Ҳамин андешаву фикр агар сӣ сол пештар ба сараш меомад, шояд он касе набуд, ки имрӯз аст. Ҳароина беҳтар аз ҳамин рӯзаш рӯз медошту хубтар аз ин шабҳояш шаб. Он замон ҷуръати бештарашу саҳнасозиҳояш аз ҳар ҷуръа май аз буфети ягонаи маркази колхоз то хонааш мисоли як филми фоҷиавӣ буд, ки гӯё сенарияи он пеши чашми мардум — раҳораҳ эҷод мешуд. Чӣ гапҳое дар мастиву ҳушёриаш мегуфтанд ва чӣ насиҳатҳое аз касу нокасҳо мешунид…Он сӯйи даҳлези гӯшҳояш гӯё ғори бетаге буд, ки ҳама насиҳату маслиҳату ҳатто таҳдидҳоро аз худиву бегона ва худиҳои кайҳо бегонашуда бенишон ва бенатиҷа фурӯ мебурд. Магар он вақт мисли имрӯз дар ҳошияи боғчаи гӯё бесоҳибашу мизу курсиҳои аз кундаи дарахт ва бо дастони ҳунарманд сохтааш талх мегирист? Албатта мегирист, аммо мардуми ҳушёр намефаҳмид ӯ чаро мегиряд?! Ва он гиряи мастона мушаххасан мисли имрӯз гиря барои худашу ба ҳоли худаш набуд…
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: ШУСТУШӮ, бомдод, зан, майзадагӣ, нимашаб, пошхӯрии ойилаҳо, хиёнат, шароб, ҷӯра | Leave a comment »









