Ҳайронӣ (5)

Ҳоло, ки як навореро дидам, ин мавзӯъ ба ёдам расид ва аввалтар аз ҳама нишони сомонаеро, ки онҷо навишта шуда буд, санҷидам. Маълум шуд, ки он сомонаи расмии нафаре ки дар он навор буд, яъне соҳиби он канали ютубӣ нест. Ва ҳам барои худ баргашта маълум кардам, ки ҳоло на фақат мардуми одӣ, балки  баъзе чеҳраҳои воҳимаи ютубу инстаграму фейсбук ва ҳатто ҳамонҳое, ки моро маҷбур мекунанд, ки онҳоро чун як одами фарҳангиву босаводу блогери муваффақ қабул кунем, сайтро аз почта ва саҳифаи иҷтимоиро аз сомонаи расмӣ  фарқ намекунанд…

Читать далее →

Чанд нишонаи хиёнати як мард.(на Факат барои занхо!)

Мутаассифона, падидаи накухидаи хиёнат дар бархе аз мардон мушохида мешавад, ки дар нихоят мучиботи тахрифи равобити хонаводаро фарохам хохад овард. Дар ин кисмат ба чанд нишонаи хиёнат дар мардон ишора мекунем. Ин алоим (аломатхо) мумкин аст шуруи киссае гамангез бошад, пас саъй намоед хавоси худро бештар чамъ кунед. Читать далее →

25 октябри соли 2010

   Бо дидани имконоте, ки мардум дар самти илму техника ва технология дорад, фикр мекунам, ки чи гуна ачоиб мешуд, агар бобокалонхои мо хамин имконро медоштанд, хотирахои худро дар сахифахои интернетии худ ва рузномахои электрони сабт мекарданду барои мо боки мегузоштанд. Аммо аз суи дигар боз хамин андешаи худамро инкор мекунам: ягон чиз дигар ба мо фоида намекунад,  миллион сахифа панду насихату шеъру касидаву достон моро одам накард, машхур накард, пешрафта накард, чахонгир накард…

Имруз дар мавриди муборизаи занхо барои таваччух ба худашон, фарки СУПХОН аз СУБХОН, футболи русси, унвони «Шоири халки» ва Шоири Милли, сирри дарозумрии рассом Пикассо, табобат ба воситаи ТВ ва хар рузи равгании баъзехо навиштаам. Читать далее →

Замзама!

       Чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Оли дар огоз вокеан хам лахзаи хеле хотирмон дошт. Ё ман кам ТВ тамошо мекунам ва ё вокеан хам ин бори аввал буд, ки  аксари намояндахои мардуми ва аъзоёни хукумат Суруди Миллиро замзама мекарданд. Ё оператор-наворбардори ТВ бомахоарт буд ва ё шояд ин гуна эхсос аз он буд, ки имсол ин макоми баланди конунбарори кишвари мо 15 сола мешавад. Хар гунае, ки набошад, кормандони ТВ нишон доданд, ки намояндагони хукумат ва намояндахои мардум зери лаб суруди миллиро замзама мекунанд. Читать далее →

Дарси иловаги!

      Ман аввалтар аз хама голибони озмуни «Мактаби сол-2009» , «Кӯдакистони сол -2009», «Директории сол-2009», «Мудири кӯдакистони сол-2009», «Муаллими сол-2009», «Мураббии сол-2009» ва «Синфи беҳтарини сол -2009» -ро дар  пойтахт самимона табрик мегуям!  Аммо баъд…      Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти