Аз ҷамъи лабҳое чун лаби бому лаби ҷару лаби чакдону лаби роҳу лаби чоҳ, лаби чашмаву об ва лаби ёр — қариб ҳама хавф доранд. Чун аз лаби бому лаби ҷару лаби об зиёд касон огоҳу нохудогоҳ сарозер шудаанду аз лаби роҳҳо нопадид… Кам набуданд касоне ҳам, ки аз қошу лабу лунҷи ёр аввал ба шикам рӯйи шикаму баъд ба фук пеши пойҳои сутунчамонанду кафшҳои занонаи чиниву туркӣ фитоданд…
Яъне, лаб-лаби лабони хати қирмиз дошта бепарвову бе ӯҳдадорӣ гаштан ба ҳадди убури беиҷозаи заминҳои мансабдоре, ки ихтиёри идорааш ба дасти ким-кадом шахси ошнои дар нақши деҳқонбуда аст, ҳам хатарзосту ҳам саволу ҷавоб дорад…
Ва лаби об аст, ки ҳазорон асрори ошкору ниҳони мардумони шаҳргурезу коргурезро дидаву ба дил ниҳон медорад, лаби об аст, ки сарфи назар аз ҳушдори муфаттиш дар бораи ҷавобгарӣ доштани баёноти бардурӯғ, дидаву дониста воқеъияти меҳмониҳову ҳамсафарҳову сарпарастҳоро таҳриф мекунаду пинҳон.
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: дарё, истироҳат, курпук, лаби об, моҳигир, соҳил, танга, қиссаҳо | Leave a comment »










