Дируз ман баъди соати 7-и субх аз хона баромадам. Канори роххо пур аз мардуме буд, ки наклиёти мусофирбариро мунтазир буданд. Аксарияти онхо донишчу буданд. Ба хулосае омадам, ки агар онхо хар субх чунин ним соату як соат интизор мешаванд, пас хохиши хондан доранд!!! Ман агар муаллими Донишгох мебудам, факат барои хамин, ки донишчуён бо хамин вазъи норохаткунандаи наклиёти мусофирбари ба дарс меояд, ба онхо бахо мегузоштам. Аммо холо хама чо факат мардуми чавону наврасро танкид мекунанд! Ин хаёлам барои он аст, ки андешаи дар мансаб будани баъзехое, ки кайхо дар нафака хастанду эчодкори ва хаёлбофиашон тамом шудааст, фаромуш гардад…
Имруз дар мавриди Рузи байналхалкии Сулх, Рузи донишчуён, хамсари Чехов ва театрхои шахси, шабпарак ва чархбол, ишорахо дар либос ва киссаи фошшудаи маъшукабозии президент навиштаам. Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Лужков, ТВ, Чехов, аскарон, наклиёт, рузи сулхдонишчуён, театр, чархбол, шахри Душанбе, яхудихо | 2 комментария »









