Бензин. Баҳор ва Барф

Мавзӯи сӯҳбатхои чанд рӯзи охири мардум дар кишвари мо – ин аввалтар аз ҳама боло рафтани нархи бензин ва илова бар ин камчин шудани он аст. Чун расман дар ин маврид иттилоъ камтар аст, чун воридкунандагон тамоман дар ин бора дар ягон чо изҳори назар намекунанд ва чун бисёриҳо дар мавриди чӣ ҳолату вазъ будан маълумоти дақиқ ва кофӣ надоранд, сару садоҳо дар ин замина бештар мешавад ва ҳар кас, ки аз иқтисоду тиҷорату воридоту содироту нозукиҳои дигар бехабар аст, ба он овозаву тахминхо чизе аз худ илова карда, ба каси дигар ва ё ҷойи дигаре баён мекунад. Маълум аст, ки ҳоло тахмину гумонҳо ва ҳатто шубҳаҳо ҳам ин мушкилро рафъ карда наметавонад. Вале ҳароси ронандагони оддӣ он аст, ки камчинии бензин ҳатман боиси болотар рафтани нархи он мешавад ва ронандаи оддӣ бовар намекунад, ки аксарияти нуқтахои фурӯш, ки то дина рӯз бензин дошт, имрӯз надошта бошад. Ронандахо ку систернахоро тафтиш карда наметавонанд?!

Читать далее →

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил-Портленд (14)

Имруз мо ягон вохури ва сухбати расми надорем. Гайр аз Александр (махаррири газетаи «Вечерный Бишкек»),  ки баъди бемори ва чарохиаш акнун бояд бештар истирохат кунад, дигарон барои сафар ба як лагери лижаронон дар доманаи кухи Mount Hood тайёр мешавем. Баъди он мо осорхонаи The Museum at Warm Springs –ро тамошо хохем, ки ба таърихи ташаккули кабилаи  Warm Springs –и амрикои бахшида шудааст.

Махз дар хамин сафар бо дидани куху теппахои пури сузанбарг ман дарк кардам, ки чаро дар раками мошинхои ронандахо дар Портленд ва умуман иолоти Орегон махз сузанбарг тасвир шудааст. Боигарии куху ёллаи онхо хамин дарахт будааст. Канори роххо хонахои хурду зебоеро мебинам, ки миёни чангалзор сохта шудаанд. Аксарият инчо хона-вагонхои худро пушти мошин баста, то нуктаи дилхохашон мераванд. Мо кариб ду соат бо мошин рох тай кардем. Дарахтону мавзеъхои барфпуш огоз шуданд. Харчанд, ки хаво сарду токатфарсо нест, вале мардум бо пушидани либосхои зимистона ва бо гирифтани хама олоту ашёи худ –лижаву айнакхои барфиву дастпушу сарпушхои гарм суйи хамон лагер харакат доранд. Читать далее →

15 январи соли 2011

    Ин сахифаро як муддат омода карда натавонистам. Гох вакт намеёфтам ва гохо хохиш надоштам. Имруз хам вакт ёфтаму хам хохиши чизе навиштан пайдо шуд. Ё ин шояд таъсири барфи аввал буд?  Барфе, ки кудаконро бештар шод кард… Аммо мо – насли калонсолтарро  дигар барфи деринтизору Бобои Барфи ва хатто «старый Новый Год» хам наметавонад хурсанд кунад. Зеро мо дар сохтакорихои худ гум шудаву гумон мекунем, ки манбаи шоди ва хушихо барои мо  дар ким кадом дури ва баланди аст! Кудакон бошанд, дигаранд. Онхо медонанд, ки шоди ва фарах гох дар хоку сангу чуб ва гохо дар барфу об аст, хеле наздик ба онхо ва хам дастрас… Читать далее →

Чаро барф сафед аст?

        Барф сафед нест. Барф аз кристалхои ях дуруст шуда ва анбухи онхо сафед ба назар мерасад, дуруст монанди резаи шишахое, ки анбухи онхо сафед ба назар меояд.

Нур боз хам монанди шиша, аз бахше аз сутухи яхи донаи барф мунъакис мешавад ва ранги хосеро бозтоб медихад. Хангоме, ки микдори зиёде барф анбошта шуда бошад ва аз руи хар вачхи хар донаи барф бахше аз нур мунъакис шавад, ин нур ба нукоти атроф бозтоб ёфта ва дубора бармегардад. Аз он чо ки хамаи рангхо такрибан ба мизони мусови пароканда хастанд, анбухи барф сафедранг ба назар мерасад. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти