10 ноябри соли 2010

Шумо чи фикр доред? Коргари одди ба рохбар бештар ниёз дорад ва ё баракс? Бале! Корро корманд мекунад! Шумо хис кардаед, ки мо корфарморо бенихоят эрка кардаем? Шумо медонед, ки аксари онхо хаёл мекунанд, ки холо хам замони шурави ва замони плану накша ва сотсиализм аст? Шунидаед, ки онхо имруз кормандро хатто баъди аз кор рафтанаш хам тахдид мекунанду ба чархи аробааш чуб мемонанд? Шумо медонед, ки хамон одати «акачон» -гуфтану даст пеши бар доштани моро аксарияти онхо нодуруст фахмидаанд? Ба хотир оварда метавонед, ки кадом раису рохбарро барои беэхтиромиаш ба зердаст ва таъхир дар маоши корманд чазо дода бошанд? Коргохеро медонед, ки дар он кормандон ба чанд гуруху «клан» -у «чапу рост» чудо нашуда бошанд?

Пас, аз бегона чи гилла дорем? Чаро сабаби пеш нарафтанро дар дурихо мебинему аз дигарон мечуем?

Чи хуб мебуд агар сохтакори чиноят хисобида мешуд, агар саволхо ва чавобхо дуруг намебуданд, агар як гурухи эчоди иборат аз наворбардору хукукшиносу ровие факат миёни мухочирони точик мегашт ва барномахоро бо чанд забон аз хаёти онхо ва барои халли мушкилашон тахия мекард, агар дар макому вазифа мондан ё намондани раисони нохияхову шахрхо ва муовинони онхо аз ризоияти мардуми хамон минтака вобаста мебуд, хамаи сафархои хоричии мансабдорон ба кадри як донаи гандум барои пешрафти хамон сохаи онхо мусоидат мекард, агар корхои илмиеро руи даст мегирифтем, ки лоакал дар ду сол натичаашро мардум бинад…..

Аммо имруз дар мавриди чавони ва накши магзи сар дар он давра, касбхое, ки омехтаи якбора чанд касбанд, коммунизм ва пулемёт, ичораи курси, партияи «чоночон», сирри хушбахтии як марди одди ва дили поки пойтахт навиштаам. Агар фурсат доред, «Далее» -ро пахш карда, мисли бегумон ворид шудан ба ояндаи дурахшони зиндаги дар чанд сония ба сахифаи пурраи ин мавод ворид шавед!  Читать далее →

Зери хакикати абрпеч!

        Дунё баъди марги Президенти Польша, хамсари у  ва хайати баландмакоми он  чанд руз дар мавриди таёрахо ва хаводиси вобаста ба он сухбат мекард. Чанд руз пештар боз харгуше ба таёраи як хайати воломакоми итолиёи бармехурад ва хатто хавф то дарачае буд, ки он хайатро ба таёраи дигар менишонанд. Хама дар мавриди президентони худ ва таёрахои онхо фикр мекарду тахмин мезад ва чизе мегуфт. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти