Нуру абрҳо ва ҲО-ҳои дигар

Рангу дуду абрҳои олуда ба рангу нури офтобу дуди худравҳо аз чашми панҷараҳои плостику чӯбин ба чашми ҳазорҳо кас мерасанд. Тасвирҳои осмониро, мисли ҳолатҳову манзараҳои заминӣ, ҳазор гуна шарҳ додан мумкин аст. Фақат барои шинохту тасвири он чӣ, ки табиат аз абру осмону рангҳо меофарад, нигоҳи суратгиру суратгар мебояд. Пур аст нигоҳе, ки аз он омезиш чизеро дарк намекунад, бо хира гаштан ба он сӯ ягон сурат дар зеҳнаш тасвир намешавад….

Чӣ суратҳоеро аз пораабрҳо ҳар рӯз осмон месозаду боз гоҳ бо дасти боду гоҳо бо дасти абрҳои дигари дар ҳоли ҳаракат вайрон мекунад…Ва субҳу шом ё тулӯъу ғуруб дар чанд хели ранг тар аст, махсусан ранги сурх, мисли ранги ашкҳои хунолудаи дидаи модар, ки бозгашти фарзандашро (ё аз ҷанги Гирмон, ё аз ҷанги Украин ва ё аз роҳи тармапечи кадом ағбае) интизор аст….

Гоҳо дар ғуруб каллаҷанги пораабрҳоро аз чашми ин панҷара шоҳид мешавӣ, ки мисли каллаҷанги дӯстдорони ҷоҳу мақом бесадову бераҳмона аст. Муҳорибаи пораабрҳоро баъзан раъду барқ ҳамраҳӣ мекунад ва ғулғулаву ғалоғула гӯши осмонро кар месозад. Мисли садои соҳибони каллаҳои холӣ, ки аз бархурд бо ҳам осеби бештар мебинанд ва дарди ҷонкоҳтарро эҳсос мекунанд. Дар ин набард пирӯз фақат офтоб аст, ки агар шоҳид аст, шоҳиди суханчину иғвогар нест ва агар миёнарав аст, миёнарави беғаразу боадолатест…

Дар ҳоле, ки баҳор баъди ҳамагӣ панҷ дақиқа фаро мерасад, пушти шишаҳои ин панҷара, мисли ҳолу ҳавои сари як зани бешавҳари фармонраво, ки ҳавои баҳорӣ бештару амиқтар таъсираш карда, рӯзе чанд карат суратҳо, нақшҳо, ҳолатҳо ва ҲО…ҳои дигар иваз мешаванду тағир мехӯранд. Ва ин рӯйи хостаҳои шумо бетаъсир нахоҳад буд. Ҳадди камтарин он тасвирҳои осмонӣ ва нақшҳо дар ҳоли гурези офтоби гармнафас аз ҷое, ки нафаси аксарият онҷо сарду ях аст (ва ҳатто меҳмонони хориҷиаш ҳам аллакай ҳарфу алифборо бо ҳақорату алфози қабеҳ омӯхтаанд) барои аз ошёнаи 12 ба замин фуровардани шумо нақш хоҳанд дошт…

Аз пушти ин шишаҳо ҳазору як тасвиру кадри хубу нохубро барои як силсилафилми давомдори ҳуҷҷатӣ пайдо кардан мумкин аст. Хеле чизҳое ҳастанд, ки агар дар гузашта муқаррарӣ буданд, имрӯз ҳатто канори ҳам пайдо шуданашон хабарсоз ва ҳангомаанд. Мисли раисе, ки ҳамин субҳ бо худрави хизматӣ зани танҳои ҳамсояашро бо ду тифли боғчараваш то боғча бурду дар як он миёни чанд ҳамсояи дигар, ки намунаи ин гуна меҳрубониро ёд надоштанд, ситора шуд. Аммо аз ин панҷара наметобад, ки дили қаҳрамонҳои ин филми кӯтоҳи мустанад — он раис, ки худнамоияш аз ҳисоби андози он зан аст ва он зан, ки раис бояд доимо ва ҳамин гуна дар хидматаш бошад, дар ҳамон лаҳза чӣ мегуфт!??

Кошке дилҳову мағзҳо ҳам мисли хонаҳо ҳамин гуна панҷара медошт, ки дар ин гуна ҳолат — барои ба он як назар кардан ва дар ҳоли гарон шудани ҳавои дохилаш — барои ҳавогардонӣ онро мекушодем…

Дар ҳоли ғуруб аз пушти ин панҷара чунин ба назар мерасад, ки гӯё хиратарин пораабр, ки мисли ошиқи зор аз пушти офтоб то шом гаштаву изҳори муҳаббат кард ва ҷавоби рад гирифт, акнун дар алови рашку ҳасад ва фироқ месузад. Ё ин мисли ҳамон лаҳзае метобад, ки маъшуқа ба дари хонааш расиду ошиқ бояд аз инҷо пас гардад ва дарун-дарун дар ҳасрати он рузе, ки қуфли он дарро аз дарун мебандад, пеши чашми мардум оташ мегирад…

Рӯшантарин тасвири ҳамин вақти қариб ҳар шом аз пушти ин панҷара — сурхиву оташу сӯхтан аст — дар само сӯхтани абрҳо ва нӯг-нӯги қуллаҳо, дар замин сурхии чашми интизореву сӯхтанаш ё дар хумори кадом орзӯ ва ё аз сазои кадом амали нохуб…

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти