Замин дар хама давру замон василаи рузгузарони ва имконияти бехтар сохтани вазъи оилави буд. Заминдорон дар гузашта хам сарватманд буданду имруз хам. Дар гузашта агар заминдорон онро бояд кишт мекарданду хосил мегирифтанд ва ё акалан ончо рамаи худро мечарониданду баъд пулу сарват меёфтанд, имруз бошад, заминхои холи хам (масалан агар таваккуфгохи мошин шавад) метавонад ба сохибаш даромад орад. Вале то солхои 90-ум ин мавзуъ — чудокунии китъаи замин ва хариду фуруши гайриконунии он то ин хад дог набуд. Ба хар сурат мардум бовари дошт, ки барои чудо кардани китъаи замин ва гирифтани ордери хона аз руйи навбат ба хадде, ки имруз аст, азоб намекашад. Холо барои хар ду чониб – хам рохбарони нохияхо ва хам мардуми одди осон нест. Мардум аксаран бояд ким кихоро кофтаву ёфта, восита кунаду ба назди раиси нохия равон кунад ва ё уро ягон хел барои гирифтани китъаи замин истифода барад. Бечора раиси нохияи хам бояд саду як хиллаву истеъдодашро истифода барад, ки шиносу хешу табораш хафа нашавад. Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: деха, замин, заминсози, кишлок, лоихаи сохтмони, накшаи сохтмон, пешниход, проект, хариду фуруши замин | Leave a comment »










