Шустушӯ (ҳикоя)

Ҳамин андешаву фикр агар сӣ сол пештар ба сараш меомад, шояд он касе набуд, ки имрӯз аст. Ҳароина беҳтар аз ҳамин рӯзаш рӯз медошту хубтар аз ин шабҳояш шаб. Он замон ҷуръати бештарашу саҳнасозиҳояш аз ҳар ҷуръа май аз буфети ягонаи маркази колхоз то хонааш мисоли як филми фоҷиавӣ буд, ки гӯё сенарияи он пеши чашми мардум — раҳораҳ эҷод мешуд. Чӣ гапҳое дар мастиву ҳушёриаш мегуфтанд ва чӣ насиҳатҳое аз касу нокасҳо мешунид…Он сӯйи даҳлези гӯшҳояш гӯё ғори бетаге буд, ки ҳама насиҳату маслиҳату ҳатто таҳдидҳоро аз худиву бегона ва худиҳои кайҳо бегонашуда бенишон ва бенатиҷа фурӯ мебурд. Магар он вақт мисли имрӯз дар ҳошияи боғчаи гӯё бесоҳибашу мизу курсиҳои аз кундаи дарахт ва бо дастони ҳунарманд сохтааш талх мегирист? Албатта мегирист, аммо мардуми ҳушёр намефаҳмид ӯ чаро мегиряд?! Ва он гиряи мастона мушаххасан мисли имрӯз гиря барои худашу ба ҳоли худаш набуд…

Чизе пеши роҳашро намегирифт — на зани зебо ва ҳатто на тифли чандмоҳаи дустрӯ. Ҳамон дӯстеаш, ки пайваста бори дӯши вай буд, пеши назари дигарон гӯё дӯстии ҳақиқӣ ва бародариро ҷилвагар месохт. Ва ба тадриҷ ба ҷуз ҳамин дӯсташ дигар ҳама бегона шуданд ва аз ӯ буриданд. Он ҷуссаи дар кори саҳро обу тобёфта ва дар азоби сағерагӣ сахтшударо кӣ дигар метавонист бо такяи як китф бо роҳи нимахоку ним мумфарши деҳа то рӯйи ҳамон рахти хобе биёранд, ки ҳанӯз дар ҳоли қиёми офтоб партофта мешуд!? Фақат дӯсти дигаре, ки ба ҷуз лоси як ҷавони майзадаи дар буфет шиносшудааш, чанд ҳарфи тасаллӣ ҳам ба ҳамсари ҷавону зебои ӯ дошт, ки аввалҳо бо самимият янгааш мегуфт. Дӯсти шавҳараш ягон бор бо ҳамсараш ба хонаи онҳо наомада буданд, то ӯ як бор чеҳраи зани хушбахтеро медид, ки ин қадар марди хушзабону чеҳрахандонро дар канор дорад…

Муҳаббаташ гӯё ҳар шаб камтар мешуд ва онҳо ба тадриҷ аз ҳам дур мешуданд. Бо чашми одӣ ҳам дидан мумкин буд, ки ҷисми дар обу арақ ғӯтида агар як вақт бо меҳрубонии хосе рӯйи рахти мулоими хонаи хоб монда мешуд, акнун рӯйи катӣ ҳавлӣ ва баъзан ҳатто рӯйи сабзаҳои дами дарвоза гузошта мешавад. Балки партофта мешавад…

Кам ҳолату воқеае ҳаст, ки гузаштани сӣ сол ҳам онро аз лавҳи хотир кӯр накунад. Кошке он нимашабӣ бедор намешуд. Ё акалан мисли рӯзҳои дигар қариби саҳар ё ҳини рӯйи бому миёни осмон омадани офтоб бедор мегашт. Ғайриинтизор ҳамон шаб сардтар буд ва шабнами рӯйи сабзаҳо барои хоби роҳат монеъ мешуд ва ҳам саги чӯпонии уву сагони деҳа, гӯё аз зиёфати сарагроном омада буданд, ки на ҳаф мегуфтанд ва на бегонаеро пайгирӣ мекарданд. Тифли қариб яксолааш ғайриинтизори ӯ дар овлечаки кундаи зардолуи байни ҳавлӣ масти хоб буд, дар ҳамон ҷое, ки фақат рӯзона мехобид… Шояд ин дар қариб як соли охир аввалин чизи шубҳаовар буд, ки дар зеҳни аз таъсири машрубот ва фориғболиву бепарвоӣ қариб хушкидааш пайдо гашта буд. Шамоли нарм он рахти хоби тифлро якҷо бо ӯ ором пешу қафо ҳаракат медод. Мисли ҳаракату печидани пардаи хонаи хобаш. Пардаҳо он шаб танҳо чизе набуданд, ки бо ҳам печида буданд. Попӯшиҳои дӯсти то ҳамин лаҳза гӯё мутаккову такягирашро ҳам шинохт, ки пушти дараш печида мехобиданд… Нури маҳтоб ҳам дигар он ду чеҳраи шиноси рахти ошнои акнун бегонаро рӯшан намекард. Чеҳраҳои ғарқи хиёнат бошанд, якумрӣ дигар нур надоранд ку…

Бори аввал буд, ки сардӣ ба ҷонаш таъсир дошт, бори аввал буд, ки шаби деҳа ва шаби ҳавлиашро гӯё хобида буду бехоб ва бо алам назора мекард. Маҳз ҳамин шаб барои ӯ дарозтарин шаб буд, бори аввал ба дил гунаҳкор буданашро тасдиқ мекард ва бори аввал буд, ки ба он се курсии дастсохти поёни ҳавлиаш, ки ҷойи ӯву ҳамсарашу фарзандаш буду боре ҳам онҷо нанишаста буд, зери нури маҳтоб бо ҳавас менигарист. Балки бо алам ва пушаймонӣ…

Субҳ аллакай тамоми деҳа дарак ёфт, ки ҳамон ҳаёҳуйи вақти бомдод боис шудааст, ки ҳамсари ӯ тифл ба дасту чанд буғча таги каш тарки ин ҳавлӣ ва ин деҳа кардааст. Мардум ҳоло намедонист, ки ин карат он зан бебозгашт рафтааст. Ягона касе, ки дили ҳеҷ кас барояш намесӯхт ҳамин мард буд, чун дигар бо майзадагӣ ном баровардаву аз боварии мардум ҳам берун рафта буд. Ҳеҷ саре ва мағзе дар ин деҳа набуд, ки андешаи ноҷо дар бораи ҳамсари ин мард — ҳамон зани зебову меҳрубону кадбонуву ҳунарманд ба он биёяд ё дар он пайдо шавад. Ва талоши инак, сисолаи ин мард ҳам барои мастур мондани ҳамин бовар ё ихлосу эътимод аст. Ҳодисаи ҳамин шаби ҳавлии ӯро касе намедонист. Ва ҳам ҳоло аз қасами ҳамин шабаш низ барои тарки шаробнӯшӣ касе хабар надорад. Бо пеши ҳама иқрори он, ки зану фарзандаш маҳз аз шаробхории ӯ бебозгашт баромада рафтанд, ӯ ҳам гуноҳи худро шустанӣ мешуду ҳам хиёнати дӯсташрову ҳамсарашро, ки дар он ҳам бештар гуноҳи ӯ буд…

Шубҳаву нигаронӣ ва пурсишҳои пайвастаи мардумро, ки дар ин сӣ сари сол кам набуданд, илоҷе карда бартараф ва қаноатманд мекард. Душвортар аз ин чизи дигаре аст: ба саволҳои худаш ҷавоб намеёбад, намедонад, ки кирм аз бетаваҷҷуҳӣ курсиҳои аз кундаи дарахт сохтаашро мехӯрад, ё кундаи дилашро? Намедонад аз кӣ пурсон шавад, ки хиёнати дидааш сазои гуноҳҳои кабирааш буд ё натиҷаи дӯстии забонӣ? Ҳайрон аст, ки танҳоии сисолааш сазову ҷазои эҳтиром надоштан ба арзиши муқаддасе чун ойила буд ё оҳи се дарахти сабзи мевадор, ки баъди як ҳавасашу чанд рӯз табаркориаш курсӣ шуданд ва ё боз кадом кутаҳии дигараш? Ин акнун муйсафеди дар панҷоҳу чандсолагӣ пири фартут ва бемадоргашта (канори мизу курсиҳо миёни боғи беҳосилаш росту гирёну ҳайрон) намедонад, ки бо пинҳон сохтани хиёнати ҳамсарашу он бегонадӯсташ айбу гуноҳи фориғболиву ҷавониву содагиашро шӯст ё на?…

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти