Аз ҷамъи лабҳое чун лаби бому лаби ҷару лаби чакдону лаби роҳу лаби чоҳ, лаби чашмаву об ва лаби ёр — қариб ҳама хавф доранд. Чун аз лаби бому лаби ҷару лаби об зиёд касон огоҳу нохудогоҳ сарозер шудаанду аз лаби роҳҳо нопадид… Кам набуданд касоне ҳам, ки аз қошу лабу лунҷи ёр аввал ба шикам рӯйи шикаму баъд ба фук пеши пойҳои сутунчамонанду кафшҳои занонаи чиниву туркӣ фитоданд…
Яъне, лаб-лаби лабони хати қирмиз дошта бепарвову бе ӯҳдадорӣ гаштан ба ҳадди убури беиҷозаи заминҳои мансабдоре, ки ихтиёри идорааш ба дасти ким-кадом шахси ошнои дар нақши деҳқонбуда аст, ҳам хатарзосту ҳам саволу ҷавоб дорад…
Ва лаби об аст, ки ҳазорон асрори ошкору ниҳони мардумони шаҳргурезу коргурезро дидаву ба дил ниҳон медорад, лаби об аст, ки сарфи назар аз ҳушдори муфаттиш дар бораи ҷавобгарӣ доштани баёноти бардурӯғ, дидаву дониста воқеъияти меҳмониҳову ҳамсафарҳову сарпарастҳоро таҳриф мекунаду пинҳон.
Лаби об аст, ки ба оби бо кунҷкобӣ сар ба соҳил зада, мисли зани ҳамсоя, ки бо шунидани садои бугу магуйи ҳамсояаш аз сари девор калладикак мекунад, ягон асрори меҳмонони кӯҳнаву навро боз намекунад, балки бо садову шарфаи ҳамон об ҳам ҳарфҳои дар соҳил даҳонбагӯш гуфтаро пахш мекунаду нофаҳмо мегардонад ва ҳам осори хунҳои дар соҳил аз сару рӯй ва ҷисми масту ҳушёр рӯйи сангу болои сабза рехтаро мешӯяд….
Касе ҳисоби қиссаҳои росту дурӯғеро, ки лаби об шоҳиди он буд, надораду намедонад. Лаби об бо ин таҷрибаву иттилову асроре, ки дирӯз дошту имрӯз ҳам дар ихтиёраш аст, ҳатто чени як муаллими ҷавони мактаби деҳа, ки лаб-лаби об ҳар саҳар аз маркази ноҳия омадаву меравад, кӯшиш накардааст, ки меҳмонони зери сояи дарахтони соҳилро ислоҳ кунад ва баъзе орзӯҳои болохонадору иҷронашавандаашонро таҳрир созад…
Ва обҳои равон ҳазорҳо қиссаи ҷолибу хуби ошиқона, садҳо хоби сиёҳранги шаб дидашуда, мисли плёнкаҳои сӯхтаи таҷҳизоти аккосии шӯравӣ, даҳҳо орзуйи содаи фақире, ки ҳатто дилхоҳ ронандаи мошини сиёҳшишаи аз рӯйи он пул дар ҳоли гузар ҳам метавонист онро ҳал кунад ва саду як мушкили печидаи ошиқони содаро, ки то гӯши ягон равоншиносу ошиқшинос нарасид, ба сари сад санги қаъри обу лаби об задаву кӯфта, аксаран онҳоро ду пораву чанд пораву садпора мекунад. Ва боз ҳам ошиқони дигар, меҳмонони фардо ва ояндагон ҳамон ормону орзуҳои титу порашударо акнун дар шакли сангҳои рангаву сӯфта, шаклан зебову нотакрор ва ҳам ба қавле «»ракушки» аз соҳили обҳо ҷамъоварӣ мекунанду маҳфуз медоранд ё коллексия мекунанд…
Лаби об ҳамчунин шоҳиди лаҳзаҳои интизории садҳо моҳигир буда, ки агар пули чанд моҳии дар яхдони маркази савдо яхшударо, ки баъди аз қитъаи дигари олам омаданаш ҳам аз моҳиҳои оби дарёҳои дари хонаҳои мо арзонтар аст, дар кисса медошт ҳам, бозам худро аз лаззати он интизорӣ маҳрум намекард. Фақат ӯ ва боз чанд каси дигар — ҷавони ошиқ, марди табиб, зани савдогар ва пиру кампири духтардор хуб медонанд, ки интизорие, ки бо васл, бо шифо, бо фоида ва бо туй анҷом меёбад, лаззату ҳаловати бештар ва нотакроре дорад…
Умедҳо одамонро ба соҳилҳову лаби обҳо мебаранд — умеди шустушӯ ва пок шудан, умеди вохӯрӣ бо касе,, умеди ба фаромӯшӣ супоридани каси дигаре, умеди ҳавои тоза ва шифо аз маризие ва ҳатто умеди фоҷиавӣ аз ёди мардумон фаромӯш шудани худашон..
Ва дар ин роҳ, яъне дар роҳи расидан ба соҳиле ва ба канори обе, ки манбаи ҳаёт асту тимсоли рӯшноиву покизагӣ, касе ба умеди Худоашу худаш, касе ба умеди ҳамсафари боҷуръате, касе ба умеди кадом сафари тасодуфии ройгон ва касе ҳатто ба умеди чанд тин тангае аст, ки ким-кай бо мақсади бозгашти дубора бо таасуб ба ким-кадом сайёҳи бегонае ба он об партофта буд…

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: дарё, истироҳат, курпук, лаби об, моҳигир, соҳил, танга, қиссаҳо |












Добавить комментарий