Ду ҳолати як айнак

Фақат ҳамон ду ҳолат вуҷуд дорад. Ду ҳолате, ки дари сад асрори сарбастаро ба рӯйи соҳибони он шишаҳо (ва ҳам чашмони шишагиву одиву пардадору камбину ҳатто тамоман пушида) боз мекунад. Баъзан идомаҳо, ки ҳатман аз гузаштаҳо шоистатару ҷолибтару хостанитаранд, дар заминаи ҳамон ду ҳолат ба миён меоянд. Шояд «баъзан» неву ҳамеша ҳамин тавр аст. Зиндагии ҳама кас аз ҷойи вуқӯъи ҳамон ду ҳолат, ба ду тақсим мешавад — то он ҳолат ва баъди он…

Ҳолатҳои мавриди назар чанд соату рӯзу моҳ ва ҳатто сол пештар аз эътимод ва боварҳое меистанд, ки шумо аз ҳадди сазовор фаротар, зиёдтар ва бештар ба касе ё чизе доштед. Бовар ҳам гӯё намак аст, ки мо кӯҳ- кӯҳ ҳам дошта бошем, бештар аз ҳадди талаботи як дег ғизо истифода намекунем. Ва бояд накунем…

Читать далее →

Мову ҳамраҳони бераҳ

Ҳама чи муқаррарӣ аст. Шумо мисли дигаронед ва дигарон ҳам монанд ба шумоанд. Агар фикр мекунед, ки шумо аз дигарон фарқ доред, пас мушаххас аст, ки ба ҳамон андоза ва ҳатто бештар аз он дигарон ҳам аз шумо тафовут доранд… Роҳҳо якеанд, воситаҳои нақлу ҳаракат низ, пулу ошпазу нонвою ҳаммому…ҳавову қавоиди зиндагӣ низ. Фосилаи зистани мо — фосилаи интихобҳои инфиродӣ ва додаҳои қисмат аст. Чизе дар ин самт ба назар мерасад, ки аз мо вобаста аст ва чизҳои дигаре ҳам, ки аз мо вобаста нест, ба назар мерасанд. Аввалиҳо ба назари ҳама мерасанду баъдиҳо ба назари баъзеҳо…

Канори мо, ба боварам, ки ҳеҷ вакт холӣ набуда — аз камару канори падар то кӯҳу камарҳо, ки инсонро будан дар доманаву шебу фарозаш насиб мешавад, ӯ танҳо набуду нест. Баъзан ҳатто собит шуда, ки кӯҳу камар ва долу дарахт аз баъзе инсонҳо дида барои инсон ҳамраҳи хубтару беҳтар ва ҳатто наҷотбахш будааанд…

Читать далее →

Бобоҷони Шафеъ: «…Имрӯз муҳимтар аз ин мавзӯъ надорем»

Суҳбати сеюми мо бо доктор Абдуллоҳ Давлатов-духтури тоҷики муқими Москав боз ҳам атрофи коронавирус ва таъсири воксинаҳо ба инсон буд. Ба назар мерасад имрӯз муҳимтар аз ин мавзӯъ надорем, чун мебинем, ки ҳам шумори гирифторони шабонарӯзӣ дар кишвар афзоиш дорад ва ҳам шумори фавтидагон.

— Аз охири соли гузашта ҳатто дар ҷаҳон  аз мағлубияти тадриҷии КОВИД ҳарф мезаданд ва бахусус ваксинҳо умеде ба пок шудани ин беморӣ аз рӯи Замин  буданд. Дар Тоҷикистон низ чунин буд. Аз Соли нави милодӣ дигар мо ҳодисаи гирифторӣ ба КОВИД-ро ёд надорем. Аммо ба наздик шудани тобистон ин беморӣ дубора аз худ дарак дод ва ҳатто ба назар мерасад ҷиддитар аз пеш.  Чаро чунин шуд?

Читать далее →
Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти