Тафовути занон ва мардон

Тафовут байни зан ва мардро на факат дар либоспуши ё дар зохир дидан мумкин аст, балки тафовут байни зану мард дар зехн, эхсосот ва тафаккур низ дида мешавад.

Чунонки мухаккикон ва донишмандону равоншиносон андешахои худро дар хусуси тафовутхои зан ва мард аз назари идрок: идроки шунавои, кудрати бинои, эхсос ва идроки буёи, кудрати чашои, тафаккури ибтидои, тафаккури халли масъала, тафаккури файласуфона, аз лихози хуш ва гайра баён кардаанд. Читать далее →

Чи гуна зехни хамсарамро бихонам?

Маъмулан мо дар аѓлаб ваќт аз холат, вазъият, харакот ва оханги садои тарафи муќобиламон метавонем афкори вайро бихонем. Аммо, баъзе ваќт мо аз харфхои фарди мавриди назарамон мутаваччехи чизе намешавем. Пас, мо бояд барои мутаваччех шудани манзуру ниятхои дигарон чи кор кунем? Кабл аз ин ки ба харфхои он фард гуш кунед, бояд ба забони бадани (вазъият ва харакот) вай таваччух кунем. Замоне ки барои аввалин бор вайро мулоќот мекунед, аввалин чизе ки дар бархурди аввал бояд ба он диќќат кунед, нигох ва чашмони уст. Агар ба сурати мустаќим ба шумо нигох мекунад, лабханд мезанад, ва мачзуби харфхо ва чашмони шумо шуда, аломати хубе аст. Шумо ба тарзи хосе таваччухи ўро ба худ чалб кардаед. Читать далее →

Чанд нишонаи хиёнати як мард.(на Факат барои занхо!)

Мутаассифона, падидаи накухидаи хиёнат дар бархе аз мардон мушохида мешавад, ки дар нихоят мучиботи тахрифи равобити хонаводаро фарохам хохад овард. Дар ин кисмат ба чанд нишонаи хиёнат дар мардон ишора мекунем. Ин алоим (аломатхо) мумкин аст шуруи киссае гамангез бошад, пас саъй намоед хавоси худро бештар чамъ кунед. Читать далее →

Занхо аз мардхо чи мехоханд?

  Гумонам маколи «Занхо чизи зиёде намехоханд: аввал шавхари хуб мехоханд ва баъд хама чиз» дуруст аст. Агар дуруст хам набошад, хаёлам, ки дуруг нест. Бубинед, ки бо дигар шудани тасаввурот ва фахмиш, ки то чое ба рафтани сину сол хам вобаста аст, талаб, хохиш ва пешниходашон комилан тагир мехурад. Ин акнун аз кисмату такдиру насиби  марди пахлуяш вобаста аст, ки ба кадом самт тагир мехурад. Аз ин нуктаи назар на хамаи чудошавихои хамсарон  боиси  таассуф аст. Зеро тачриба нишон медихад, ки дар мавридхои чудогона, ки он мавридхо хам кам нестанд, никоххои дуюм бобарор ва бардавом хастанд. Марду зан хамеша — хох  дар алохидаги ва хох дар вакти зиндагии якчоя, дар талоши фарохамсозии иконоти хосса ва хубе барои худ хастанд.  Инчо маводе дар мавриди хохишхои зан аз форси баргардон шудааст, ки хаёлам шавковар аст! 

Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти