Таърих худ ба худ адолат ва баробариро танзим мекунад. Яъне, ба сахифахои таърих агар як ду каси бо обру ва хирадманд бо хизмат ба Ватану мардум ва дар мачмуъ ба инсонхо ворид шуд, хамзамон ду тани дигари фиребгару каллоб ва бадкеш хам ворид мешавад. Мо хох нохох дар катори Шераку Спитамен — Чингизу Темури лангро хам ба ёд дорем. Худи таърих ба хама амалу кори онхо гувох аст ва намегузорад, ки дар катори хамдигар онхо аз ёди инсонхо бираванд.
Якчо бо Иди Курбон хам чанд анъанаву амалу одат таърихи шудааст, ки онхоро Шумо аз ман бехтару хубтар медонед. Аммо рисолати аслии инсонхо хаёлам новобаста ба дину ойин ва мазхаб хамон ИНСОН будан аст! Биёед, дар Иду бе Ид хам хамин чизеро, ки ман онро фикр накардааму нагуфтаам, риоя мекунем! Ид барои Шумо ва наздиконатон муборак бошад ва ба хонадонатон саодату баракат биёрад!
Имруз дар мавриди мавлуди як марди илм, таъсиру манфиати мачлисхо, иди касбии Субхону Сайраму Орзуи украини, аламхои як пиразани дехотии бе шавхар монда ва рохи осону арзони шикасти сохтори на коммунисти навиштаам.
-
Хамин руз академик Рахим Масов таваллуд шудааст (1939)
Номуси Ватан гушаи имон бошад,
Чон додаву дар пайкари у чон бошад.
Шукрона зи ифтихору аз номусу нанг,
Имруз хама Рахиму Рахмон бошад!
-
Дар Хучанд Ичлосияи 16 Шурои Олии Точикистон даъвати 12-ум ба кори худ огоз бахшидааст (1992)
Ин хамон ичлосияи сарнавиштсози точикон аст, ки ба ороми ва суббот дар чомеа сабаб шуд. Агар аз хама нишасту мачлису ба хам омаданхо хамин гуна барои кишвар ва мардум манфиат мебуд , мо холо дар Мох «хочагии ёрирасон» медоштем!
-
Рузи кормандони Радио, Телевизион ва алока аст (Украина)
Яъне, ки имруз Субхону Фарруху Сайфуллову Комилу Орзуву Сайраму Зиёвиддини украини ид доранд.
Ва хам имруз ончо рузи алока аст. Дар ончо хам мисли инчо бе алока намешавад….
-
Уильям Томс – нависандаи англис таваллуд шудааст (1803)
Калимаи «фольклор» -ро махз у ба муошират ворид кардааст.
Вакте ки бибиам мисрахои зеро мехонад, хаёлам, ки аз ким кадом гушаи фолклор аст:
Чун девори похса нам кашидам, тоба!
Гамхои чахона дам кашидам, тоба!
Бобит, ки будак -дахам пури ханда будак,
Бе у чи чафову гам кашидам, тоба!
-
Ширкати амрикоии «Пепсико» эълон дошт, ки соли оянда дар СССР ба фуруши пепси-кола шуруъ мекунад.Бар ивази ин он ширкат хукуки фуруши аракхои «Столичная» — ро дар Амрико ба даст оварда буд (1972)
Баъди ин далел ба хамин хулоса омадам, ки СССР хамон вакт хам хамин гуна имкон дошт, ки бо хамин рох сохтори капиталистиро «фалач» кунад. Русия хам ин гуна имконро холо дорад. Дурустараш — ин ягона имконият аст! Бе кадом разведкаву сарфи маблагу накшаву стратегия сохтори кишвархои гарбиро «ба шикам» хобондан мумкин аст. Факат онхоро ба нушидани араки хуби руси одат кунондан даркор асту тамом!!!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Ичлосияи Хучанд, Рахим Масов, Рузи радио, ТВ, бобо ва биби, гарб, таърих |











Офарин бобои Субхон. Ай приколот намонди ки, намонди-да.
НравитсяНравится
I used many useful things thanks a lot for adding enough information to this Tajik address
sincerely: Hamza
НравитсяНравится