Тахминан ва дақиқан

Ҳоло, ки ҳам ҳаво гармтар мешавад ва ҳам табиат бедор, дар зеҳну мағз ҳам андешагардонӣ, мисли хокгардонии марди деҳқон сурат мегирад (ва бояд сурат бигирад). Ва шумо як пушти бел андешаро (хотираро, хостаҳоро, нақшаро, фикрро) аз ҷо ковок кардаву рӯйи андешаҳое, ки он қадар муҳим нестанд ё аввалдараҷа нестанд ё ҳатто бар зиёнанд, чаппа мекунед.

Чӣ қадар душвор аст, ҳатто ҳақиқат ва воқеиятро рӯ ба рӯи наздиктарин ва ҳам дуртарин кас холисона ва ошкору фаҳмо гуфтан. Тахминан (ё дақиқан) мисли васфи ноҷо, мисли нақди бо ғараз, мисли шикояти дурӯғин, мисли туҳмати маҷбурӣ, мисли рақобати носолим, мисли ваъдаи бе вафо, мисли даъвои бе далел ва мисли бепарда ва рост гуфтугӯ бо худ…

Ва аз ҳардуи ин тасмим (киштгардонӣ ва андешагардонӣ) одамон баракат ва натиҷаи беҳтар аз мавсими гузаштаву соли порро интизоранд. Мағз ҳам агар, ки ҳосил ба бор наорад, агар, ки аз мушоҳидаву таҷрибаву омӯзиш об нахӯрад, мисли ҳамон пораи замин аст, ки сертификат ҳам ки дошта бошад, ба ҷуз соҳиби муваққатиаш ба касе манфиат намеорад ва ба тадриҷ шӯразору харобазоре мешавад.

Читать далее →

Нуру абрҳо ва ҲО-ҳои дигар

Рангу дуду абрҳои олуда ба рангу нури офтобу дуди худравҳо аз чашми панҷараҳои плостику чӯбин ба чашми ҳазорҳо кас мерасанд. Тасвирҳои осмониро, мисли ҳолатҳову манзараҳои заминӣ, ҳазор гуна шарҳ додан мумкин аст. Фақат барои шинохту тасвири он чӣ, ки табиат аз абру осмону рангҳо меофарад, нигоҳи суратгиру суратгар мебояд. Пур аст нигоҳе, ки аз он омезиш чизеро дарк намекунад, бо хира гаштан ба он сӯ ягон сурат дар зеҳнаш тасвир намешавад….

Чӣ суратҳоеро аз пораабрҳо ҳар рӯз осмон месозаду боз гоҳ бо дасти боду гоҳо бо дасти абрҳои дигари дар ҳоли ҳаракат вайрон мекунад…Ва субҳу шом ё тулӯъу ғуруб дар чанд хели ранг тар аст, махсусан ранги сурх, мисли ранги ашкҳои хунолудаи дидаи модар, ки бозгашти фарзандашро (ё аз ҷанги Гирмон, ё аз ҷанги Украин ва ё аз роҳи тармапечи кадом ағбае) интизор аст….

Читать далее →
Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти