28 феврали соли 2011

    Мо одатхои хуб зиёд дорем. Шояд бештар аз одати нохубамон. Баъди он  ки куфл аз лабхо бо шикастани сохтори шурави шикаста шуд ва кушишхои ошкоро гуфтан аз чониби як -ду босаводу колабшикан анчом дода шуд,  хама гумон кард, ки метавонад хама чиро гуяд ва бо хама кас дар хама мавзуъ бахс кунад. Баъди якчанд сол аксарият, ки доираи фахмиши худро на он кадар васеъ ёфтанд, аз бахсу бе фоида гуфтан  дур шуданд ва хам холо онхое, ки дигар дарк кардан, ки хамсухбатхо аксаран гуфтаи онхоро намефахманд, дигар намегуянд. Аммо онхое, ки фахмиши хеле танг доштанду доранд, холо хам хар кучо, ки ду касро дар сухбат ёфтанд, бахсеро ба миён меоранд ва дар он хама гуна андешаи дигаронро инкор мекунанд. Мушкил ва бадбахти хамин аст, ки барои онхо мавзуъ мухим нест -кайхон аст он, геология аст, чанги шахрвандиву «маршировка»-и донишчуён ё  вазъияти Либияву Миср аст… Аммо он руз андешаи як донишмандро хондам, ки гуфтааст: «Агар хохи ки туро гуш кунанд, хомуш бош!!!»

Имруз дар мавриди «роххои шлагбаумдор», сабаби дар кучахои шахр набудани мардуми мансабдор ва сарватдор, андоз аз хучрахои махбасхона ва духтарони паричехраи точик навиштаам. Читать далее →

Чаро барф сафед аст?

        Барф сафед нест. Барф аз кристалхои ях дуруст шуда ва анбухи онхо сафед ба назар мерасад, дуруст монанди резаи шишахое, ки анбухи онхо сафед ба назар меояд.

Нур боз хам монанди шиша, аз бахше аз сутухи яхи донаи барф мунъакис мешавад ва ранги хосеро бозтоб медихад. Хангоме, ки микдори зиёде барф анбошта шуда бошад ва аз руи хар вачхи хар донаи барф бахше аз нур мунъакис шавад, ин нур ба нукоти атроф бозтоб ёфта ва дубора бармегардад. Аз он чо ки хамаи рангхо такрибан ба мизони мусови пароканда хастанд, анбухи барф сафедранг ба назар мерасад. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти