Мухочирон ва мухочират!

         Ба хама маълум аст, ки мухочират кардан ба кишвархои дигар барои кор, хусусан ба Русия чанд сол аст, ки давом дорад. Сабабхо хар гуна мешаванд, вале агар хато накунам, аксари мардуми точик, хатто занхо хам  бештар ба хотири пайдо кардани чои кор ба Русия мераванд. Мутаассифона, баъзехо гирифтори фиреби корфармо мешаванду хакки кори худро ногирифта бармегарданд, баъзеи дигар бошад бо сабабхои гуногун ё саломатии худро аз даст додаанд, ё ин ки чисми бечони онхоро ба ватанашон меоранд.     

Маълумоти поёниро ман аз сахафоти гуногуни интернет чамъ овардам, ки шояд барои шумо шавковар бошад. Читать далее →

15 ноябри соли 2010

       Фардо Иди Курбон аст. Иди мардуми «савдогар»  бошад, як хафта пештар сар шуда буд! Имруз мардуми хосу ом аз киммати ва болоравии нархи гизо шикоят мекунад. Бояд гуям, ки хама кору бор ва амалу беамали дар заминаи аклу фаросати комил ва донишу фахмиш сурат мегирад. МАРДУМ!!! Шумо аз нафаре, ки шиками гуруснаи худашу кудаконаш уро точир кардааст, аз нафарере, ки баъди санчидани хама касбу кор ба тичорату ба бозор ру овардааст, аз касе, ки намедонад саноат чи асту истехсолот чи аст, аз касе, ки бояд барои 6-7 фарзандаш дар хобгох ё манзили ичора ва хам барои 7-8 нафар пайвандаш ба деха пулу гизо бифиристад, аз касе, ки пахлуяш будани писар ё духтари мактабхонашро болотар аз дарси мактаб медонад, аз касе, ки дар байни каторхои бозор дар миёни сад чангу гарду инфексия гизои дар номаълуми ва номуайяни омодашударо мехурад, аз касе, ки дар бозор факат газетахои пури афсонаро мехонад, аз нафаре, ки гайр аз чор гушаи зодгохашу ду гушаи ин шахр чои дигареро надидааст, аз касе, ки ба хама овозаву дарвоза бовар карда, онро то кучаву махаллаву хобгохаш  чанд чиз аз худ илова карда мебарад, аз нафаре, ки хангоми доштани пули зиёд хам доим аз бечораги, набудани савдо ва пулу даромад менолад…. чиро интизор хастед???  

Имруз дар мавриди манфиати жилетт  барои занхо, «сабабхои узрнок», чазохо дар миёни рох ва аз даст рафтани бизнесхои пешрафта навиштаам! Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти