Падар. Об ва нон.

Пештар аз бомдод ҷисми ҳам хаставу ҳам ба зарби дору ба хоб моилгаштаро аз рахти роҳату гарм бо роҳи гузари шамоли Файзобод то таҳоратҷо кашидан корест на саҳл. Муҳимтарин фарз баъди он аст. Пас аз адои намоз ва вақти дуо хаёлан пеши назараш шояд ҳамаро ва маро ҳам биёрад. Худо медонад дар ҳаққи фарзандони раҳдураш, ки ҳатто рӯйи гарми модарашонро пеш аз тарки дунёву реҳлаташ надиданд, чӣ дуо мекунад!? Муҳоҷирбачаҳоро мешавад аз рӯйи дараҷаи хушбахтӣ ва саодаташон ба ду гурӯҳ тақсим кард — онҳое, ки дар маросими видоъ бо волидону наздиконашон ҳузур доштанд ва онҳое, ки ба он маросим наомаданд ва ё бо кадом сабабе натавонистанд, ки биёянд…

Читать далее →

Замзама!

       Чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Оли дар огоз вокеан хам лахзаи хеле хотирмон дошт. Ё ман кам ТВ тамошо мекунам ва ё вокеан хам ин бори аввал буд, ки  аксари намояндахои мардуми ва аъзоёни хукумат Суруди Миллиро замзама мекарданд. Ё оператор-наворбардори ТВ бомахоарт буд ва ё шояд ин гуна эхсос аз он буд, ки имсол ин макоми баланди конунбарори кишвари мо 15 сола мешавад. Хар гунае, ки набошад, кормандони ТВ нишон доданд, ки намояндагони хукумат ва намояндахои мардум зери лаб суруди миллиро замзама мекунанд. Читать далее →

Тумори нанг!

       Дар сомонаи сентразия кисми якуми  навиштаеро бо номи «Узбекистан: вызовы, угрозы, проблемы и решения»  хондам. Баъди мутолиа чанд андешаи ман бадохатан  як шакли ба рубоихои мардуми монандро гирифт,  ки бо  овардани порахо аз он мавод ин андешахоро хам меорам. Ку Шумо бубинед ва бихонед, ки  чи пайдо шудааст?! Читать далее →

Хобат набарад, ки додари маргай хоб!

         Ман як вакте кам-кам ва зиёд содда таронаву шеър (ё дурустараш чизе ба онхо монанд!) менавиштам.  Ва агар гуям, ки ба Радио  мани инжинерро хамон навиштахо овард, хато намекунам. Онхо хамон вакт хам содда буданд, мисли имруз. Ва хамин шаб баъди кариб 10 соле, ки ман ин гуна чиро нанавишта будам, аз кучое хамин гуна илхом омад. Ва уро озурда накардам… Когазпорае сиёх шуд. ..Гумонам, ки бо пешниходи он содданавиштахо Шуморо хам озурда намекунам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти