14 майи соли 2011

  Имруз шоир Хайрандешро дар вохурие бо хонандагони Гимназияи Донишгохи Давлатии Тичорати Точикистон хамрохи кардам. Бори аввал вориди он муассисаи таълими шудам. «Берунаш» хам устода «кушт»-у хам маро! Мо дар зиндагии худ факат эчодкории кам дорем! Тамом! Дигар пули каму имкони кам бахонае беш нест! Бахоначухо! Мархамат ба Донишгохи Давлатии Тичорати Точикистон! Онхо хам дар хамон шароите зиндаги мекунанд, ки Шумо хам доред, онхо хам бензинро 6 сомони мехаранду гуштро кариб 30 сомони, онхо хам пули барку обу замин медиханд…Аммо як бор лоакал ба хавлии он ворид шаведу бубинед, ки аз хавлии коргохи шумову муассисаи шумо чи тафовут дорад? Дасти касе  дар гулгулшукуфии он муасиисаи таълими расидааст, ГУЛ аст. Дасташ ГУЛ аст! Офарин!!!

Имруз дар мавриди зердастони бепарво, фолбинхои хукумати, ишктуфанг, истифодаи вазелин ва муъчизаи телевизион навиштаам! Читать далее →

10 нуктаи мухим барои як рохбари муваффак!

   Рости гап, ман чанд муддат аст, ки дар мавриди симои рохбари точики  як чизе навиштани хастам. Чи навиштани хастам, хозир хатто барои худам мушаххас накардаам. Аммо менависам. Хатман! Менависам, ки чаро гурусначашмтарин, берахмтарин, магруртарин ….рохбару рохбарчахо факат хаминчо хастанд? Чаро? Чаро агар гуи, ки аз кор мерави, душманат мешаванд? Чаро агар маошатро талаб куни, бадат мебинанд? Ва боз дар мавриди хазор чарои дигар менависам. Агар насиб бошад! Аммо холо ин чо баргардони як маводеро аз хатти форси  дар хамин мавзуъ  мегузорам. Умедворам, ки ба он таваччух мекунед! Читать далее →

15 ноябри соли 2010

       Фардо Иди Курбон аст. Иди мардуми «савдогар»  бошад, як хафта пештар сар шуда буд! Имруз мардуми хосу ом аз киммати ва болоравии нархи гизо шикоят мекунад. Бояд гуям, ки хама кору бор ва амалу беамали дар заминаи аклу фаросати комил ва донишу фахмиш сурат мегирад. МАРДУМ!!! Шумо аз нафаре, ки шиками гуруснаи худашу кудаконаш уро точир кардааст, аз нафарере, ки баъди санчидани хама касбу кор ба тичорату ба бозор ру овардааст, аз касе, ки намедонад саноат чи асту истехсолот чи аст, аз касе, ки бояд барои 6-7 фарзандаш дар хобгох ё манзили ичора ва хам барои 7-8 нафар пайвандаш ба деха пулу гизо бифиристад, аз касе, ки пахлуяш будани писар ё духтари мактабхонашро болотар аз дарси мактаб медонад, аз касе, ки дар байни каторхои бозор дар миёни сад чангу гарду инфексия гизои дар номаълуми ва номуайяни омодашударо мехурад, аз касе, ки дар бозор факат газетахои пури афсонаро мехонад, аз нафаре, ки гайр аз чор гушаи зодгохашу ду гушаи ин шахр чои дигареро надидааст, аз касе, ки ба хама овозаву дарвоза бовар карда, онро то кучаву махаллаву хобгохаш  чанд чиз аз худ илова карда мебарад, аз нафаре, ки хангоми доштани пули зиёд хам доим аз бечораги, набудани савдо ва пулу даромад менолад…. чиро интизор хастед???  

Имруз дар мавриди манфиати жилетт  барои занхо, «сабабхои узрнок», чазохо дар миёни рох ва аз даст рафтани бизнесхои пешрафта навиштаам! Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти