Чи гуна зехни хамсарамро бихонам?

Маъмулан мо дар аѓлаб ваќт аз холат, вазъият, харакот ва оханги садои тарафи муќобиламон метавонем афкори вайро бихонем. Аммо, баъзе ваќт мо аз харфхои фарди мавриди назарамон мутаваччехи чизе намешавем. Пас, мо бояд барои мутаваччех шудани манзуру ниятхои дигарон чи кор кунем? Кабл аз ин ки ба харфхои он фард гуш кунед, бояд ба забони бадани (вазъият ва харакот) вай таваччух кунем. Замоне ки барои аввалин бор вайро мулоќот мекунед, аввалин чизе ки дар бархурди аввал бояд ба он диќќат кунед, нигох ва чашмони уст. Агар ба сурати мустаќим ба шумо нигох мекунад, лабханд мезанад, ва мачзуби харфхо ва чашмони шумо шуда, аломати хубе аст. Шумо ба тарзи хосе таваччухи ўро ба худ чалб кардаед. Читать далее →

20 ноябри соли 2010

         Мардум хама чиро дар бораи худаш ва кисмати худаш намедонад. Хайрият! Хама намедонад, ки хама  холату кору амалу фаъолият, ки дар атрофаш рух медихад, аслан ба хотири чи аст, ки онро «ташкил» кардааст, он ба кадом максад аст?  Хайрият! Аксарият намедонанд, ки  пушидаву нихони ки аз ки ва ба кадом хотир «хадя ва тухфа» мегирад! Хайрият! Моро ду чиз мекушад: ачал ва хамин ХАЙРИЯТ! Сухан хам кобилияти куштани инсонхоро дорад – сухане, ки гуфта шудааст (мисли сухани бо тамасхури Раиси як нохия ба руи сокинони он, ки пули рохро  надоред, пиёда гардед!) ва  интизории сухане, ки бояд гуфта шаваду холо касе ба забонаш наовардааст!

         Имруз дар мавриди корхои даркори ва нодаркор, накши зан ва хушдоман дар дарозумрии мард, кучахое , ки баёнгари «статус» -и сокинонаш хастанд, занхои серталаб ва серхаридор, арзиши бештари мохичае аз Мох ва хаёлу идеяхои таги хокшудае навиштаам! Читать далее →

30 сентябри соли 2010

        Ин мох хам ба поён мерасад. Ба кавли бузурге  «дили мо пур, ки рузи дигаре хаст»  ва мохи дигаре хаст. Аммо ба хубии рузи дигар ва мохи дигар бовар кардан  холо душвор шудааст. Тасаввур мекунед, ки мардум имруз аз киммат шудани орду нон ва  рохкиро нигарон аст, онхоро чори шудани лимити барк метарсонад, волидони даъватшавандахои мавсими даъват дар тахлука хастанд…….ва боз хазору як ташвишу интизорихои на хубе хар рузи хаётро гаронтар ва пурвохима мекунад…

Аммо имруз ман дар мавриди ихтирои асбоби дуругченкуни, куштани бегунохон, имтихонхои пулаки, шим ва хамсарон, хамшахрихои Исои Масех ва филмхои точики навиштаам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти