Дили оча ба бача… (ҳикоя)

Инҷо барояш ҳам меҳроб асту ҳам минбар, ки ҳатто бештар аз вақту соати намозу ибодат ҳаминҷо аз Худову арвоҳи азизону шаҳидон, ки маконашон ҳамон гирду гӯшаи деҳа асту номҳояшонро аз модару модаркалонаш шунида буд, барои худаш мадад меҷӯсту барои писараш сиҳативу амону баракат. Ва аз он минбар, ки ними деҳа метофт, саду як насиҳату тавсияву таъкидро гӯё ба гӯши он азизи раҳдураш мегуфту мехонд…

— Оча, падарам маро фаромӯш кардааст- а?

— Не, бачам. Мардҳои ҳақиқӣ очаҳошонаву бачаҳошона фаромӯш намекунанд. Фаромӯш ҳам карда бошад, маро фаромӯш кардагист…

Читать далее →

Нуру абрҳо ва ҲО-ҳои дигар

Рангу дуду абрҳои олуда ба рангу нури офтобу дуди худравҳо аз чашми панҷараҳои плостику чӯбин ба чашми ҳазорҳо кас мерасанд. Тасвирҳои осмониро, мисли ҳолатҳову манзараҳои заминӣ, ҳазор гуна шарҳ додан мумкин аст. Фақат барои шинохту тасвири он чӣ, ки табиат аз абру осмону рангҳо меофарад, нигоҳи суратгиру суратгар мебояд. Пур аст нигоҳе, ки аз он омезиш чизеро дарк намекунад, бо хира гаштан ба он сӯ ягон сурат дар зеҳнаш тасвир намешавад….

Чӣ суратҳоеро аз пораабрҳо ҳар рӯз осмон месозаду боз гоҳ бо дасти боду гоҳо бо дасти абрҳои дигари дар ҳоли ҳаракат вайрон мекунад…Ва субҳу шом ё тулӯъу ғуруб дар чанд хели ранг тар аст, махсусан ранги сурх, мисли ранги ашкҳои хунолудаи дидаи модар, ки бозгашти фарзандашро (ё аз ҷанги Гирмон, ё аз ҷанги Украин ва ё аз роҳи тармапечи кадом ағбае) интизор аст….

Читать далее →
Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти