Мавзӯи сӯҳбатхои чанд рӯзи охири мардум дар кишвари мо – ин аввалтар аз ҳама боло рафтани нархи бензин ва илова бар ин камчин шудани он аст. Чун расман дар ин маврид иттилоъ камтар аст, чун воридкунандагон тамоман дар ин бора дар ягон чо изҳори назар намекунанд ва чун бисёриҳо дар мавриди чӣ ҳолату вазъ будан маълумоти дақиқ ва кофӣ надоранд, сару садоҳо дар ин замина бештар мешавад ва ҳар кас, ки аз иқтисоду тиҷорату воридоту содироту нозукиҳои дигар бехабар аст, ба он овозаву тахминхо чизе аз худ илова карда, ба каси дигар ва ё ҷойи дигаре баён мекунад. Маълум аст, ки ҳоло тахмину гумонҳо ва ҳатто шубҳаҳо ҳам ин мушкилро рафъ карда наметавонад. Вале ҳароси ронандагони оддӣ он аст, ки камчинии бензин ҳатман боиси болотар рафтани нархи он мешавад ва ронандаи оддӣ бовар намекунад, ки аксарияти нуқтахои фурӯш, ки то дина рӯз бензин дошт, имрӯз надошта бошад. Ронандахо ку систернахоро тафтиш карда наметавонанд?!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Барф, Баҳор, Бензин, Субҳон Ҷалилов, мошин, нархи бензин, роҳкиро, қимматшавии маводи сӯхт | Leave a comment »










