29 августи соли 2010

   Агар амиктар назар бикунем  рузхо хамаги новобаста аз боду борон ва гарду чангашон хубанд. Вокеан хам агар дар табиат хама чи хамин гуна мисли хаво тагир наёбад, хаёлам ки мардум бемору бехол мегарданд ва …мемиранд! Имруз дар мавриди писари аммаи бародарзодаи амаки угайи бобои як овозхони точик, риш, либоси аврупои ва Вазорати маъориф, аввалин Радио дар Канада, бомбаи атоми ва тахсилоти гоибона навиштаам…

Читать далее →

Робитаи рух бо хат!

Имзо ва ё соядаст хам таърихи тулони дорад ва холо бе он хеле душвор ва хатто хандаовар аст. Хануз чанд аср кабл хунармандони чопони дар хамон махсулоти сохтаашон имзо ё мухри худро мегузоштаанд, ки он хамон махсулотро бозоргир ва серхаридор мекардааст. Яъне мардум аз хамон тамга пай мебурдаанд, ки ин махсулот дасти омода шудааст ва новобаста ба киммати гаронаш онро харидори мекардааанд.  Холо хам мегуянд, ки чопонихо мухрхои ороишёфтае доштаанд, ки  аксар вакт дар бастаи калидхояшон бо худ гирифта мегарданд. Графология-илмест, ки робитаи бевоситаи хусни хати инсонро ба хислату хулку атвораш меомузад. Аз имзо хам мутахасисон баъзе чизхои ба сохиби он вобастаро фахмида метавонистаанд. Хануз император Нейрон дар бораи касе гуфта буд, ки  «ман аз ин шахс харос дорам, зеро хусни хаташ баёнгари хиёнаткории у аст!» Читать далее →

Духтари Душанбе-келини Аврупо!

      У дируз бори аввал якчо бо Зафар Абдуллоев-хамкасби мо- ба Радио омад. Дидадаро, хушсухбат ва озодандеша намуд. Уро барои фардо (яъне хамин руз!) ба эфир даъват кардем.  Зарина Точибоева ному насаби у аст. Бештар аз 15 сол аст, ки дар Аврупо зиндаги мекунад. Як замон- кабл аз чанги шахрванди ба студияи актёрии  Давлати Худоназар шомил шуда будааст. Ва хамон мехри санъату хунар баъди гардишхои зиёд уро боз овард ба Донишгохи театрии  Цюрих, Швецария. Холо у дар баробари тарчумони форси ва русси будан, мухассили соли дуюми хамин донишгох аст… Дар хамон вакте ки ваъда карда буд, омад. Ба хар сурат хаёл кардам, ки инчо таъсири хамон фарханги таъхирнописандии олмони буд, ки уро бе таъхир овард  ба  «Ватан».  Дар зер  матни кариб  дигаргун нашудаи сухбатеро меорам, ки бо у анчом додам. Он чанд акси  Заррина  аз сомонаи у ва  интихоби худаш аст.  Читать далее →

Рузе, ки буи алам дорад…

    Имсол Рузи Радио ва хам солгарди мавлуди Радиои «Ватан» бо марги бехтарин овозхон -Зулфикори Азиз рост омад.  Зулфикоре, ки бо садову бо таронаву охангаш аз рузи аввали овозхон шуданаш эфири радиоро рангину барномахои онро хостани мекард, дар арафаи Рузи Радио аз олам рафт… Читать далее →

Дахони пушида-сад танга?

    Чанд руз пештар президенти Венесуэла иброз дошт, ки барномаи нави бе вакту соатеро бо номи «Ногахон бо Чавес»  барои шунавандахои Радио пешниход хохад кард. Яъне, он барнома метавонад, дар дилхох вакти шаб ва руз пахш шавад. У гуфтааст, ки «харфи гуфтани ва мавзуъхо барои сухбат зиёданд».  Чанд вакт кабл ин президент дар барномаи дигараш — «Ало, президент»  бештар аз 8 соат бо мардум сухбат карда буд. Бе танаффус. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти