3 ноябри соли 2010

   Ман чанд муддат аст, ки  ягон чизи  зебову умедворкунандаро эхсос намекунам: дар атроф дигар сабзранги несту дар чои кор хохиши кору эчод гум шуда! Дигар факат сигор мондаасту кахва, хаёл мондаасту накша, хумор мондаасту алам…

Имруз дар мавриди ширкати Адидас, дарвозабонии Штирлиц, дипломхои гирёнчак,  сирри хушбахтии актёрони мо, аввалин зан-кайхонаварди точик ва талошхо барои мавкеъ ва парвози дарозмуддат навиштаам.  Читать далее →

21 сентябри соли 2010

     Дируз ман баъди соати 7-и субх аз хона баромадам. Канори роххо пур аз мардуме буд, ки наклиёти мусофирбариро мунтазир буданд. Аксарияти онхо донишчу буданд. Ба хулосае омадам, ки агар онхо хар субх чунин ним соату як соат интизор мешаванд, пас хохиши хондан доранд!!!  Ман агар муаллими Донишгох мебудам, факат барои хамин, ки  донишчуён бо хамин вазъи  норохаткунандаи наклиёти мусофирбари ба дарс меояд, ба онхо бахо мегузоштам. Аммо  холо хама чо факат мардуми чавону наврасро танкид мекунанд! Ин хаёлам барои он аст, ки андешаи дар мансаб будани баъзехое, ки кайхо дар нафака хастанду эчодкори ва хаёлбофиашон тамом шудааст, фаромуш гардад…

Имруз дар мавриди Рузи байналхалкии Сулх, Рузи донишчуён, хамсари Чехов ва театрхои шахси, шабпарак ва чархбол, ишорахо дар либос ва киссаи фошшудаи маъшукабозии президент навиштаам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти