Дируз ман баъди соати 7-и субх аз хона баромадам. Канори роххо пур аз мардуме буд, ки наклиёти мусофирбариро мунтазир буданд. Аксарияти онхо донишчу буданд. Ба хулосае омадам, ки агар онхо хар субх чунин ним соату як соат интизор мешаванд, пас хохиши хондан доранд!!! Ман агар муаллими Донишгох мебудам, факат барои хамин, ки донишчуён бо хамин вазъи норохаткунандаи наклиёти мусофирбари ба дарс меояд, ба онхо бахо мегузоштам. Аммо холо хама чо факат мардуми чавону наврасро танкид мекунанд! Ин хаёлам барои он аст, ки андешаи дар мансаб будани баъзехое, ки кайхо дар нафака хастанду эчодкори ва хаёлбофиашон тамом шудааст, фаромуш гардад…
Имруз дар мавриди Рузи байналхалкии Сулх, Рузи донишчуён, хамсари Чехов ва театрхои шахси, шабпарак ва чархбол, ишорахо дар либос ва киссаи фошшудаи маъшукабозии президент навиштаам.
-
Имруз Рузи байналмилалии сулх аст.
Сулхро ба гумони ман хамеша нафс аз байн мебарад. Барои нафаре, ки бандии нафс аст ва бо доштани хама чиз хам гурусна аст, СУЛХ пашизе арзиш надорад! Нафси бад холо инсонкуш асту сулхкуш!!!
-
Рузи донишчуён аст (Аргентина)
Донишчу! Нафаре, ки метавонад хатто замони чангу рохпаймои хам якбора дар ду майдони ба хам мукобил ошу шурбо бихурад, нафаре ки нархи сессия-санчишу имтихонхоро худаш бе кумаки кадом биржа танзим мекунад, нафаре, ки метавонад, бо галстук хатто дар гармии 50 дарача хам бе мошин ба дарс ояду телефони мобилиашро хамрох нагирад, нафаре, ки калимаи СТИПЕНДИЯ чанд дахсола аст, ки барои у архаисти аст…
-
Юрий Лужков-Мири шахри Маскав таваллуд шудааст.
Акаи Лужков, хестаст Росият,
Саду си сол ту нашин ба курсият.
Акаи Лужков, кепкат ба барут,
Ту бубин, бо напусад пусти сарут….!
-
Ольга Книппер-Чехова –хамсари А.П. Чехов ва аввалин ичрокунандаи накшхо дар пьесахои у таваллуд шудааст (1868)
Бехтарин варианти ба театру ба намоишномахо чалб сохтани мардум хамин аст, ки театрхоро ба нафароне, ки авлодашон аз 1000 нафар бештар аст, фурухта, онро хусуси кунем. Он авлод худашон пьеса менависанд, хамсаронашон дар он бози мекунад ва толорро бошад хамон хешу табору чияну хорзо пур мекунад. Театр мухимтар аз хама руи одами зиндаро мебинад!… Хоча бог дори- дорам!!!
-
Хуан де ля Сиерва –ихтироъкори испонии чархболхо (1895)
Баъзехо парвози шабпаракро дида, чархбол ихтироъ кардаанд. Аммо баъзехо парвози рухи хаставу шикасаро хам дида орому бехис ва бетафовутанд!
Холо нафаре зарур аст, ки мухаббат ва адолату низом ихтироъ кунад…
-
Яхудихои Холандро мачбур карданд,ки дар либосхои худ ишорахои муайянкунанда часпонанд (1451)
Яъне, ки хостанд мардум онхоро шиносад. Бехтар мебуд, агар баъди мансабдори дар кишвари мо хам ба либосхои мардуми аз вазифа сабукдушшуда ишорае бошад, ки акалан мардуми одди баъди мансабдори ва вазифадори хам бошад бо онхо сухбат кунанд. Вагарна холо ин кор барои онхо осон нест!!!
-
Уинстон Черчилль гуфта буд, ки 1 аскари поляк чавоби 3 аскари фаронсафиро медихад (1940)
Дар мукоисаи аскарони поляку фаронсавиву точик Черчилль чи андеша баён мекарда буд?
-
Ба воситаи ТВ Амрико сухбати пурсиши президенти хамонвактаи Амрико Билл Клинтон аз руи кори судии маъшукааш Моника Левински намоиш дода шудаааст (1998)
Кандатона занед, амрикоихо!!! Агар кобилияти тасаввур ва мукоисакуни дошта бошед, аз хамон тасаввур талхакаф мешавед, ки чи гуна ин кор мумкин аст?
-
Артур Шопенгауэр-файласуфи олмони, вафот кардааст (1860)
У дар чое навиштааст, ки «мо модарзод як хатои дорем, ки хаёл мекунем моро факат барои хушбахти зодаанд ва мо бояд факат хушбахт бошем!»
«Хар руз ид нест, ки чалпак хури» -хаёлам дар хамин радиф гуфта шудааст…
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Лужков, ТВ, Чехов, аскарон, наклиёт, рузи сулхдонишчуён, театр, чархбол, шахри Душанбе, яхудихо |













Асалом акаи Субхон. Шумо дар бораи маъшука доштани касе аз кучо ин хел маълумотро пайдо мекунед? Ба фикрам кадом руз дар бораи маъшука доштани кадом точике хам дар интернет менависанд. Хаминтавр не акаи Субхон??? ))))
НравитсяНравится
Саломалейк….Хамин тавр….Хамин тавр…:)
НравитсяНравится