16 майи соли 2011

  Имруз ман имтихон месупорам. Имтихон дар БДА! Имруз маълум мешавад, ки баъди  кариб ду мохи тахсил  ман хукук  ва ё ичозати  рондани мошинро дарёфт карда метавонам ё не? Вале новобаста ба ин ман чонибдори он хастам, ки махз дар кишвари мо барои ронандахои бадрафтор чазои «якумри махрум кардан аз хукуки ронандаги» чори карда шавад.  Шумо хам баъди 18-20 «вождение» дар кучахои ин шахр бо мошини дар болояш харфи «Т» дошта хатман ба хамин гуна хулоса меоед!

         Имруз дар мавриди инсонхое, ки дар таърих ва хотираи инсонхо боки мемонанд, зиндагии «сервитамин» ва сари баланди мардуми точику  точикистони навиштаам! Читать далее →

16 ноябри соли 2010

     Таърих худ ба худ адолат ва баробариро танзим мекунад. Яъне, ба сахифахои таърих агар як ду каси бо обру ва хирадманд  бо хизмат ба Ватану мардум ва дар мачмуъ ба инсонхо ворид шуд, хамзамон ду тани дигари фиребгару каллоб ва бадкеш хам ворид мешавад. Мо хох нохох дар катори Шераку Спитамен — Чингизу Темури лангро хам ба ёд дорем. Худи таърих ба  хама амалу кори  онхо гувох аст ва намегузорад, ки дар катори хамдигар онхо аз ёди инсонхо бираванд.

Якчо бо Иди Курбон хам чанд анъанаву амалу одат таърихи шудааст, ки онхоро Шумо аз ман бехтару хубтар медонед. Аммо рисолати аслии инсонхо хаёлам новобаста  ба дину ойин ва мазхаб хамон ИНСОН будан аст! Биёед, дар Иду бе Ид хам хамин чизеро, ки ман онро фикр накардааму  нагуфтаам, риоя мекунем! Ид барои Шумо ва наздиконатон муборак бошад ва ба хонадонатон саодату баракат биёрад!

Имруз дар мавриди мавлуди як марди илм,  таъсиру манфиати мачлисхо, иди касбии Субхону Сайраму Орзуи украини, аламхои як пиразани дехотии бе шавхар монда ва рохи осону арзони шикасти сохтори на коммунисти навиштаам.  Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти