногуни кишвари мо рух медихад, боронхои бахори роху курпукхоро вайрон мекунад , ба мардум хисороти зиёде мерасонад ва хатто талафоти чониро хам ба бор меорад. Рост аст, ки инсонхо баъзан дар холати офатхо барои тасмим гирифтан хатто вакт хам намеёбанд, рост аст, ки баъзан хачми офат ба маротиб бештар аз кудрати пешгири ва неруи инсонхо аст, аммо тахмин мекунам, ки дар ин катор омилхои дигаре хам хастанд, ки дар вакти офатхо  сабабгори вайронихои бештар мешаванд.  Ман чанд намунаро бароятон меорам. Худатон казоват кунед, ки чи андоза онхо метавонанд ба хисороти бештар ва зарар ба мардум сабаб шаванд:  Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти